Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Нон аз кадую кулча бо писта
Холаи Ситорамоҳ чӣ гуна бо ҳунари нонпазӣ дар шаҳри Кӯлоб машҳур шуд? Кӣ ва барои чӣ маҳсули дасти ин кадбонуро то ба Россияю Арабистон ва Амрико бурд?
Ҳамакнун, метавонед бо рӯзгори пуршебу фароз, ҳунармандӣ, лаззати нону кулча ё худ маҳсули дасти ӯ тавассути матлаби мо ошно гардед.
Дуруст аст, ки ҳама бонувон аз уҳдаи нон пухтан мебароянд, аммо на ҳама кулчаю қалама, нонҳои гирдачаю чаппотиҳои зебо пухта метавонанд. Зеро барои пухтани кулчаю чаппотӣ ва қаламаҳои тӯёна ҳунар ва таҷриба лозим аст.
Ситорамоҳ Бобохонова ҳунари пухтани беш аз 30 номгӯи маҳсулоти нониро дошта, дар ин самт таҷрибаи беш аз 40 сола дорад.
Хурд будам, аз хоку об лой омода карда, бо сабзаю лойи шӯридаам “нону кулча” месохтам. Яъне аз хурдӣ аллакай ба модар тақлид карда, ҳунари нонпазиро дар дунёи кӯдакӣ таҷриба мекардам. Бо каме бузург шудан, аниқтараш ҳанӯз дар синни 10 солагӣ ба шӯридани хамир оғоз кардам. Модар пайи кори саҳро гашта, маро барои хамир шӯридан вазифадор мекард. Устодам модарам ба ҳисоб меравад гӯем ҳам хато намекунем, - гузаштаро ба ёд оварда, нақл кард холаи Ситорамоҳ.
Бино ба гуфтаи қаҳрамони матлаб ӯ аз наврасӣ ба нонпазӣ машғул буд, аммо таҷрибаи нонпазию нонфурӯширо пас аз оила бунёд кардан мустақилона шуруъ намуд. Махсусан, чандсолаи ахир мизоҷон ва талабгорони нону кулча ва гирдачаҳои ӯ хеле зиёд гашт. Зеро бо дастгирии раиси шаҳр, дар назди бозор дӯкон гирифта, фурӯши маҳсули дасти худро ба роҳ монд.
Солҳои пеш танҳо дар тӯю маъракаҳо, бо фармоиш гирифтан аз сӯйи мизоҷон чаппотӣ, кулчаю қаламаҳо омода мекардам. Бо гузашти вақт, нонвою нонхонаҳо зиёд гашта, даъват ё фармоишҳо кам шуд. Чунки сокинон бо кулчаю чаппотиҳои харида, тӯю маъракаҳояшонро пеш мебурдагӣ шуданд. Ҳамин тариқ мо низ соҳиби дукон гаштем. Ҳоло бошад, қариб рӯзе 200 кулча омода кардаю ба фурӯш мегузорем, - мегӯяд холаи Ситорамоҳ.

Кулчаю нонҳои ӯ дар Амрикою Россия
Онҳое, ки ба зиёрати хонаи Худо, ба Арабистон мераванд, кулчаю нон ва гирдачаҳои ӯро харидорӣ карда, бо худ мебаранд. Ҳамчунин, сокиноне, ки имрӯз дур аз Ватан, дар Россияву Амрико муҳоҷир гаштаанд, тавассути хешу табори худ қаламаю кулчаҳо фармоиш дода, дастрас менамоянд.
Нону кулчаҳои болаззати мо имрӯз зинатбахши ҳар ҷашну маъракаҳо гаштааст. Шояд ягон намоишу чорабиниҳои сатҳи шаҳр бидуни мо намегузарад гӯем ҳам хато накунем. Соҳиби даҳҳо сипосномаю диплом гаштаему дар ҳама чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзем, – мегӯяд Ситорамоҳи ҳунарманд.
