Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Иқрори гуноҳ
(Омурзиш)
Бо ин марди ба назар 70 солаи рангзарди чеҳрааш чукидаву чашмонаш пукида дар Маскав вохӯрдам. Ҳеҷ гумон намекардам, ки ҳамшаҳрии ман, ҳамдеҳаи ман аст. Риши давида, мӯйи ҷўлидаву дароз, муйлаби аз сигоркашии бефосила зардшудааш ҳеҷ аз тоҷик буданаш дарак намедод.
Ӯ дар яке аз таҳхонаҳои шаҳри Маскав зиндагии фақирона, зиндагии чӣ, ҳамту ҳастӣ дошт. Ҳавлирўб буд. Сардори хонаҳо иҷозати зист дар таҳхонаро додааст.
- Ин мӯйсафеди тоҷик таърихи талхе дорад. Саргузашташ як китоб мешавад. Бо ӯ суҳбат кун шояд чизе нависӣ, то ба дигарон дарс шавад, - бо ҳасрат гуфт Зинаида Василевна,- сардори идораи хонаҳо.
Сардори хонаҳо Зинаида Василевна, ки ба мани тоҷики ба ақидаи ӯ "ғайримуҳоҷир" нигоҳи хайрхоҳона дошт, агар намегуфт, ки ин мард тоҷик аст, ҳеҷ боварам намеомад.
Борҳо телефонӣ тоҷикӣ суҳбаткунон аз пешаш мегузаштам, ҳатто авзояш аз шунидани алфози ширини модариаш ба андозаи қил тағйир намеёфт.
Баъди он ки фаҳмидам ӯ ҳамшаҳрии ман аст, субҳи навбатиро беқаророна интизор будам. Хобам ҳам дуруст набурд. Эҳсоси кунҷкобиам оромам намегузошт. Суолҳои зиёдро матраҳ мекардам. Нақша мекашидам, ки суханро аз чӣ оғоз кунам. Ӯ кист, чаро дар ин синну сол дар ин ҷо ва дар ин вазъ, фарзандонаш куҷост, ақрабояш кист, таърихаш чист, саргузашташ ба кадом ранг аст?.. Суолҳо… суолҳо...
Субҳ барвақттар дари хонаро аз пушт пўшидам, то нақшаи тамоми шаб тарҳрезинамудаамро амалӣ намоям. Кунҷкобиям маро он қадар фаро гирифта буд, ки ҳатто лифтро интизор нашуда, бо зинаҳо поён давидам.
"Ҳамшаҳриям" ба "Салом, амакҷон" - и ман сарду хушк танҳо "Здрасти" ҷавоб гардониду дуди сигорро ба ҳаво сар дод. Каме даступохўрда шудам. Сари калобаам гум шуд.
Шояд сардори хонаҳо Зинаида Василевна шӯхӣ карда бошад.
- Эҳ, тоҷики сода, доим фиребу масхараат мекунанд. Охир ин марди майзадаи рус куҷояш тоҷик аст?! Эҳ, Зина-хола, наход шӯхӣ то ҳамин ҳад бошад?! - ба содагии худ қоил шуда, сархам ба кор рафтам.
Бегоҳӣ вақти бозгашт гӯё барқасд бошад, ки дар наздикии дари даромадгоҳи манзилам Зинаида Василевна бо "командааш" суҳбат дошт. Маро дидан замон, "ҳа, журналист, бо ҳамшаҳриат суҳбат кардӣ?" гуфта болои алови қаҳри ман равған рехт.
- Э биёед монед-э, наход одамро ҳамин хел масхара кунед- а?! - ҷавоб гардондам бо қаҳр.
Ранги рӯи Зинаида Василевна тағйир ёфт.
- Дима, ин ҷо биё, - бо лаҳни дурушту дағал фарёд кашид.
"Ҳамшаҳрии ман" аз оҳанги сарди даъвати раҳбараш рамузи гирифта, сархам пеш омад.
- Ту чӣ, аз тоҷик буданат шарм медорӣ? Ё аз ҳамшањриҳоят мегурезӣ? Ин кас ҳамшаҳрии ту, тоҷик, журналист, мехоҳад дар бораи саргузаштат қисса нависад. Рав, бо ин одам суҳбат кун. Бенағма! Ҳарчӣ пурсид, ҷавоб бидеҳ. Шояд саргузашти ту ба касе дарс шаваду Худо туро бубахшад. Дар умрат як кори нек кун, охир, ба мурдан наздик шудаӣ!
Ин суханон эҳсоси кунҷкобии маро даҳчанду садчанд афзун кард.
Мӯйсафед дилу бедил пеши ман омаду "саломалекум" гуфт.
- Салом падар, - гуфтам.
Аз чӣ буд, ки аз саломи ман як қад парид. Рангаш дигар шуд, дилаш таҳ хурду мадораш канд.
- Об биёред,- садо кардам, аз зери бағалаш дошта.
Ҳамкоронаш давида омаданд. Об оварданд. Ӯро ба харак шинонидаму паҳлуяш нишастам.
Зинаида Василевна бо зарда гуфт:
- Боз гушна кор карди-а? Ман нагуфтам, ки ба идора даро, як чиз ним чиз ҳаст, хӯрда рав. Агар мурдан хоҳӣ, ба сари ман бор нашав. Ман аз дилсузӣ туро ин ҷо нигоҳ дошта шиштаам.
Аз зери китфаш бардоштам.
- Хезед, хона меравем, ман хомшӯрбо пухтаам, дукаса мехӯрем, - гуфтам.
Мӯйсафед, як майли рафтан карду ба либосҳояш зеҳн монда, бо даст ишораи "не" намуд.
- Ҳеҷ гап не, падар, ҳамааш дуруст аст, - гуфтам.
- Аз чӣ бошад, ки дили мӯйсафед дубора таҳ заду рангаш канд. Дубора обаш додаму сигорро, ки аз даҳонаш канда намешуд, дур партофтам.
Аввал муйсафедро ишораи ҳаммом кардаму сачоқу либоси тозаро ба дасташ қапонидам.
Шӯрбо гарму чой омода шуд. Кўрпачаҳоро густурдаву дастархони тоҷикӣ партофтам. Дар табақи чӯбин нон реза кардам. Мӯйсафед то дергоњ дар ҳаммом буд. Хавотир шуда аз ҷой хестам, ки баромад.
Хонаро синчакунон аз назар гузаронид. Ҳама чиз тоҷикӣ. Деворҳо бо расмҳои ҳар фасли Тоҷикистон оро дода шуда буд. Ҳар як ашёи хонаро синча мекард. Дастурхони тоҷикиро дида, ашк аз чашмонаш мерехт. Оромаш кардам. Сари хон нишастем. Пиёлаҳои гулдорро хуб зеҳн монд. Чойро ба оҳистагӣ фурӯ мебурд. Гӯё гулӯяшро мехарошиданд.
- Сигор кашам мумкин? - ногоҳ суол кард мӯйсафед.
- Беҳтараш баъди ғизо, хоҳиш мекунам, - гуфтам.
Дилу бедил розӣ шуд.
Мўйсафед кайҳо боз бо даст хўрданро фаромӯш карда буд. Ман махсус шўрборо дар табақ оварда, бо даст ба қавли мардуми маҳали мо "печонида" мехўрдам. Чорзону нишаста наметавонист. Болиштҳоро дода, якпаҳлу, бароҳат бошед, мисли хонаи фарзандатон,- муроот кардам ман.
Боз рангу рўи мӯйсафед канд, бехуд шуд. Зуд об додам, ки нагирифт.
- Ҳозир мегузарад, - гуфт бо овози аз зарби дуди зиёд хирросишуда.
