Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАДИДАИ ОЯНДАСОЗ
“Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо, илму дониши бостонӣ, хираду заковати халқҳо ва наслҳоро зинда медорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар радифи рушду эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва ташаккули рукнҳои муҳими ба рушду маърифатнокии ҷомеа нигаронидашуда, андар замони Истиқлоли кишварамон илму маориф ва фарҳангу дигар самтҳои вобаста ба таълиму тарбияи маънавии насли замони муосир дар меҳвари сиёсати давлатдории ҷомеа қарор дода шуда, бо саъю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ташаббусҳои муҳими ояндасозӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи иқдомҳои роҳандозӣ намудаи роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати ташкилу баргузории як силсила озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар оғози соли ҷорӣ бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардид. Дарвоқеъ, ин иқдоми наҷиб ба ҷараёни омодагии ҷомеа ба озмунҳои дарпешистода такони бештар бахшида, завқу рағбати сокинони синну соли гуногунро ба китобу китобхонаҳо дучанд намудааст.
Ҳузури рӯзафзуни дӯстдорони китоб дар толорҳои мутолиаи китобхонаҳои оммавӣ, фаъолгардии маҳфилу озмунҳои гуногун дар мактабу китобхонаҳо бозгӯи оғози марҳилаи навини таваҷҷуҳ ба илму фарҳангпарварии мардум арзёбӣ мегардад, ки умед аст дар оянда аз миёни толибони илму каломи бадеъ истеъдодҳои фавқулода ва олимону адибони муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи олам зуҳур хоҳанд кард.
Дар баробари сокинони дигар минтақаҳои мамлакат имрӯзҳо дар ноҳияи Дӯстӣ таваҷҷуҳи оммавӣ ба китобхониву китобхонаҳо зиёд гардида, пиру барнои шаҳраку деҳкадаҳои ин ноҳия фориғ аз фаъолияти рӯзмарраи хеш ба китобхонаҳо ташриф меоваранд. Тибқи иттилои масъулони соҳаи китобдории ноҳия бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ, бахусус, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ҳамарӯза дар Китобхонаи марказии ноҳия маҳфилҳои гуногуни илмӣ - фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар он тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ фаъолона ширкат варзида истодаанд.
Бинобар гуфтаи Шарифҷон Кабиров, директори Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Дӯстӣ, яке аз омилҳои ҷалби таваҷҷуҳи бештари сокинон ба китобхонаҳои оммавӣ ин ғанигардонии хазинаҳои илму маърифатпарварӣ бо адабиёти тозанашр арзёбӣ мегардад, ки дар ин самт иқдомҳои муҳим рӯи кор омада истодаанд.
– Анйи замон хазинаи китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ дорои 25 ҳазору 450 нусха адабиёти бадеӣ, аз ҷумла, китобҳои бачагона мебошад. Вобаста ба ҳамзистии халқу миллатҳои дӯсту бародар адабиёти ин махзани илму маърифат бо забонҳои тоҷикӣ, туркменӣ, узбекӣ ва русӣ мебошанд. Барои сокинони ноҳия як китобхонаи марказӣ, як китобхонаи бачагона ва 13 китобхонаи филиалҳои деҳот хизмат мерасонанд. Дар баробари хазинаи пурғановати тамоми китобхонаҳои ноҳия, ки шумораи умумии адабиёти онҳо зиёда аз 92 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад, ҳамзамон, дар баробари омӯзгорону зиёиён, ҳамчунин, толибони каломи бадеъ низ дорои китобхонаҳои шахсӣ мебошанд, ки дӯстдорони китоб аз ин ҳисоб ҳам адабиёти нодирро аз даст ба дасти якдигар дарёфт намуда, мутолиа менамоянд, – иброз дошт Шарифҷон Кабиров.