Кулчаҳои пухтаи эшон таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб месозад. Бӯйи хуши кулчаҳои гарму равғанӣ ва қаймоқии ӯ иштиҳои касро афзун менамояд. Махсусан, нону кулчаҳои нав аз танӯр кандаи ӯ бисёр иштиҳоовар аст.
Чаппотӣ, гирдача, нонҳои алафӣ, ҷаззагӣ, кадугӣ, гӯштӣ, чормағзӣ, пистагӣ, пиёзӣ, ҷуворимаккагӣ, таҳмол, фатирҳои бо орди осиёбӣ, қоқфатир, қалама, қаламафатир, кулчаҳои арӯсӣ, гулбурӣ, варақӣ, қаймоқӣ, кунҷидӣ, ширкулча, кулчаи аҳром (барои пешвози меҳмонони олиқадр) ва ба ин монанд даҳҳо номгӯи дигари маҳсулоти нониро холаи Ситорамоҳ омода мекунад.
10 - 12 килограмм вазни як кулча
Нону кулчаҳое, ки мо мепазем, ҳаҷман гуногунанд. Аз ҳама кулчаю нони калоне, ки мепазем 10 - 12 кг вазн дорад. Як сирри муваффақияти худро мекушоям. Мо дар хамири нону кулчаҳои худ сода ё хамиртуруши хушки бозориро истифода намебарем. Дар хамири худ, ҳатман орди осиёбиро ҳамроҳ мекунем, ҳатто агар нону кулча бо орди сафед омода шавад ҳам, – зикр намуд ӯ.
Ситорамоҳ Бобохонова дар маркази шаҳри Кӯлоб зиндагӣ карда, 7 фарзандро ба воя расонидааст. Духтарон аз модар ҳунари нонпазиро ба мерос гирифтаю идомадиҳандаи кори ӯ гаштаанд. Онҳо фармоиши мизоҷонро қабул ва бо ин васила хони эшонро пур аз нозу неъмат мегардонанд.
Ӯ ҳоло 68 сол дошта, дар ин синну сол бояд танҳо болои сари фарзандон роҳнамоӣ кунад. Аммо таҷриба ва завқ ба танӯру нонпазӣ ӯро ором намегузорад. Аз ин рӯ, одатан ба кори фарзандон ҳамроҳ мешавад.
Аксаран, вақте нони кадугию кулчаи пистагӣ ва гӯштиро мешунаванд, ҳайрон шуда, чихел омода гаштани онро мепурсанд. Аммо пухтани нони кадугию кулчаҳои гӯштӣ ва пистагӣ, душвор нест. Барои нони кадугӣ, қаблан кадуро дар об ҷӯшонидан зарур меояд. Баъдан кадуи ҷӯшбаромадаро бо намак ва орд ҳамроҳ карда, мешӯрем. Боқимонда, ҳамон тавре ки дигар хамири расидаро дар танӯри сурх мепазем, хамири нони кадугиро ҳам ба ҳамон шакл мепазем.
Гӯштро дар об ҷӯшонида, реза мекунем. Онро каме дар равған таф дода, баъдан, хамирро тунук кардаю рӯйи он гӯшти тафдодашуда ё донаи пистаю чормағзро мепошем. Онро ҷамъ кардаю ба қисмҳо ҷудо мекунем. Ҳамин тарз, кулчаҳои боллазати пистагию чормағзӣ ва гӯштӣ омода мешавад, – мегӯяд холаи Ситорамоҳ.
Низоми Исо
Добавить комментарий
Ахбор
3 ҷоиза дар “Парасту-2025” 16:37«Фарҳанги мутолиа омили рушди устувори ҷомеа ва инкишофи тафаккури эҷодӣ» 16:31Беш аз 9 миллион гулу гулбуттаҳо шинонида мешавад 16:01Зиёда аз 717 ҳазор дарахт шинонида шудааст 11:50Фестивали вилоятии гулҳо-"Сайри гули лола" 16:21ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Хатлон. Дар майдони беш аз 9 ҳазору 900 гектар пиёз кишт шудааст
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид