Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД
Дар вилояти Хатлон озмуни вилоятӣ “Оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ” дар соли 2023 ҷамъбаст гардид.
Дар ин бора саҳифаи фейсбукии вилояти Хатлон хабар додааст.
Озмуни мазкур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи Низомнома дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят гузаронида шудааст.

Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар озмунҳо 2,6 миллион нафар фаро гирифта шуда, 1570 деҳа, 23 ҷамоати шаҳрак, 132 ҷамоати деҳот аз 25 шаҳру ноҳия дар марҳилаи якуми озмун барои муайян намудани «Беҳтарин шаҳру ноҳия» иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ Кумитаи тадорукоти “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2023” ғолибонро ба тариқи зайл эълон намуд:
НОМИНАИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН”
1. Шаҳри Левакант, ҷойи якум;
2. Шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм;
3. Шаҳри Норак, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “НОҲИЯИ БЕҲТАРИН”
1. Ноҳияи Данғара, ҷойи якум;
2. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҷайи дуюм;
3. Ноҳияи Ҷайҳун, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ҷойи якум;
2. Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон, ҷойи дуюм;
3. Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод, ҷойи якум;
2. Деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, ҷойи дуюм;
3. Деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
1. Маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор, ҷойи якум;
2. Маҳаллаи ба номи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ, ҷойи дуюм;
3. Маҳаллаи ба номи Қаландар Ҳаитови ҷамоати шаҳраки Шаҳритуси ноҳияи Шаҳритус, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҷойи якум;
2. Деҳаи Қизил-октябри ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷойи дуюм;
3. Деҳаи Хоҷағалтони ҷамоати деҳоти Шуроободи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ҷойи сеюм.
НОМИНАИ “ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ”
1. Хонаи Раҳмонзода Фазлиддин, сокини маҳаллаи Истиқлоли шаҳри Бохтар, ҷойи якум;
2. Хонаи Қодиров Тоҳир, сокини ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон, ҷойи дуюм;
3. Хонаи Абдураҳмонов Шералӣ, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ, ҷойи сеюм.
Ғолибони озмунро дар вазъияти тантанавӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз намуданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД


