20 фев 09:25АСОСӢ / Чеҳра

МУАЛЛИМ - СИМОИ ҶОМЕА

     «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст»,- таъкид намудааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

- Дар ҳақиқат, ба номи бошарафи омӯзгорӣ на ҳар кас лоиқ шуда метавонад. Барои муаллими асил шудан шабурӯз заҳмат кашидан, лозим меояд, зеро..


То ин ки тифл хонаду соҳибҳунар шавад,

Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.


Ин ҳама ранҷу машаққатро муаллими варзида, дорандаи нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ устод Тағойбек Қодиров пушти сар намуд. 38 сол дар ҷодаи омӯзгорӣ заҳмат кашида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ин 28 сол дар ин дабистон ба сифати директори мактаб ифои вазифа кард. Садҳо шогирдонро ба камол расонд, ки имрӯз дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда кору фаъолият доранд.

- Агар ҷавон мебудед, боз муаллим мешудед, - пурсидем аз ӯ. Устод бе ҳеҷ дудилагӣ посух дод:

- Муаллимӣ беҳтарин касб аст. Банда дар ҳалқаи шогирдон худро инсони хушбахттарини рӯи олам меҳисобам.

Тағойбек Қодиров зодаи деҳаи Уялии Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон буда, соли 1974 баъди хатми мактаби миёна донишҷӯи имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи забону адабиёти тоҷик гардид. Дари илму дониш ба рӯяш васеътар боз шуд. Аз устодони номӣ, номзадҳои илму профессорон сабақ гирифт. Меҳру муҳаббаташ ба таъриху фарҳанг ва бузургони миллати тоҷик зиёд гардид. Соли 1981 донишгоҳи зикргардидаро бо сари баланд хатм намуда, ҳаёти минбаъдаашро ба мактабу маориф пайваст. Ба шогирдон забони  бузургони миллат Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Бедил, Шамсиддини Шоҳин, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва дигаронро таълим дод. Дунёи маъниро кашф намуд ва фарзандони халқро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, дӯстдории обу хоки сарзамин, Модар - Ватан ба камол расонд. Устод Тағойбек Қодиров рисолати муаллимро дар ҳамин мебинад. Муаллим вазифадор аст шогирдонро содиқона сабақ диҳад, меҳру муҳаббати ватандориро дар замири онҳо ҷой намояд.


Дарси муаллим ар - бувад, зам замаи муҳаббате,

Ҷумла ба мактаб оварад тифли гурезпойро.


Бо ибораи Пешвои миллат муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Муаллиме, ки миёни аҳли ҷомеа, ҳамдеҳагон, аҳли маориф, шогирдон соҳибэҳтиром аст, ӯ маҳбуби дилҳо мегардад, обрӯ ва мақомаш боз ҳам баландтар мешавад. Дар ҷомеаи мо бо шарофати сиёсати маорифпарварона муаллим дар мақоми аввал меистад. Зеро ӯ тарбиятгари насли ояндасози миллат мебошад. Муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангию таърихии миллат барояш азизанд. Бахусус, забони миллат - шаҳсутуни бегазанди кохи миллат, ҳастӣ ва бақои давлату миллатро устод муқаддас медонад. «Ин забон хати пайванди башар аз азал аст, Аз азал чашмаи шеъру ғазал аст». - Ин чашма,- мегӯяд устод, бояд доимо дар ҷӯш бошад, аз оби шаҳдрези он ҷаҳониён нӯши ҷон кунанд. Мақому мартабаи забонро дар дунё ба мисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоранд.Бигузор садои лафзи поку гуҳарбори модар, забони шевою гуворои тоҷикӣ, забони давлати тоҷик аз минбарҳои бонуфузи дунё танинандоз бошад.

Устод Тағойбек Қодиров аз амалигардонии иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» хело шод буда, китобро сарчашмаи илму дониш, махзани маърифат ва ганҷинаи маонӣ арзёбӣ медорад.

- Ягон воситаҳои электронӣ дар ҷомеа (ҳарчанд заруранд), вале ҷойи китобро гирифта наметавонанд, - андеша меронад устод.

Китобхонаи шахсии муаллим дорои 2 ҳазору 600 китобҳои бадеӣ, илмӣ ва таърихӣ мебошад. Аз ин китобхона садҳо нафар шогирдон истифода мебаранд, дониши худро мукаммал мегардонанд.

Имрӯз дар дабистони рақами 42 - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 24 нафар омӯзгорон таҳти роҳбарии Мусулмон Раҷабов дар ду баст ба шогирдон сабақ медиҳанд. 473 нафар толибилмон дар ин боргоҳи маърифат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Муаллимони дабистон, ки аксаран ҷавонанд Тағойбек Қодировро устоди худ медонанд. Аз ӯ дастуру тавсияҳои судманд мегиранд.

- Банда маҳз бо дастуру ҳидоятҳои устоди арҷманд Тағойбек Қодиров касби муаллимиро пеша намудам. Дар симои ин муаллими варзида шахсеро мебинам, ки воқеан ба мактабу шогирдон дилбастагии хоса дорад. Мо аз зиндагинома ва кори устод, муҳаббат ва садоқати ӯ ба касб сабақ мегирем ва меҳрамон ба касби интихобкардаамон дучанд меафзояд, мегӯяд муаллими ҷавон Хайрулло Иззатуллоев.

Муаллим Тағойбек Қодиров омӯзгори асил ва эҷодкори варзида буда, чакидаҳои хомааш бо номҳои «Тафаккури ахлоқии Имоми Аъзам», «Забони мо - ҷаҳони мо», «Номи наку аз ҳама беҳтар», «Образи хирад дар қасидаҳои Носири Хусрав» ва дигар мақолаҳояш миёни аҳли эҷод мақоми хоса дорад. Ба сифати мутахассис борҳо аз ҳолати таълими фанҳои забону адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таълимии вилоят дидан карда, баҳри беҳбудии сифати таълим дастуру тавсияҳои судманд додааст. ӯ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.

Муаллим соҳиби хонаи обод, ҳамсари меҳрубон фарзандону наберагони дилбанд мебошад.Онҳоро низ дар рӯҳияи меҳру муҳаббат ба Тоҷикистони биҳиштосо ба камол расонидааст. 

Аз чунин инсонҳои шариф, омӯзгорони варзида, муаллимони асил чун Тағойбек Қодиров бояд сабақ гирифт. Таҷрибаи онҳоро васеъ паҳн кардан ба манфиати аҳли ҷомеа хоҳад буд.


Шералӣ САИД
Добавить комментарий