Дар рӯзи дидори мо аз Китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар ин боргоҳи фарҳангу маърифатӣ аъзои маҳфили “Ашъори ноб” ҷамъ омада буданд, ки ҳамагӣ толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия мебошанд. Тавре масъулони маҳфилҳои адабии китобхонаи мазкур изҳор медоранд, бинобар теъдоди афзояндаи шавқмандони адабиёти бадеӣ аз ҳисоби наврасони ноҳия, ҳамакнун, илова бар маҳфилҳои озоди адабӣ, инчунин, ҳар рӯзи ҳафта бо иштироки китобдӯстони як муассисаи таълимӣ маҳфили шеъру сурудхонӣ доир карда мешавад.
– Боиси хушнудист, ки шуруъ аз моҳи аввали фасли баҳор дар баробари ташкилу баргузории маҳфилу суҳбатҳои шавқовари фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамзамон, дар доираи Фестивали ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон дар китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ ташкилу баргузории як силсила чорабиниҳои ҷолиб низ пешбинӣ гардидааст, – иброз дошт дар идомаи суҳбат Шарифҷон Кабиров. Ҳамзамон, ӯ илова намуд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида давоми рӯзҳои наздик мо ба муносибати 80-солагии шоир Гулназар Келдӣ, 75-солагии адиби бачагона Латофат Кенҷаева ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ бадеиро ташкилу баргузор менамоем, ки умедворам аз ин чорабиниҳои хотирмон садҳо нафар дӯстдорони каломи бадеъ баҳраманд хоҳанд гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар радифи фаъолгардонии маҳфилҳои адабӣ, масъулони китобхонаҳои оммавии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати фароҳам овардани беҳтарин имкониятҳо барои омодагии довталабон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ иқдомҳои муҳимеро рӯи даст гирифтаанд. Ташкили гӯшаҳои махсусӣ китобӣ вобаста ба номинатсияҳои низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз ҷумла, гӯшаи адабиёти классикӣ, адабиёти бачагона, адабиёти муосир ва адабиёти ҷаҳонӣ ба довталабони озмун имкон медиҳад, ки асару ашъори мавриди таваҷҷуҳи худро ба осонӣ пайдо карда, мутолиа намоянд.
Аҳли фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ бо мароми ҳамовозӣ аз иқдоми раиси вилояти Хатлон оид ба эълон гардидани “Соли фарҳанги китобхонӣ” дар ҳама китобхонаҳои оммавӣ ва муассисаҳои таълимӣ нақшаи чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангиро таҳия ва роҳандозӣ намудаанд, то дар ин соли муборак ҷиҳати маърифатнокии ҷомеа, ҷалби таваҷҷуҳи оммавӣ ба китобхонаҳо ва ба ин васила дар тарбияи маънавии насли ояндаи меҳан саҳми муносиб гузошта бошанд.
Аз ҷумла, дар ҳамин шабу рӯз дар толори китобхонаҳои оммавии шаҳраку деҳкадаҳои ноҳия бо ҷалби садҳо нафар дӯстдорони китоб як силсила чорабиниҳои шавқовари фарҳангӣ-фароғатӣ, ҳамоишҳои “Биё бо ҳам китоб мехонем”, “Хониши китобҳои бадеӣ” ва маҳфилу озмунҳои адабӣ идома дорад, ки ин ташаббусҳои фарҳангпарварона василаи муҳиме ҷиҳати рӯз аз рӯз афзудани сафи толибони каломи бадеъ ба китобхонаҳо арзёбӣ мегардад.
Мусаллам аст, ки рӯ ба фарҳангу китоб овардани ҷомеа умед ба ояндаи дурахшони илму фарҳанги миллӣ ва ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатпарварро дучанд меафзояд ва намунаи рӯшани он руҷуи бесобиқаи тамоми қишрҳои ҷомеа ё ба қавле пиру барнои кишварамон ба китобу китобхонаҳо мебошад.
Юсуфи СОБИР, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
Панҷ. Бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ дар нақша
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
ҲАМАДОНӢ. 12 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ МЕШАВАД
“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо”
Вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» сазовори ҷойи дуюм гардид
Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд
Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид
Хатлон. 21 дастаи футбол байни ҳам рақобат мекунанд
3 ҷоиза дар “Парасту-2025”