Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар масири ормонҳо
Имсол аз тасвиби Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” 24 сол сипарӣ гардида, дар тӯли ин солҳо чандин қарору барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои милливу дигар санадҳо рӯи кор омаданд, ки ба илму касбомӯзи занону духтарон ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди кору фаъолияти онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарӣ нигаронида шудааст.
Дар партави ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳазорон нафар занону духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ ҷалб гардида, имрӯзҳо дар рушду нумуи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Холмоҳ Мусоева, ки дар овони ҷавони имконияти идомаи таҳсил дар муассисаи олиро надошт, баъди 30 соли хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ охиран ба орзуи худ расид. Соли 2017 нахуст ба Коллеҷи муҳандисӣ омӯзгории шаҳри Бохтар дохил шуда, баъди хатми он ҳамакнун, таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав идома дода истодааст. Тавре иқрор меояд дар баҳори 55- умин солгарди умр соҳиби маҳлумоти олии омӯзгорӣ мешавад. Ӯ дар баробари таҳсили ғоибона дар факултаи филологияи донишгоҳи мазкур ҳамзамон, ба ҳайси омӯзгори МТМУ №38 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дошта, аз орзуву ормонҳои кӯдакии худ баҳра мебардорад.
- Шояд асрори дар ин синну сол донишҷӯй шудану ноил гардиданам ба орзуву ормонҳои чандинсола, ҳамин сабру таҳаммул доштан дар пешорӯи мушкилоти зиндагӣ буд, ки дар тӯли се даҳсолаи аз даврони хатми мактаби миёна то курсии донишҷӯӣ пастиву баландиҳои зиёдро паси сар намудаам,- аз гузаштаи рӯзгори хеш қисса оғоз намуд Холмоҳ Мусоева.
- Шавқу рағбат аз замоне пайдо шуд, ки дар синфи аввал таҳсил доштам ба чеҳраи нахустин устодонам нигариста орзу доштам, ки тезтар бузург шуда монанди онҳо омӯзгор шавам. Ёд дорам, ки меҳру муҳаббат ба пешаи омӯзгориро дар қалби ман устоди аввалини мактабиам маҳрум Шомаланг Гадоев ҷо карда буд. Бо гузашти солҳо мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло ва кўлбори саршор аз донишҳои мактабиву садҳо ғазалу шеърҳои азбарнамудаам хатм намудам. Валекин, бо сабабҳои оилавӣ ба ҷойи омодагӣ барои дохил шудан ба донишкадаву донишгоҳ ҳуҷҷатҳоямро ба Омӯзишгоҳи касбии техникии №19-и ноҳияи имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ супоридам. Баъди азбар намудани ҳунари дӯзандагӣ оиладор шуда, ҳамин тавр, машғули кори хонаву саҳро ва тарбияи фарзандон солҳо паси ҳам сипарӣ гардиданд.
Ба бахти ӯ ҳамсараш омӯзгори асил Саидмурод Мусоев донишу фарҳанги баланди муоширати Холмоҳро дида, ҳамеша таъкидаш менамуд, ки ҳарчӣ тезтар барои таҳсилоти олӣ омодагӣ бинад. Ҳарчанд ҳамсафари ҳаётиаш хело бармаҳал дунёро тарк намуд, аммо барои Холмоҳ роҳу равиши оқилонаи зистанро биомӯхт, ки бонуи донишмандаш дар зиндагӣ азият накашад. Бо роҳнамоиву васияти шавњар ӯ илму дониши худро тақвият бахшида, нахуст маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ гирифта, ҳаминак, таҳсилро дар ДДБ ба номи Носири Хусрав идома дода истодааст.
Шукронаи қисмат ва даврони Истиқлоли кишварамон, ки Роҳбари давлат ба хотири ба таҳсил фаро гирифтани занону духтарон ташаббусҳои судмандро рӯи даст гирифта, дар партави ин сиёсати хирадмандона мо, бонувони кишвар қадам ба қадам ба қуллањои орзуҳои дерини худ расида истодаем. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат мо, бонувони саодатманди Тоҷикистон бо садоқату вафодорӣ ба меҳан ва бо меҳнати ҳалол зиндагии хешро пеш бурда истодаем,- иброз дошт Холмоҳ Мусоева. – Ба шарофати ҳамсари шодравонам соҳиби унвони ифтихории омӯзгор шуда, итминон дорам, ки новобаста ба мушкилоти мавҷуда дар пешаи дӯстдоштаи худ самимона фаъолият хоҳам кард.
