Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Субҳи ояндасоз
Таърихи башарият ва ҳаводису корномаҳои мондагори қавму миллатҳои гуногуни олам, ки баъди муборизаву ҷонфидоиҳои бемислу монанди фарзандони фарзонаи худ соҳиби давлату сарзамиҳои аҷдодии худ гардидаанд, исботи ин гуфтаҳост, ки дар ҳама давру замон иттиҳоду ҳамбастагӣ, ваҳдату ягонагии мардуми як сарзамин кафили устувориву қудратмадии онҳост. Дастовардҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар гузори 31 сол натанҳо рушду обод гардида, имрӯз ҳамчун давлати мутамадин дар ҳалли масоили глобалии сайёра нақши пешоҳангӣ дорад, аз иродаи сиёсиву роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлат ва ваҳдату ягонагии мардумонаш сарчашма мегирад.
Оғози эҳёи давлатдорӣ ва субҳи муроди мардуми Тоҷикистон ба санаи таърихии 16-уми ноябри соли 1992 рост меояд, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд вакилони мардумӣ раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намуданд. Дар он шабу рӯз, ки садҳо ҳазор ҳамватанони мо ба хориҷи кишвар ғурбат намуда, боқӣ аз хавфи тиру туфанг аз хонаҳои худ берун баромада наметавонистанд, зимоми давлатдориро ҷавонмарди 40 сола бар дӯш гирифт. Сарвари ҷавон бо нахустин Паёмаш “Ман ба шумо сулҳ меорам” ба дилҳо умеду боварӣ бахшид, ки ин миллат бо авфу бахшоиши якдигар ва ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ давлати тозаистиқлоли худро ободу барқарор менамояд.
Ҳаминак, дар шебу фарози миллату давлатсозӣ Роҳбари хирадманд бо такя бо иттиҳоду эътимоди халқ сарзамини аҷдодии худро аз парокандагӣ ва мардумро аз ғурбату беватанӣ наҷот бахшид. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар радифи Рӯзи Конститутсия, санаи имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, Рӯзи забону дигар рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ҳамчунин дар тақвими солшумории мо санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дарҷ гардидааст.
Корномаи таърихсозу тақдирсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели рӯшани гуфтаҳои болост, ки ин фарзанди фарзонаи миллат дар шабу рӯзе зимоми давлатдориро бар уҳда гирифт, ки миллату сарзамини аҷдодии моро хатари нестӣ таҳдид мекард. Дарвоқеъ, қаҳрамонҳои миллӣ ба вижа, Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на бо мансабу рутбаҳои ҳарбӣ, балки бо фитрати азалӣ ва хизматҳои бузургу беназирашон дар бунёдгузории давлати навини тоҷикон ва ташаббусҳои таърихии худ дар арсаи олам машҳур гардидаанд.
Биноан, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанбаҳои муҳими таърихӣ дорад. 16 ноябри соли 1992 дар мамлакат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор гардид, ки маҳз ҳамин Иҷлосия дар таърихи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин руйдоди сарнавиштсозро насиб гардонид. Ин рӯзи наҷоти миллати тоҷик ба бунёду барқарорсозиҳои бузург, аз ҷумла, сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. Баъдан, 16 ноябри соли 1994 Президенти интихобнамудаи халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд кард. Тавре ки сиёстмадорони сатҳи ҷањони иқрор меоянд, раванди минбадаи пойдори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулњу ваҳдати миллӣ ва оғози марҳилаҳои бонизоми рушду пешрафт ва ташаккули системаи сиёсии давлат ва ба дигар марҳалаҳои рушду инкишоф ворид гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба фаъолияти пурсамару фидокориҳои бузургу беҳамтои Пешвои муаззами милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагӣ дорад.
Бинбар ин, ба хотири арҷгузорӣ хизматҳои бузургу таърихиву таърихсози ин фарзанди фарзонаи миллат аз соли 2016 инҷониб дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ, таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳияти сиёсӣ ва ҳам тарбиявӣ дорад, ки бо ин васила мардум ба хусус, наслҳои ояндасози Тоҷикистон нақши Президенти мамлакатро дар рушду инкишофи давлат мавриди омўзиш қарор медиҳанд. Зеро, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як санаи одӣ набуда, балки ҷашни муҳими мардумиест, ки ҷомеаи фарҳангсолори тоҷик ба рамзи тантанаи адолат ва волоияти Қонун ин рӯзро ҳамчун санаи сипосгузорӣ ва маҳбубияти бузурги хеш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол менамоянд.
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
Хатлон. Маъракаи кишти пиёзу картошка оғоз шуд 15:26ЧАҲОР ШОҲҶОИЗА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" 14:43СОЛИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ – СОЛИ МУВАФФАҚИЯТ ДАР ХАТЛОН 14:372 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД. 14:34Шумораи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 14:30КОМЁБӢ АЗ ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА РӮЙИ КОР ХОҲАД ОМАД 14:24АНҶИР: ҲАМ ҒИЗО, ҲАМ ДАВО 11:36ХӮРИШ АЗ АНҶИР 11:33
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
“ШОҲНОМА” БА БОХТАР ҲАМ РАСИД
ЁВОН. БЕШ АЗ 60 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. ДАР ДАҲ МОҲ 43 ИНШООТ БУНЁД ШУД
Тақдими “Шоҳнома” ба сокинони ноҳияҳои Вахшу Абдураҳмони Ҷомӣ
2 ШОҲҶОИЗА ВА 26 ҶОЙ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ « ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ » НАСИБИ ДОВТАЛАБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД.
ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бунёди бинои 5 ошёнаи Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон
Ҷайҳун. 342 иншоот бунёд гардид
Насби дурбинҳои назоратӣ дар партовгоҳҳо