Ором таом хўрдем. Ман барои яхшикан шудани суҳбатамон аз ину они Тоҷикистон, шаҳрамон, деҳаамон сухан мекардам. Ӯ сархам гӯш мекарду чизе намегуфт.
Муйсафед ба оҳистагӣ ба будани ман одат мекард, озодтару кушодатар мегашт. - Ту чиро донистан мехоҳӣ? Саргузашти маро нависи чӣ, нанависи чӣ! Магар ҳаёти як шахси худозада кирои навиштан дорад?
Ин гуфтаҳо боз ҳам иштиёқи маро меафзуд.
Ба долон баромадем. Ман хокистардон овардам. Мӯйсафед сигор дар дод.
- Ман аз ноҳияи Себзор ҳастам, аз деҳаи Кабудрўд (номҳо иваз шудааст). То 40 солагӣ он ҷо будам. То мансаби директори тарабхона расидам. Кордам болои равған буд. Ҳама чиз доштам. Хонаи хуб, мошини он вақтҳо пеши пеш- Жигулии 06, пулам ҳисоб надошт. Аммо як мушкил доштам... Занам танҳо духтар таваллуд мекард. 5 духтар доштам. Баъди таваллуди духтарони чоруму панҷум дигар ба онҳо таваҷҷуҳ намекардам. Намегӯям, ки дӯсташон намедоштам, аммо аз диданашон хушҳолиям гум мешуд. Вақте аз кор меомадам, духтаракони бечораам сўям медавиданд. Бо чеҳраи гирифта онњоро мерондам. Сархаму малул мерафтанд. Танҳо дар фикри писар будаму халос. Занам боз ҳомила шуд. Духтурҳо баъди ташхис писар гуфтанд. Аз шодӣ худро шоҳи олам мепиндоштам. Рӯзи таваллуд зери тирезаи таваллудхона ҷои нишаст намеёфтам.
- Муборак шавад, шоҳдухтар, - шумхабар расонид момодоя.
Гӯё маро барқ зада бошад. Карахт шудам. Чанд муддат, намедонам. Баъди чанде бо овози баланд дод задам: Нееее.
Дигар ёд надорам киро чӣ гуфтаму чӣ кор кардам...
Мӯйсафед ҳангоми сухан меларзид. Он қадар эҳсосӣ буд, ки ҳатто сӯхтани дасташро ҳис намекард. Маълум буд, ки кайҳо ҳамдаму ҳамрозе надоштааст, то дардашро, хатои зиндагиашро қисса кунаду каме сабук шавад. Ман ба ӯ сигори навбатиро дароз кардам.
- Спасибо, - аз рӯи одат гуфт мӯйсафеду боз дубора "Раҳмат" илова кард.
- Дигар на таваллудхона рафтам, на кӯдакро дидам.
Бародаронам баъди чанд рўз маро масту аласт аз даруни ахлотҷое пайдо карда, хона бурданд. Аммо алами ман паст намешуд. Занам дар назарам аҷуза менамуд.
Кӯдакро умуман дидан намехостам. Охир ман интизори писар будам.
Болои ин дар корхона мушкилот сар шуд. Камбудиву тафтишҳои пайиҳам. Ман ҳамаи инро аз номуборакии қадами кӯдаки навзод медидам. Ба ҳар кори занаму ҳар амали кӯдаконам эрод мегирифтам ва ё шаппотие ба рӯяшон мезадам. Духтаронам муносибати маро дида, бечораҳо нўг-нўги по роҳ мерафтанд, то ман хурдагирӣ накунам. Ба ҳамсарам умуман нигоҳ намекардам. Ӯ гунаҳкори асосии бадбахтии ман буд. Дигар ман медонистаму шаробу кунҷи танҳоӣ. Насиҳатҳои модараму бародаронам таъсир надоштанд. Духтарам 6 моҳа шуд, аммо ном надошт. Борҳо ҳамсарам тифли навзодро, гирифта бағалам мегузошт, аммо ман рӯ метофтаму кӯдакро аз зонуҳоям ба замин тела медодам. Ахир номаш шуд Охира. Ҳама ҳайрон буданд, ки ин чӣ хел ном аст. Аммо ман як гап доштам. Дар идораи зодномадиҳӣ низ эътироз карданд, аммо ман гапамро гузаронидам. Ба умед Охира ном гузоштам, ки охирин духтар бошад. Хоҳаронашу модараш дар набудани ман аз ӯ Отифа ном мебурданд. Ман ки аз дар даромадам Отифа Охира мешуд. Дигар сер шуда будам аз духтар. Ҳамсарам ҳам доим зери мушту лагади ман буд. Кори хона дигар дар хаёлам набуд. Духтарчаи калониам навраси 14- сола шуда буд. Сарвари хона буду ҳамроҳи хоҳарону модараш обчакориву полезиҳоро худашон анҷом медоданд. Ба гову молҳо низ нигоҳубин мекарданд. Он гуна табар мезад, ки мегӯӣ марди майдон буд. Кундаҳои калонро фона монда мекафонид. Дарзаҳои алафу ғӯзапояро бо як осонӣ бо панҷшох болои хафу каҳдон мепартофт. Дар ду моҳи тобистон дар лаби ҷӯй аз писарбачаҳои ҳамсоя ақиб намонда, бо қолаби 7 килоӣ 2700 адад хишт рехта, ба трактор бор карда оварда, фуроварда буданд. Ҳар рӯз ба ҳар хоҳараш досу халта дода, барои алафбиёрӣ мефиристод. Худаш бошад ду-се баробар аз онҳо зиёд аз камару пушта алаф даравида меовард. Субҳ соатҳои 4 мехестанду шаб нимашаб хоб мекарданд. Дар мактаб низ фаъол буданд. Аммо ман кӯр будам, ин ҳамаро намедидам, таънаву гапи мардум, насиҳати хоҳарону бародарон ва модарамро, ки ба духтарон зулм мекунаму бо доштани даромади зиёд кӯдаконам либоси дуруст надоштанд, намешунидам. Доим мегуфтам: кї гуфт, ки таваллуд шаванд? Ман писар мехостам, на инҳоро.
Модари бечораам, гиребон медошту тавба мекарду маро ҳам ба тавба даъват менамуд, то қаҳри Худо наояд. Бародарону хоҳаронам духтаронамро дилбардорӣ мекарданд, либосу шириниҳо туҳфаашон мекарданд. Бечора духтаронам бошад дили ман нарм шавад гуфта, писарвор кор мекарданд. Ман аз як падари ғамхору ҳамсари бовафо ба як дев, ба як душман ба дигар аъзои хонавода табдил шуда будам...
Ҳамсарам боз ҳомила шуду бечора аз тарси ман дам намезад.
- Агар ин дафъа духтар зойӣ, мекушамат - гуфтам. Бечора аз тарс меларзид. Зимистон қаҳратун омад. Қасд кардагӣ барин дар шаби пурбарф вақти зоишаш фаро расид. Ман бо мошин ӯро ба маркази ноҳия бурдам. Дар роҳ мошин вайрон шуду ноилоҷ ба як мошини дигар савор карда, як илоҷ карда то таваллудхона расидем.
- Кошкӣ писар, кошкӣ писар, Худоҷон, - мегуфт раҳораҳ ҳамсарам.
Таваллуд тӯл кашида, то субҳ расид. Касе аз духтурон берун намебаромад, то хабаре диҳад. Ҳама безобитаву дар даводав буданд. Ниҳоят сардухтур номи ҳамсамро гирифта садо кард:
- Ягон соҳибаш ҳаст? -
- Ман ҳаминҷоям, - гуфтам..
- Ҳааа, қотил шумоед, пеш биёед, - гуфт.
- Чиҳо мегӯед? - арбада кардам ман.
