РӮЗГОРАШ ИБРАТЕ АЗ БАҲРИ МОСТ
Шамъи хотира
Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз куҳна нагардад?
Гуфт:
Номи нек.
Оре, дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки бо меҳнатдӯстӣ, ҷасорату матонат, хоксорию поктинатӣ ва дигар хислатҳои наҷиби инсонӣ аз худ номи наку мегузоранд.Эркамоҳ Ҷӯраева аз ҷумлаи чунин одамоне буд, ки тамоми умри бобаракати хешро барои манфиати халқ ва рушду шукуфоии Ватани азизаш сарф намудааст. Зиёда аз 62 сол дар вазифаҳои гуногуни хоҷагӣ ва ҳизбию давлатӣ сарбаландона фаъолият дошт. Пайроҳаи зиндагии ин зани ҷасуру фидоӣ мураккабу пурпечутоб ва пур аз шебу фарозҳо буд. Ӯ тавонист бо донишу маҳорат, қобилию кордонӣ, меҳнатдӯстӣ ва сабру таҳаммул ҳамаи мушкилотро паси сар намуда, ба қуллаи мурод бирасад.
Аз овони хурдӣ чаққону ташкилотчӣ ва меҳнатдӯст буду ба илму дониш шавқу рағбати беандоза дошт. Ба хонданаш волидон розӣ набуданд. Аммо ӯ ба муқобилияту нею нестони наздикону пайвандонаш нигоҳ накарда, ба мактаб рафт.
Баъди хатми бомуваффақияти мактаб орзуҳои нек ӯро ба курси 6 моҳаи тайёрии кадрҳо оид ба кори Шӯроҳои деҳот ба шаҳри Кӯлоб бурд. Соли 1938 курсро хатм намуду ба сафи комсомол (созмони ҷавонон) дохил шуд.
Эркамоҳи ҷавон ҳанӯз дар синни 10 солагӣ аз модари меҳрубонаш ятим монд. Модарандараш ӯро рӯи хуш намедод. Вақте баъди хатми курси 6-моҳа ба хона баргашт, дари хонаи падарро пӯшида дид. Вуҷудашро даҳшат фаро гирифт. Дунё дар назараш шаби тор гардид.
Амакаш ӯро ба тарбияи худ гирифт. Ҳамчун фарзанди содиқи Ватан дар вазифаҳои гуногуни мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ боҷасорат ва сарбаландона фаъолият менамуд. Бо Ватан ном ҷавон ба шавҳар баромада, риштаи ҳаёти худро пайванд намуд. Онҳо ҳанӯз шаҳди висоли навхонадориро пурра начашида, ҷанги хонумонсӯзи Германияи фашистӣ бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. Шавҳари Эркамоҳ-Ватан яке аз аввалинҳо шуда ба ҳимояи Ватани азизаш ба фронт рафт. Ҳамаи корҳои хоҷагию рӯзгордорӣ ба дӯши Эркамоҳи ҷавон бор шуданд. Ӯ рӯзона дар Шӯрои ҷамоати деҳот кор мекарду шабона ҳамроҳи занони деҳа дар як хона ҷамъ шуда, барои аскарони фронт дастпӯшаку ҷӯробҳои пашмин мебофтанд. Мардум чизе, ки доштанд, аз ҷумла меваҳои хушк, ғалла ва ҳатто бузу гӯсфандро ба фронт мефиристоданд, чунки дар он вақт шиор чунин буд: «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба!». Ӯ ҳамчун котиби хоҷагӣ ҳамроҳи занон шабҳои моҳтобӣ дар саҳро гандум дарав мекард.
Баъди ғалаба ба Германияи фашистӣ ва анҷоми музаффаронаи ҷанги солҳо 1941-1945 шавҳари Эркамоҳ Ҷӯраева бо захму ҷароҳатҳои вазнин ба хона баргашт. Меҳнату ташвишҳои бе ин ҳам гарони зиндагӣ барои Эркамоҳ вазнинтар гардид. Шавҳараш аз ҷароҳатҳои вазнини ҷанги хонумонсӯз дунёи ҳастиро падруд гуфт.
Эркамоҳ Ҷӯраева мушкилоти рӯзгорро паси сар намуда, ҳам фарзандҳояшро тарбия карда ба воя мерасониду ҳам дар вазифаҳои масъули хоҷагию ҳизбӣ, давлатӣ мардонавор ва бо масъулияти баланд кор мекард.
