Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ”
Ба муносибати 30 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии кормандони милитсия бо иқдоми Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” оғоз гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ 14 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатии вилоят байни ҳам нерӯ месанҷанд.
Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, роҳандозӣ кардани ин мусобиқаи варзишӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш мусоидат хоҳад кард.

Дар маросими кушодашавии ин мусобиқа сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал – лейтинанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон иштирок намуда, зимни баромади хеш қайд намуд, ки рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати рушди он дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон тамоми шароити муосири машқу тамрин муҳайё гардидааст.
Мусобиқа муддати як ҳафта идома карда, ғолибон бо Диплом, медалҳои варзишӣ ва “Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ” сарфароз карда мешаванд.
Дар рӯзи нахустини мусобиқа дастаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва Комиссариати ҳарбии вилоят байни ҳам нерӯ санҷида, дар натиҷа дастаи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо ҳисоби 7 бар 1 ғалаба ба даст овард.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