- Калон гап назанед, ҳамсаратон чун фаҳмид, ки боз духтар зоидааст, "Воҳ, шавҳарам маро мекушад" гуфта аз тарси шумо ҷон дод. Кӯдакаш ҳам баъди як соат фавтид. Шуморо Худо зад! - гуфту дарро ба рӯям сахт пӯшид...
Дигар ҳисоби сигори мӯйсафед гум шуда буд. Ман низ он қадар зери таъсири нақли ӯ монда будам, ки чӣ гуна гузаштани вақтро эҳсос намекардам. Беихтиёр ашк аз чашмони ману мӯйсафед мешорид. Мӯйсафед дуди ғафсеро фурӯ бурда, идома дод.
- Дигар намедонистам чӣ кор кунам. Ин ҳанӯз бадбахтии охирам набуд. Занам мурда, духтарам мурда, болои ин мошин дар ким-куҷо вайрону валангор.
Бо як азоб қарибиҳои нисфирӯзӣ ба хона расидам, то либос иваз кунаму мошин ёфта рафта ҷасадҳоро биёрам. Ғайриинтизор ҳавлӣ хапу хомӯш. Норўфта. Модагов бандро канда назди гӯсола рафта, ӯро аз шири ноҷўшидамонда сер карда, дар миёнаи ҳота баҳузур чарида мегашт.
Дари хонаро кушода дод задам: Сабоҳат, Шарофат, Башорат!!! Садое набуд. Хомӯшии ғайримуқаррарӣ. Вориди хона шуда чашмам ба бухории даҳанкушода ва Сабоҳати такя ба девор шахшуда, ки кӯшиши пӯшидани даҳани бухориро карда, ҷон дода буд, афтид. Панҷ духтари нозанини дигарам бар ба бар гӯё хоб буданд. Аммо танашон кайҳо яху беҷон. Шаб даҳони бухорӣ кушода шуда, аз гази ангишт духтараконам ҷон дода буданд...
Ману мӯйсафед ҳиқ-ҳиқ мегиристем. Ман ӯро ба оғӯш кашидам. Чанд муддат гиристем. Мӯйсафед сабук шуд.
- Маро Худо зад. Ношукрӣ кардам. Ношукрии ман ба Худо нафорид ва ҳамаи додаашро бозпас гирифт. Яку якбора, дар як рӯз. Ҳар чизе медиҳад, Худо медиҳад ва кадом вақте хост мегирад. Бояд шукр кунем, аммо ман накардам, ба ҳаёти гулдухтаронаму ҳамсарам ман зомин шудам. Дигар мисли девона будам ва чи хел ба он хона даромаданамро намедонистам...
Ягон кас ба ман таъзия нагуфт, ягон кас ба оғӯш кашида, ҳамдардӣ накард. Ҳама аз ман дур меистоданд. Ҳатто бародарони худам. Модарам низ ба рӯям наменигарист...
Ана барои чӣ вақте падар мегӯӣ, дилам бехуд мешавад. Ман солҳо дар ҳасрати шунидани ин сухан ҳастам. Аммо афсус...- мегирист мӯйсафед.
...Инак беш аз 20 сол аст, ки ман дар ин ҷоям. Аз одамон шарм мекунам, аз Худо шарм мекунам. Мурдан мехоҳам, аммо ба фикрам ҳанӯз назди Худованд ҷазоямро адо накардаам, ки намекушад. Девонаам ҳам намекунад, то ин дардро эҳсос накунам. То як лаҳзаяк онро фаромӯш кунам. Бале, ман арзандаи ҳама гуна ҷазоям, ман худозадаям...
Чашми субҳ кушода шуду мову муйсафедро дар долон сар ба китфи якдигар хоб бурда буд. Ба фикрам ин дар тӯли солҳои зиёд аввалин маротиба буд, ки мӯйсафедро хоб бурда буд...
Абубакр Файзализода
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД