Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КАМПИРИ ТАННОЗ
Кампири Танноз ҳайрону мушавваш буд. Охир, худораҳматии шавҳараш бобои Аслиддин ду сол шуд, ки ба хобаш намедаромад. Солҳои аввали баъди маргаш аввалҳо тез-тез, ҳафта дар миён ба хобаш медаромад. Барои корҳои рӯзгор дастур медод ва баъзан ҷанҷол ҳам мекард, баъзан дашноми болохонадор ҳам медод.
- Ҳеъ, зувонқоқ, мӯят дарозу ақлат мисли думи каждум. Пир шудиву ҳанӯз ақлат надаромад, - сарзаниш мекард бобои Аслиддин дар хобаш кампири Таннозро. Имрӯз ҳатто ба дашномаш ҳам зор буд кампири Танноз. Се-чор моҳ ҳайрону интизор монда алангаи мушаввашиаш то ба Сурайё печид. Кампири Танноз дигар тоқат накард. Назди холаи Чуррӣ рафт, дарди дил кард. Назди кампири Сафармоҳ, ки ду моҳ боз бемори бистарӣ буд, баъди пурсупос аз "гум шудан"-и пиракиаш сухан оғоз кард. Ҳарчанд суханаш ба гӯши кампири Сафармоҳ намефориду ба дарди худ андармон буд, аммо суханони ӯро то охир тоқат карда гӯш карду ҳатто дилбардорияш ҳам кард.
Аз хонаи ӯ баромаду роҳ сӯи хонаи Тоҷигул, дугонаи давраи ҷавонияш гирифт.
Кампири Танноз аз чӣ бошад, ором намеёфт. Ба хобаш надаромадани шавҳари марҳумаш ягона мушкилу ягона дардаш дар чанд рӯзи охир гашта буд, ки мушкилкушо намеёфт. Қариб ҳамаи занҳои деҳаро гашт кампири Танноз. Аммо марҳами ба дилаш наздикро пайдо накард.
Хабару ташвиши ба хобаш наомадани шавҳарашро худаш надониста, ба дарҳо бурду овоза паҳн кард. Ба гапкунҳо худаш роҳ кушоду ба онҳо Худо дод. Як гапро сад гап карданд. Баъзеҳо дарбадар бурдани ин мушкилро ба пирии кампири Танноз, дигарҳо ба наздик расидани аҷалаш рабт медоданд. Баъзе бедаҳанҳо бошанд, аз пушташ пичингу таъна мезаданд, ки дар сари пирӣ кампир мардакхоҳ шудааст. Баъзеи дигар ҷунуниву ҷинзадааш низ меномиданд. Овозаи ба хоби кампири Танноз надаромадани раҳматии бобои Аслиддин дигар дар деҳа гапи нав набуд. Хело вақт буд, ки ин хабар дарбадар мегашту акнун аз сокини 7 сола то 70 сола ҳама ин хабарро медонистанд. Кампири Танноз баъзе хонаҳоро себораву чорбора гашта, дарди дил мекард. Ҳама медонистанд, ки ҷое ки пойи кампири Танноз расид, сухан аз бобои Аслиддин буд. Аммо касе дар рӯяш ғайрат намекард, ки чизе бигӯяд. Охир, кампири Танноз ҳарчанд худаш фарзанд надошт, аммо барои ҳамаи аҳли деҳ доя буд, нофи аксари мардуми деҳа маҳз изи дастону қайчии тези ӯро доштанд.
Ин навбат кампири Танноз сари кати рӯи ҳавлии муаллим Заррагул амонат нишасту ба дарди куҳнааш оғоз кард. Сари дастархон муаллим ҳамроҳи писараш Исо, ки дар донишгоҳ мехонад, менишастанд. Исо, ки аллакай дарди кампири Таннозро медонист, гӯё ба ҳикояи ӯ гӯшу ҳуш шуд.
- Охир ақаллан ним нигоҳ ба хобам медаромад. Ақаллан дашномам медод. Чаро маро ба пешаш намехонад?, - суолҳоро паиҳам кард кампири Танноз.
Исо сӯи модар чашмакӣ зада, ба сухан оғоз кард:
- Бобои Аслиддин бисёр одами хуб буд. Маро доим ба хараш савор мекард, маро дӯст медошт. Дишаб ба хоби ман даромад... - забон хоида ба гап даромад Исо. Кампири Танноз гӯё гумкардаи садсолаашро ёфта бошад, ҳушу гӯш шуда, аз шодӣ чашмонаш дурахшиданд.
-Хеле ҷавон, бардам менамуд, - гапро ғоз дод Исо. Ришу фашаш тозаву озода, сарулибосаш сап-сафед шуставу оҳарӣ. Аммо дар паҳлуяш як зебосанам нишаста, ба ӯ чой мекашид.
Заррагул ҳарчанд лаб мегазид, аммо Исо гӯё намедид.
Чашмони кампири Танноз аз ҳайрат калон боз шуданд, лабонаш пир-пир мепарид. Аммо ёрои сухан гуфтан надошт.
- Ин зани нави ман, номаш Баноз, - гуфт бобои Аслиддин ва ангушт ба лаб бурда ба ман ишора карданд, ки ба касе нагӯям. Аммо ман шуморо дӯст медорам, натавонистам нагӯям, - мад кашид Исо.
- Чӣ? Зан гирифтааст? Э, мӯйсафеди беимон, дар зиндагиам натавониста, баъди мурдан ба болоям зан гирифтӣ?! Боз ман ташвиш шуда, диққат кашидам. Илоҳӣ ришат бирезад. Боз ман барои ту мурданӣ будам - а. Мана ба ту! - гуфта кампири Танноз нарангушташро аз миёни ду ангушт бароварда даст ба сӯи осмон бардошт.
Муаллим Заррагул базӯр худро аз ханда бозмедошт.
Дигар кампири Танноз ба хонаи мардум намерафт. Аммо, куртаи рангин ба тани хамзада, усма ба қошони сафедшудаву сурма ба чашмони камнур, ҳино ба дастони пажмурдаву ранг ба мӯи сафедшуда кардани кампири Танноз мавзуи наве буд барои ғайбати сари дастархони мардуми деҳа.
Абубакр Файзализода
(Акс аз интернет)
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



