Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар Бохтар чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор гардид
Имрӯз, 29-уми апрел, бо мақсади татбиқи ташаббусҳои Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия, дар Филиали Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика" дар минтақаи Бохтар чорабинӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ дар доираи шиори имсола «Қудрати инсоният ба даст овардани фарогирии иммунизатсияи ҳамагонро дорад!» роҳандозӣ гардида, мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба аҳамияти ваксинатсия ва нақши он дар ҳифзи саломатии ҷомеа буд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба муҳимияти ваксинаҳо дар пешгирии бемориҳои сироятии хатарнок, татбиқи Барномаи миллии иммунопрофилактика ва нақши ваксинатсия дар коҳиши сатҳи бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, тавассути намоишҳои фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб бо аҳолӣ ва тақсимоти маводи иттилоотӣ, аҳолии минтақа дар бораи зарурати сари вақт гирифтани ваксинаҳо, хусусан дар байни кӯдакон ва гурӯҳҳои осебпазир, маълумоти муфассал гирифтанд.
Чорабинии мазкур бо иштироки васеи кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон ва масъулини Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солимии вилояти Хатлон баргузор шуд.
Таъкид карда шуд, ки иммунизатсия дар баробари саломатии фардро муҳофизат кардан, барои эмин доштани ҷомеа аз бемориҳои хатарнок нақши муҳим мебозад.
Иммунизатсия кунед, то умри дарози солим ва хушбахтона дошта бошед!
Маҳмадализода Маҳмадалӣ "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ



