Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
«ШОҲНОМА» - осори гаронарзиши миллат
Ҳамосасарои машҳури қавмҳои ориёинажод Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ соли 940 мелодӣ дар деҳаи Пожи Тӯс, наздикии шаҳри Машҳади имрӯза (Эрон) дар оилаи марди заминдор (ашрофзода) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Фирдавсӣ айёми кӯдакию навҷавониро бо меҳнат ба омӯзиши забони форсии дарӣ, забони арабӣ ва ба забони паҳлавӣ сарф карда, ба таъриху тамаддуни миллат, осори беназири гузаштагон ошноии бештар пайдо кард. Аз нигоҳи муҳаққиқи барҷастаи тоҷик Абдунабӣ Сатторзода дар замони Фирдавсӣ «Ниёз ба якпорчагии ҳамагонӣ барои ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ, бақои таърих ва қавмияти Эрон беш аз пеш эҳсос мешуд».
Шиносоӣ бо «Шоҳнома» - и Абӯмансурӣ ва ҳазор байти маснавии нотамоми Дақиқӣ дар дили устод Абулқосим Фирдавсӣ шавқи эҷоди шоҳасари таърих, китоби безаволи «Шоҳнома»- ро пайдо кард. Фирдавсӣ дар чилсолагӣ ба навиштани шоҳасари худ оғоз бахшида, дар ҳафтодсолагӣ онро ба итмом расонид. Боз 5 соли дигар «Шоҳнома» - ро ба замон мувофиқ кунонида, ба шоҳи сулолаи ғазнавиён Султон Маҳмуд бахшид. Аммо Султон Маҳмуд натанҳо «Шоҳнома» - ро қадр накард, балки дар паи таъқибу озори шоир шуд. Солҳои охири умри шоир дар азобу оворагардиҳо сипарӣ шуд. Ҳатто мурдаи Фирдавсиро бо баҳонаи он ки ӯ рофизӣ мебошад, ба қабристони мусулмонон роҳ надоданд. Ҷасади шоирро дар боғе, ки аз падараш мерос монда буд, ба хок супориданд. Ин тахминан миёни солҳои 1009 – 1015 буд.
«Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз худой», - эҷоди шоир низ ба ҳамон рӯзгори нобасомон рост меояд. Аммо таърих гувоҳ аст, ки новобаста ба ноадолатии замона устод Абулқосим Фирдавсӣ шоҳасаре ба номи «Шоҳнома» иборат аз 60 ҳазор байт иншо кард ва номи худро зиндаву ҷовид гардонд.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад – ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.
Чуноне олимони забардасти замон, муҳаққиқони «Шоҳнома» - и безавол устодони зиндаёд Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ нигоштаанд: «Шоҳнома» - и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз шумори он осори гаронбаҳои фарҳангист, ки чун китоби халқ дар канори ишқу ихлос ва оғӯши завқу андешаи мардумон аз осеби забонаҳои дуду оташи ҳаводиси рӯзгорон ва дандонаҳои арраи бедоди замонҳо то имрӯз маҳфуз мондааст. Ин китоб шореҳи сарнавишти пурмоҷарои инсони боҳушу фарҳанг, мубориз ва диловар, ватанпараст, худованди латифтарин афкору эҳсос, номаи розу ниёз, набарду пирӯзӣ, ваҳдат ва ҳамбастагии халқҳо дар набард бо деви бедоду ситам, зулмот ва зиштиву дадманишӣ, ҳамосаи азамат, хирад ва заковат, неруи бузурги халлоқи инсон, достони ишқи безавол, таърихи суннат ва анъаноти писандидаи мардум мебошад».
Дар ҳақиқат, «Шоҳнома» - осори гаронарзиши мардуми ориёитабор асрҳои аср миёни халқи ҷаҳон шуҳрат ва маҳбубияти баланд пайдо карда, мақоми муаллиф ва шоҳасари ӯ мақоми миллати тоҷикро дар дунё муаррифгар мебошад. Барои мо мояи ифтихор аст, ки устод Абулқосим Фирдавсӣ тоҷики асил асту «Шоҳнома» - и бузургаш аз ҷониби олимони маъруфу муътабари Шарқу Ғарб пайваста мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дошта, ба забонҳои гуногуни халқи олам нашр шудааст. Аз замони Шуравӣ то ба имрӯз «Шоҳнома» - и безавол дар 9 ҷилд рӯи чоп омадааст.
Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як иқдоми миллатдӯстонаро амалӣ гардонида, ба монанди китоби «Тоҷикон» - и Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров, «Шоҳнома» - и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро бознашр намуда, ройгон ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ тақдим менамоянд, то миллати соҳибтамаддун шоҳномахонӣ кунад. Зеро:
«Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад паҳлавонӣ кунад».
Дар баробари дигар олимону муҳаққиқони «Шоҳнома» хизмати Нависандаи халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Сотим Улуғзода дар баргардонидани достонҳои «Шоҳнома» аз назм ба наср хизмати арзанда кардааст.
Муҳаққиқони осори шоир «Шоҳнома» - ро ба се бахш тақсим кардаанд:
1. Давраи асотирӣ: аз подшоҳии Каюмарс нахустин башар ва нахустин подшоҳ то замони подшоҳии Фаридун
2. Давраи паҳлавонӣ: аз қиёми Кова то марги Рустам
3. Давраи таърихӣ: аз охирҳои аҳди Каён ба баъд
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ тавассути «Шоҳнома» - и безаволи худ инсонро дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш, хирад тарбия ва роҳнамоӣ намуда, дар офариниши олам, мардум, офтобу маҳтоб низ андешаҳои бикр баён намудааст:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Ё дар боби «Гуфтор андар ситоиши хирад» мефармояд:
Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
Як хизмати бузурги Фирдавсӣ дар он аст, ки ӯ тавассути «Шоҳнома» номҳои асотирию таърихиро зиндаю ҷовид гардонд. Бо офариниши образҳои мусбату манфӣ нишон дод, ки то дунё пойдор аст, қувваҳои некию бадӣ дар набард хоҳанд буд. Аз ҳама муҳимаш «аз бадӣ дур будан сари ҳамаи накуиҳост».
Аз рӯи достонҳои машҳури «Шоҳнома» -и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Рустам ва Суҳроб», «Бежан ва Манижа», «Сиёвуш» ва дигар достонҳо синамогарони тоҷик ва дунё филмҳо омода карда, ба забонҳои гуногун пешниҳоди аҳли башар намудаанд, ки ин ҳам башорати соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро баёнгар мебошад. «Шоҳнома» осори гаронарзиши миллат, хамосаи инсон ва тамаддуни башарӣ буда, мояи ифтихору сарфарозии мардуми ориёитабор ба ҳисоб меравад.
Саидзода Шералӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


