Бойгонӣ

ХАЗИНАИ АМУДАРЁ

Тахти Сангин ёдгории бузурги таърихиест, ки бо ибтикор ва талошҳои  Пешвои фарҳангпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Феҳристи мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардида, имсол 2500 –солагии он бо шукуҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат маҷаллаи “Сафо” бо чанде аз муҳаққиққон, таърихнигорон ва бостоншиносон суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури шумо – хонандагони азиз мегардонем. 

Фариддун Кенҷаев, сардори Шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон 
Бештари олимон бар ин назаранд, ки ёдгории таърихии Тахти Сангин марбут ба асари IV-и то мелод ва II-и мелодӣ мебошад ва он дар якчанд давраи таърихӣ, дар замони давлатдории Империяи Ҳахоманишиҳо, Селефкиён, Юнону Бохтар ва Империяи Кӯшониён арзи ҳастӣ кардааст. Дар натиҷаи ин ҳукумрониҳо шаҳрҳое зиёде бунёд ёфтаанд, ки яке аз нодиртарини онҳо Тахти Сангин мебошад ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ маҳз қисмати маъбади он омӯхта шудааст. 
Маълумоти сайёҳони асри XIX дар бораи вайронаҳо дар соҳили рӯди Ому мавҷуд буданд. Онҳо дар хусуси дар навиштаҳо ва харита вуҷуд доштани харобаҳои ду ёдгориро дар як маҳал, ки масофаи байни онҳо 5 - 6 км буд, ёдовар мешаванд. Ҳардуро баъдан Тахти Қубод ва Тахти Сангин ном ниҳоданд.
Бино ба навиштаи В. Соловёв роҳнамои муҳим дар кашфи ёдгории Тахти Сангин маълумоти Н. Маев буд. Ӯ барои пажӯҳишгарони осори антиқии давраҳои баъдина ахбори пурарзише боқӣ гузошт, ки на танҳо муҷиби дарёфти ганҷинаи нодире гардид, балки имкон дод макони аслии «Хазинаи Амударё» муайян шавад.
Солҳои 20 - уми асри гузашта Б. П. Денике сарварии экспедитсияи бостоншиносии осорхонаи тамаддуни шарқро, ки дар Тирмиз ковишҳо мегузаронданд, ба уҳда дошт. Ӯ пас аз мутолиаи навиштаҳои афсарону сайёҳони подшоҳии рус ба вайронаҳои ин ду шаҳрак мароқ зоҳир намуд.
Дар солҳои 50 - ум дар ҳисоботи М. М. Дяконов дар бораи Тахти Сангин маълумоти муҳиме пайдо шуд. Аз рӯйи навиштаҳои ӯ харобаҳои қалъаи Утар, ки дар харитаи асри XIX зикр шудааст, ҳамон Тахти Сангин аст.
Бостоншиносон минбаъд низ аз дарёфти калиди хазинаи Ому дастбардор набуданд. Орзуи пайдо намудани шаҳраки давраи ҳахоманишӣ А. М. Mанделштамро соли 1956 ба Қубодиён овард. Ӯ як чоҳи таҳқиқӣ (шурф) канд, вале ҳамагӣ 20 см иштибоҳ кард ва аз нодиртарин кашфиёт бенасиб монд.
Дар солҳои минбаъда бостоншиносони шӯравӣ Б. A. Литвинский ва аз солҳои 70 - ум И. Р. Пичикян дар ифшои розҳои Тахти Сангин нақши муҳим бозиданд. Яке аз муаллифони ин сатрҳо ҳамроҳи олимони шинохта дар ковишҳои солҳои 80 – уми қарни XX, ба сифати аспирант ширкат намуда буд. Дар чанд соли охир ҳафриёт аз ҷониби бостоншинос Анжела Дружинина пеш бурда мешуд. Бозёфтҳо ба бисёр муаммоҳои даврони Ҳахоманишӣ ва Юнону Бохтарӣ рушанӣ андохт. Ҳанӯз соли аввал – 1976 – ум ковишҳо он миқдор ашёро ба бостоншиносон доданд, ки ҳайратангез буд.
То ифшои рози ин ёдгории беназир подшоҳии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинро мемонд. Ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ дар эҷоди тамаддуни бесобиқа қодир бошанд, дар ҳоле ки соли 1964 - ум бостоншиноси фаронсавӣ Д. Шлюберже дар соҳили чапи рӯди Ому, 40 км  ҷануби шаҳраки Фархор ёдгориеро бо номи Ойхонум кушода буд, ки нишонаҳои даврони бохтариро дошт. Вале дар маҷмуъ бо маданияти юнонӣ тааллуқ дошта, мансуби асрҳои IV - II пеш аз мелод буд.
Дар кашфи розҳои бохтариён олимон музтар мемонданд. Зеро навиштаҳои таърихнигорони юнонию румӣ ба воқеият мувофиқат намекарданд. Ҳатто таърихшиносе монанди Ричард Фрай осори солноманигоронро дар мавриди Бохтари ҳазоршаҳр муболиѓа мешуморид. То замоне, ки дарёфти «Хазинаи Амударё» бостоншиносонро мутаваҷҷеҳи таърихи Қубодиён кард.
Соли 1976 34 километр дуртар аз маркази ноҳияи Қубодиён бостоншиносон ба таҳқиқи маъбади қадимаи Окс (Тахти Сангин) шуруъ намуданд. Он шаҳракест, ки дар замони Ҳахоманишиён бунёд шуда, дар аҳди юнону мақдуниҳо рушду тараққӣ кардааст. 

