Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр, ки яке аз ойини мубораки диниву эътиқодии тамоми мардуми шарифи кишвар ба ҳисоб меравад, самимона таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди вилоят саодату тандурустӣ ва рӯзгори ободу осударо орзумандам.
Бояд гуфт, ки дар арафаи моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои ниёзманду бесаробонмонда дасти кӯмак дароз намуда, соҳиби савоби бештар гардад.
Мусаллам аст, ки дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Аз ҷумла, дар ояти 60-и сураи «Тавба»-и Қуръон омадааст, ки «Садақа аслан барои фақирон ва мискинон аст...»
Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи душвор ва пешгӯинашаванда қарор дошта, ҳар як сокини вилоятро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллиамон талош намуда, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, аз худ намудани дониш ва касбомӯзӣ таълиму тарбия намуда, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои зарурӣ андешида, нагузорем, ки фирефтаи чунин гурӯҳҳо гарданд.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки: «Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки ба инсоният буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҳдид менамояд, мо бояд арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва эътиқодии худро ҳифз намоем. Вобаста ба ин, пеш аз ҳама, моҳияти аслии фарҳанги исломиро дуруст дарк карда, онро аз ҳама гуна андешаҳои нодурусту хурофотӣ пок нигоҳ дорем ва дар рӯҳияи инсони комил истифода намоем».
Ҳамзамон, дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сарриштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва дар зимни талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатон ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии вилоят, аз ҷумла наврасону ҷавонон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардида истодааст, ки маблағи ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявии озмунҳои зикргардида 100% зиёд гардида, ҷавонони моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мусоид истифода намуда, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва савияи дониши худро боз ҳам баланд бардоранд.
Бо мақсади тарғиби китобхонӣ, инчунин рӯй овардани ҷавонону наврасон ва дигар қишри ҷомеа ба китоб дар вилояти Хатлон соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардида, дар ин самт тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки манзур аз талаби илм на танҳо илми динӣ аст, балки омӯзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Дар ҳақиқат, омӯзиши илму дониши манфиатовар ва машғул шудан ба он ва таълим додани дигарон аз сифатҳоест, ки ҳар инсони оқил онро меписандад.
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланду меҳнатқарини Хатлонзамин дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати аҳлона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар заҳмат кашида, ташаббусҳои созандаро ба даст мегиранд ва дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо умеди ободии Ватани азиз, пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати сартосарии кишварамон бори дигар фарорасии Иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи вилоят шодбош гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишварамон сарсабзиву шодкомӣ, зиндагии ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:07КӮШОНИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОРБАД» 15:11КӮШОНИЁН: ДАР ДЕҲАИ ГУЛЗОР БЕШ АЗ 6 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ ГАРДИДААСТ 15:05ОИЛА – ПОЙДЕВОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ 12:19РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА- ҶАШНИ МЕҲР ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ 12:15ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ 11:58БОХТАР: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГӢ ШИНОС ШУДАНД 11:43ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА 11:38
Серхонандаҳо
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
АЗ ХУТАН ТО КУВАЙТ
РИШТАИ МЕҲР



