Бойгонӣ

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС

     ВИЧ - ё Вируси Норасоии Масунияти Одам (ВНМБ) барангезандаи бемории СПИД буда, бевосита ба ҳуҷайраҳои масунияти инсон зарар мерасонад, онро хароб карда, аз қобилияти табии худмуҳофизаткунӣ маҳрум месозад.

Аз давраи сирояти ВИЧ то давраи ниҳоӣ - инкишофи СПИД аз 2 то 15 сол фосила вуҷуд дорад. То он замоне, ки ВИЧ ба марҳилаи СПИД нагузаштааст, шахси сироятшуда метавонад худро хуб ҳис намуда аз маризии худ  пай ҳам набарад.

СПИД - ё Аломати Норасоии Масунияти Одам (АНМО) бемории сирояткунанда буда, давраи охирини сироятёбии ВИЧ мебошад.

    СПИД - бемории сироятии вирусӣ мебошад. Дар натиҷаи таъсири ангезанда масунияти организм ба дигар амрози сироятӣ омосҳои бадзот суст мегардад. Ангезандаи ВНМО/ВИЧ вируси норасоии масунияти одам, дар мавриди гарм кардани 56°С - 30 дақиқа ҳамчунин ҳини таъсири маводи гандзидоӣ бефаъолият хоҳад шуд. Вирус ба таъсири нурҳои ултробунафш  устувор аст.

Манбаи сирояти бемории СПИД ё ҳомили ВИЧ аст. Аз ангезандаи СПИД дар мавриди алоқаи ҷинсӣ, истифодаи сӯзандории тамйизнашуда (хусусан нашъамандон), хунгузаронӣ сироят меёбанд. Ангезандаи ин беморӣ аз модари бемор ба тифли батн низ сироят менамояд. СПИД дар ҳоҷатхона, ҳаммом, ҳавзҳои оббозӣ, ҳангоми бӯсидан, оғӯш кардан, хӯрок хӯрдан, ҳамчунин ба воситаи сачоқ, косаву табақ, дастфишорӣ, атса задан ва газидани ҳашарот намегузарад.

Давраи инкубатсионии СПИД аз якчанд моҳ то 8-10 сол аст. Ҳарорати бадан 38°-39°С, кам шудани вазни бадан, зуд-зуд арақ кардан, дарунравӣ  ва ғайраҳо ба вуҷуд меоянд.  

Барои пешгирии СПИД риояи қоидаҳои хунгирӣ, истифодаи сӯзандору ва асбобҳои тамйизшуда, мубориза бо нашъамандон, ба кор  бурдани воситаҳои муҳофизатии алоқаи ҷинсӣ зарур мебошад. 

СПИД бемории сироятиест, ки кас бо роҳи алоқаи ҷинсии беҳимоя, истифодаи якҷоя аз як сӯзан истифодаи асбобҳои касиф ва тамйизнашудаи тиббӣ ва ғайра ба он гирифтор мешавад. Воситаҳои асосии сироятёбии хун, моеъи шаҳвонӣ, шири модари бемор мебошанд. Вируси ВИЧ бо роҳҳои  дигар, масалан, оби даҳон, арақи бадан, пешоб ва ҳоказо сироят намеёбад.

Ҳангоми ба организми инсон роҳ ёфтани ин беморӣ дар ибтидои бемории ВИЧ - норасоии масунияти бадан ба амал меояд. Яъне қобилияти ба бемориҳо муқобилат намудани организми инсон аз байн меравад. Одам метавонад муддатҳои дароз бо ВИЧ сироят ёфтани худро пай набарад ва зоҳиран пурра солим ба назар расад. Барои муайян намудани мавҷудияти вируси ВИЧ ҳатман бояд тахшис  гузаронида шавад.

Дар сурати муолиҷа накардан, бо гузаштани муддати муайян ВИЧ ба СПИД бурда мерасонад. Дар ҳолати ба СПИД гузаштани ВИЧ системаи  муҳофизатии инсон заиф гардида, одам ба тамоми бемориҳои сироятӣ оҷиз ва бемуҳофизат мегардад.

      ВИЧ ва СПИД як чиз набуда, байни онҳо фарқи калон вуҷуд дорад. Агар дар натиҷаи ташхис вируси ВИЧ ошкор карда шавад, инчунин маънӣ дорад, ки вирус дар хун ҷой гирифтааст. Ин вирус метавонад солҳои дароз дар хун боқӣ монда, сипас ба бемории СПИД мубаддал гардад. Дар аксар ҳолатҳо шахсони гирифтори ВИЧ нишонаҳои бемориро зоҳир наменамояд. Аммо бемории СПИД нишонаҳои клиникии ба худ хосро дорад.

Тибби имрӯза барои пурра табобат намудани ВИЧ ва СПИД иқтидор  надорад. Аммо доруҳои зиёде мавҷуданд, ки инкишофи ВИЧ - ро суст намуда, фарорасии СПИД- ро ақиб меандозанд.

Роҳи асоси пешгирӣ намудани пайдоиши ВИЧ ва СПИД худдорӣ намудан аз алоқаи ҷинсии беҳимоя, (ҳангоми чунин алоқа ҳатман истифода бурдани воситаҳои муҳофизаткунанда), худдорӣ намудан аз истеъмоли маводи мухаддир, хусусан аз воситаи тазриқии (яъне ба воситаи сӯзан ба организм равон намудан) - и маводи нашъадор риояи қатъии гигиенаи шахсӣ мебошад.

Инчунин мунтазам аз ташхиси тиббӣ гузашта истодани одамони гурӯҳи муайян ҳатмӣ мебошад.

Муқаддас  МАҲКАМОВА,

коллеҷи  тиббии шаҳри Бохтар
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019