Бобомулло Бобомуллоев, ходими илмии Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон
Барои илми таърих ва саҳифаҳои норушани даврони Ҳахоманишиҳо ва Юнону Бохтарӣ кашфи Тахти Сангин хеле муҳим буд. Ҳангоми ковишҳо маълум гардид, ки деворҳои мудофиавӣ ва як қисми иморатҳо аз оҳаксанг бунёд шудаанд. Толори асосӣ ва маъбади худои Вахш аз сутунҳои баланди нақшдор ва сангҳои азими сайқалхӯрдаву суфта таркиб ёфтаанд. Баъзе сангҳо алоҳида ҳаҷман бузурганд, ки аз 200 килограмм вазни бештаре доранд. Пойсутунҳои мудаввар аз даврони ҳукумати Юнону Бохтарӣ шаҳодат медиҳанд ва аз унсурҳои маданияти эллинӣ бархӯрдоранд.

Маводи ёфтшуда дар бунёди иморатҳо ва санъати меъморӣ аз омезиши ду сабки эҷодӣ: маҳаллӣ ва юнонӣ шоҳиданд. Яъне, дар замони Ҳахоманишӣ асрҳои VI - IV шаҳрак вуҷуд дошта, баъди омадани мақдуниҳо бо шеваи хоса тараққӣ кардааст. Нақшҳо ва намунаҳои анъанавӣ, асотири мардуми маҳаллӣ дар меъморӣ, тасвири ҳайвонот, ҳайкалҳо намоёнанд.
Роҳравҳо аз сангҳои тарошида парчин ва ҷӯйҳои ду тарафи роҳравҳо аз сангҳои корхӯрда бунёд шудаанд. Агар суфасангҳо ва пойдевору сарсутунҳо аз шеваи эллинӣ дарак диҳанд, маснуоти дигар дар бунёди иморатҳо ва маъбади олиҳаи Вахш хоси даврони Ҳахоманишӣ ва монандие ба ёдгории Тахти Ҷамшеди Эрон доранд. Тақрибан қисмати асосии ҳарду шаҳр аз санг сохта шудаанд. Дар баробари ин намунаҳое пайдо мешуданд, ки бо шеваи бунёдгарӣ аз маданияти маҳаллӣ ва эллинӣ фарқ доштанд. 

