Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
24 май 14:29АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
КОРУ ПАЙКОРИ СОЗАНДА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Имрӯз, 24 май, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷаласаи кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, сохторҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронии худ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 май дар ноҳияи Данғара дар семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ироа гардида буданд, такя намуда, таъкид доштанд, ки роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ дар сатҳи вилоят ва ноҳия бояд бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда барои ислоҳи камбудиҳо ва норасоии ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа раиси вилоят вазъи воқеии соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳоро таҳлил намуда, оид ба фаъолияти муназзами бахшҳои мухталиф, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, маданияти истифодаи замину об, ҳамчунин сатҳу сифати корҳои созандагиву ободонии ноҳия изҳори назар карданд.
Ҳамзамон, бо ишора ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва тағйирёбии иқлим, раиси вилоят зарур шумурданд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва коҳиши вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ тамоми имкониятҳо самаранок истифода шаванд.

Таъкид шуд, ки танҳо бо заҳмати содиқонаи ҳар як сокини ноҳия, бахусус роҳбарон, кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, мо метавонем ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ноил гардем.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид масъулини дахлдорро муваззаф намуданд, ки иҷрои дурнамои кишти зироатҳо, аз ҷумла пахта, картошка, ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо, инчунин кишти такрорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он таъмин карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Давлаталӣ Саид бори дигар масъулон ва фаъолони ноҳияи Фархорро ба заҳмати софдилона, азму талоши созанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва риояи қатъии қонун даъват намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



