Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ФЕСТИВАЛИ ВАРЗИШӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара Фестивали бозиҳои варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастурҳо аз ҷаласаи васеи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни ҳафт донишгоҳу донишкадаҳои олии вилоят иштирок намуданд.
Фестивал аз рӯи намудҳои гуштини миллӣ, варзиши сабук, волейбол, футбол ва шоҳмот гузаронида шуда, беҳтаринҳо барои ташкил кардани дастаи мунтахаб аз ҳисоби донишҷӯён интихоб гардиданд.

Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иштирок намуда, зимни баромади хеш қайд намуд, ки баргузории чунин фестивал баҳри мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонон ва пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб мусоидат хоҳад кард.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