Бостоншиносон дар «Толори сафед» бештар аз 20 - батрос (чоҳҳои махсус) - ро кашф карданд. Маълум мешавад, ки ҳар қофила ва корвоне, ки аз рӯди Вахш мегузашт, назре ба олиҳаи Вахш пешниҳод мекард, то зиёрат қабул ва тиҷорат ривоҷ гирад. Миқдори ин  қабил бозёфтҳо хеле зиёданд. Шаддаи муҳраҳо аз сангҳои қимматбаҳо, маснуоти тиллогини ороишиву рӯзгор, дасткориҳои одӣ (устухони фил), дастпонаҳо, ҳайкалчаҳои хурду бузург натанҳо аз маҳорати баланди пешаварони маҳаллӣ, балки аз тасаввурот, бовару ҷаҳонбинӣ, оин ва дар маҷмуъ аз дунёи ботинии аҷдоди мо шаҳодат медиҳанд.

Аз рӯйи бозёфтҳо метавон яқин кард, ки ҳунармандон маснуоти гуногунро истифода мебурданд. Мазмуну мундариҷаи нигораҳо ҷолиб ва пурмуҳтавоанд. Ҳаккокӣ, тасвир, тиллокорӣ, ангобидан, андудани ашёҳо аз ҳунари олии пешаварон гувоҳӣ медиҳад. Чунончӣ қабзаи шамшер ин тасвири барҷастаи шери қанотдори уқобсар (грифон), қисми поёнии ҷом дар намуди акси барҷастаи шер, лавҳа бо тасвири шикори оҳу, бабр, ҳалқаи камарбанд бо тасвири сакоии савора бо ду асп (биринҷӣ), ѓилофи акинак бо тасвири шер ва оҳу, ҷузъи ҳуққа бо тасвири кабк (аз устухони фил) моро ба тахайюли таърих мебарад. Бахусус, қубба бо тасвири  Гиппокампес, ки дар устухони фил кандакорӣ шудааст, басо ҷолиб аст. Лавҳа бо тасвири махлуқи тахайюлии зан, бо думи мормоҳӣ, асппой ва болдор xеле ҷолиб ва воҳимангез аст. Ҳамаи ҷузъиёти нигора заркорона ва ҳунармандона бунёд шудаанд.  
Яке аз навъҳои ҳунармандии даврони мавҷудияти ёдгории Тахти Сангин ин ҳунари муҷассамасозӣ мебошад.  Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ шумораи зиёди муҷассамаҳое бозёфт шудаанд, ки онҳо ҳаҷманд гуногун мебошанд. Дар ин намунаҳо чеҳраҳои одамони он давронро мушоҳида кардан мумкин аст. Олимон ба ин назар ҳастанд, ки дар муҷассамаҳо   чеҳраи мардумон, бахусус хокимони бохтарӣ ва ҳам юнонӣ тасвир ёфтаанд.  
Ба сурати зан офаридани бештари нигораҳо ба мавқеъ ва мақоми зан робита доранд. Лавҳаи тиллоандуди аждарзани қанотдор, ки ба асри II тааллуқ дорад, аз эҷоди ҳунарварони бохтарист. Ҳалқаи нуқрагини камарбанд бо тасвири зан, тасвири фариштаи муҳаббат Эрот, ки мисин буда, бо тилло андуда шудааст аз густариши анъанаи эллинӣ ва дараҷаи хеле олии санъати даврон шаҳодат медиҳад. 
Савриддин Саидзода, сармутахассиси шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон 
Дар харитаи соли 1885 ёдгорӣ бо номи Утерқалъа ёд мешавад. Баъдан дар навиштаҷоти олимону таърихнигороне, ки ба ин мавзеъ омада ковишҳо гузаронидаанд. Аз ҷумла, Г.О Лагофет ва Н.А Маев бо номи гузаргоҳи Мелла зикр мешавад. 
Тахти Сангин асосан аз номгузории бостоншиноси шуравӣ М.М. Дяконо сарчашма мегирад. Вақте ки ӯ ба ин минтақа меояд мушоҳида мекунад, ки дар мавзеи якҷошавии дарёҳои Вахш ва Панҷ як ёдгорие ҳаст, ки деворҳои боқимондаи он аз санг аст ва ӯ дар навиштаҳои худ инҷоро Шаҳри сангин ном мебарад. Ва мегӯяд, ин ҳамон ёдгорие ҳаст, ки дар харитаи охири асари 19 бо номи Утерқалъа ёд шуда буд. Баъдан онро гузаргоҳи Мелла низ ном мебурданд. Инчунин М.М. Дяконов зикр менамояд, ки Тахти Қубод ба хотири ҳимояи гузаргоҳи Мелла сохта шудааст ва дар қадим онҳо як маҷмааро ташкил мекарданд, ки Мелла яке аз гузаргоҳҳои асосӣ дар Амударё ба ҳисоб мерафт.
Тавре тоҷирони бухороӣ шарҳ додаанд, онҳо ҳангоме, ки ба ин минтақа омаданд, одамони беки Қубодиён дар як мавзеи қалъаи қадима ашёҳои қимматбаҳо мекофтанд ва аз онҷо ҳайкалчаҳо, лавҳаҳо ва дигар ороишоти тиллоию нуқрагиро дарёфт мекарданд. Тоҷирони бухороӣ мазҳ ҳамин ашёҳоро харидорӣ намуда, барои фурӯш ба шаҳри Ровалпинди он вақта қаламравӣ Ҳиндустон ва ҳоло Покистон интиқол медиҳанд. Зеро дар онҷо бозори атиқафурӯшон мавҷуд буд. Вале онҳо дар роҳ мавриди ҳамлаи роҳзанон қарор мегиранд ва дар хоки имрӯзаи Афғонистон барои баргардонидани молу колои худ ба капитани англис Бартон, ки дар сафи қувваҳои сарҳадбонӣ маъмур буд ва дар Кобул истиқомат дошт, муроҷиат мекунанд. 
Капитан Бартон барои ёрӣ расонидан ба тоҷирон тасмим мегирад. Ва чи гунае, ки худи ӯ нақл мекунад ҳангоме, ки ба мағораи роҳзанон наздик мешавад мебинад, ки дар байни онҳо барои тақсимоти “Хазинаи Амударё” муноқиша афтодааст. Маҳз бо талошҳои капитани англис як қисмати хазина ба тоҷирони бухороӣ баргардонида мешавад. Ва тоҷирон як дастмонаи зарринро ба сифати ҳадя ва арзи сипос ба капидан Бартон медиҳанд. Ҳамин сабаб мегардад, ки олимон ва атиқадӯстдорони қитъаи Аврупо, махсусан англисҳо ба дарёфти “Хазинаи Амударё” мароқ зоҳир намоянд. 
Вақте ки гурӯҳи бостоншиносон ба ин минтақа меоянд, гумон мекунанд, ки “Хазинаи Амударё” аз Тахти Қубод дарёфт гардидааст. Вале баъдтар маълум мегардад, ки Тахти Қубод тақрибан 5- 6 км поёнтар аз мавзеи якҷошавии дарёҳои Вахш ва Панҷ воқеъ гардидааст ва дар ин мавзеъ Тахти Сангин қарор дорад. Баъд аз онки маъбади ОКС ё худ Охшо кашф мегардад тарафдорони ин назария, ки “Хазинаи Амурдаё”, ки аз ҳамин маъбад дарёфт гардидааст боз ҳам бештар мешавад. 
Дар замони соҳибистиқлоли низ ҳафриётҳо дар маъбади Тахти Сангин идома дода шуд. Аз ҷумла, дар инҷо бостоншиносни маъруф Юсуфшо Ёқубов, Давалтхоҷа Довудӣ, Тӯра Хӯҷагелдиев ва дигарон кор кардаанд. 

 Амонҷон Маҳкамов
  Бохтар –Душанбе  


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019