Ин зани меҳнатдӯсту фидоии Ватан дар ноҳияи собиқ Кангурт (ҳозира Темурмалик) то соли 1953 ба ҳайси котиби созмони ҷавонон, котиби идораи суд, мудири САҲШ ва инструктори шуъбаи ташвиқотии кумитаи ҳизбии ноҳия сарбаландона ва бенуқсон фаъолият намудааст.
Дар он солҳо дар самти корҳои роҳбарикунандаи ҳизбию давлатӣ занони фаъол ангуштшумор буданд. Фаъолияти пурсамар, хислатҳои нек ва масъулияти баландашро ба назар гирифта, ӯро котиби ҳизби коммунистӣ дар ноҳияи Ховалинг таъйин намуданд. Дар ин вазифаи пурмасъул низ то соли 1957 бо неруи тозаю масъулиятшиносии баланд кор кард, чунки аллакай таҷрибаи бойи касбӣ дошт. Ҳамеша бо мардум буду аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор.
Соли 1957 ӯро барои таҳсил ба мактаби олии ҳизбии шаҳри Сталинобод (Мактаби Олии КМ. ҲК Тоҷикистон) фиристоданд.
Баъди хатми Мактаби Олии Ҳизбӣ, собиқ котиби дуюми КМ ҲК Тоҷикистон Дедов ӯро ба наздаш даъват намуда, гуфт:
- Духтарам, ман ба ҳаёту фаъолияти кории ту шинос шудам. Зани соҳибмаълумот, меҳнатдӯст, боҷасорат ва масъулиятшинос будаед. Туро барои идомаи фаъолияти боз ҳам самараноктар ба кумитаи ҳизбии ноҳияи навтаъсиси Арал (ҳозира Восеъ) мефиристем. Ба халқу Ватан хизмат кунед.
Минбаъд Эркамоҳ Ҷӯраева солҳои 1957-1987 дар вазифаҳои котиби кумитаи ҳизбии ноҳия, раиси Шӯрои занон, директори омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №16, директори идораи пиллахушккунии ноҳияи Восеъ сарбаландона кор кард.
Дар ҳама лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ, гардишҳои таърих ин зани меҳнатдӯсту қавиирода дар ду ҷода мардонавор меҳнат мекард. Ҳам дар идораҳои масъули давлатию ҳизбӣ фаъолият менамуду ҳам роҳбарии Шӯрои занони ноҳияро ба уҳда дошт. Барои ободию рушди Ватани маҳбубаш хизматҳои бузург карду ҳамроҳи шавҳараш Бек Исоев фарзандони бонангу номус ва сазовори ҷомеаро тарбия намуда, ба воя расониданд. Ҳамаи 11 нафар фарзандони ин зани меҳнатқарину фидоӣ имрӯзҳо бо тамоми қобилияту неруи созанда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар хизмат карда истодаанд.
Дар бораи зиндагинома, фаъолияти меҳнати босамару шоистааш борҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ ва ҳатто дар маҷаллаи «Агитатор» ва рӯзномаи «Правда» (нашрияҳои КМ КПСС) мақолаю очеркҳо навиштаанд. Соли 1987 ба нафақа баромаду солҳои зиёде дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ ронд. Соли 2002 аз дунё гузашта бошад ҳам, шамъи хотираи вай дар дили ҳамдиёронаш то ҷовидон фурӯзон аст.
Хизматҳои содиқона ва меҳнати шоёни ин зани заҳматписанд борҳо бо ифтихорномаю ордени «Нишони фахрӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоён», медали тилло «Барои мустаҳкам кардани сулҳ» ва чандин ордену медалҳои дигар қадр карда шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ хизматҳои шоистаи ин зани меҳнатдӯст аз назар дур намонд.
Соли 2001 дар маҷлиси ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи занҳо Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба ин модари бузург ва зани меҳнатқарину фидоӣ ордени «Шараф» (дараҷаи 1)-ро супорид.
Ҳаёту рӯзгори занҳои ҷасуру фидокор чун Эркамоҳ Ҷӯраева, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи хизмати халқу Ватан намудаю дар душвортарин солҳо барои ҷавондухтарону писарон роҳнамои зиндагӣ буданд, намунаи ибрат аст.
Аъзам Бобоев,
рӯзноманигор