Ҳамин тавр, омӯзгори асил Холмоҳ Мусоева дар баробари идомаи таҳсилоти олӣ бо омӯзишҳои иловагӣ донишу маҳорати худро такмил дода, бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ дар тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузошта истодааст.
Солҳои пешин бо дарназардошти талабот ба омӯзгори фанҳои таълимӣ ӯ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ба номи Саъдулло Файзуллоеви ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба наврасон аз фанҳои табиатшиносӣ, суруд ва мусиқӣ дарс гуфта, ҳамзамон, ба симати омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият бинмудааст. Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли нави хониши 2023- 2024 барои ӯ ин аст, ки ба толибилмон аз фаннҳои дӯстдоштааш –забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Ба андешаи шогирдонаш муаллими фанни забон ва адабиёт аз омӯзгорони беҳтарини мактабашон ба ҳисоб рафта, миёни толибилмон ва омӯзгорону ҳам сокинони деҳкада иззатманду соҳибэҳтиром аст.
- Аз лаҳзаҳои нахустини ба шогирдони дӯстрўяк дарс гуфтанам ҳиссиёти аҷибе маро фаро гирифта буд, ки дар баёни он вожаҳои муносиб намеёбам. Бовар мекунед, то кунун ҳангоми дарс гуфтан ба шогирдон он эҳсосоти ногуфтанӣ ҳамеша бо ман аст,- хандида қиссапардозӣ мекард омӯзгор Холмоҳ Мусоева. – Шукронаи қисмат ва пешаи дӯстдоштаам имрӯзҳо бо рӯ ба рӯ шудан бо ҳамдеҳагон яке муаллим, дувумӣ бо ҳаяҷон устод гуфта, сӯям нидо мекунанд, ки аз ин эҳсоси хушбахтиву фараҳмандӣ маро фаро мегирад.
- Рисолати омӯзгор нафақат таълиму тарбияи шогирд дар мактаб, балки муносибати тарбиятомӯзона дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мардум аст. Солҳои наврасии мо бо зоҳир шудани шахси омӯзгор дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ мардум сарулибоси худро ба тартиб дароварда, аз худ одобу рафтори хуб нишон медоданд. Воқеан, вақти он расидааст, ки мо омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори худ саъю кӯшиш намоем,- идома дод ў.
Холмоҳ Мусоева соҳиби ду фарзанди оиладор ва се набераи нозанин буда, фориғ аз кори таълиму тарбия ба келинҳои худ нозукиҳои ҳунарҳои мардумӣ ва кадбонугиро меомӯзад. Ӯ ҳунару истеъдодҳои ғизопазиву гулдӯзиҳо ва пешавариҳои миллиро аз модари бузургвораш Саидамоҳи Сайфиддин омӯхтааст, ки солиён дар боғчаи саҳроӣ кор карда панҷ фарзанди падарятимро бо заҳмати ҳалолу дасти пурҳунари хеш ба воя расонидааст.
Бо ҳама мушкилоти сангини рӯзгор дасти сарнавишт ба ман модари пурдилу меҳрубон ва дар пайроҳаи пурпечутоби зиндагӣ обутобёфтаро ато намуда буд, ки моро дар руҳияи инсондӯстиву мушкилнописандӣ тарбия намуд. Баъдан, солиён зиндагии хурраму хушбахтонае бо ҳамсафари ҳаётиам- омӯзгори синфҳои ибтидоӣ шодравон Саидмурод Мусоев доштам, ки аз лаҳзаҳои нахустини ҳаёти мустақилонаамон ҳамеша маро ба идомаи таҳсил таҳрик медод. Ҳатто то лаҳзаҳои охирини умраш ҳам ҳамеша маро таъкид мекард; “Бихон, то соҳиби касбу ҳунар гардӣ, ки ҳунарманд ҳар куҷо ва дар кадом муҳиту шароите зисту зиндагонӣ дошта бошад, муҳтоҷи кумаку дастнигари дигарон нагардад”,- ашки дидагонашро ба нуги ангуштонаш руфта ба андеша фурӯ рафт мусоҳиби мо.
Нилуфари Саид, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад