Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОРМОНИ ХУНӢ
Мусоҳибаи ихтисосии маҷаллаи “Сафо” бо Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
- Тавъам будани Истиқлолу Ваҳдати миллиро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду падида ё неъмати нодиру муқаддасе ҳастанд, ки иртиботу пайвандии ногусастанӣ доранд. Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдати миллати тоҷикро қабулу ҳукми расмӣ гирифтани ду санади тақдирсоз: яке “Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигаре “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” истеҳком бахшид. Пайвандии занҷираи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба ҳувияту худшиносии миллат тавону қувваи бузург бахшид. Миллат ва халқи Тоҷикистон зери ливои Истиқлолу Ваҳдат ба ҳам омаданд ва ба ҷисми аз ҳаводиси таърих афгоршудаи тоҷик руҳу равон дамид. Агар гӯем, ки Истиқлоли давлатӣ бо Ваҳдати миллӣ арзиши баробар доранд, якдигарро камолот мебахшанд ва бидуни ҳам беарзишанд, хато нахоҳем кард. Ин нуктаи муҳимро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон бисёр тавзеҳи комил додаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистанд. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ Истиқлол ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар дар ватани мо бо шарофати Созишнома сулҳу салоҳ пойдор намегардид, хатари аз даст додани Истиқлол ба мо таҳдид мекард».
- Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ташкил шуд. Имрӯз ходимони он дар фаъолияти сиёсию ҷамъиятии худ чӣ дастоварҳо доранд?
- Нигоҳе ба таърихи таъсисёбии ин ниҳод, зарурати ташкил шудани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар он рӯзҳои пурэҳтирос ва фоҷеабор ба сароҳат возеҳ менамояд. Пас аз имзо шудани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ”, ки 27 июни соли 1997 дар Маскав сурат гирифт, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зарур аст, ки ниҳоде таъсис дода шавад, ки барои ҳифзи сулҳи тоҷикон, тарғиби ғояҳои ягонагӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ талош варзад. 18-уми июли соли 1997 нахустин бор Маҷлиси муассисони ин ҳаракати тозабунёд, бо иштироки беш аз 600 нафар дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Аз замони таъсис то ба имрӯз маромномаи ниҳоии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ташвиқи сиёсати ваҳдатгароёнаи Пешвои миллат, ба дараҷоти ғояи мукарраму муқаддас расонидани Ваҳдати миллӣ, тарғиби донишу маърифат, хираду ҷаҳонбинӣ, мубориза бо ҷаҳолату таассуб, хурофоту тафрит ва ниҳоятан ташаккули ҳувияти миллӣ ва бунёди ҷомеаи хирадсолору ваҳдатгаро иборат аст. Ин ҳадафҳои неку покро аъзои Ҳаракат бо гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони дурдасттарин манотиқи кишвар, ташкили маҳфилҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмиву амалӣ, нашри китобу маҷмуаҳо ва ҳамкории зич бо ҳама ниҳодҳои сиёсии кишвар амалӣ менамоянд.
- Фаъолияти Ҳаракатро дар маҳалҳо, хусусан вилояти Хатлон чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Имрӯз дар партави сиёсати хирадгароёнаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат ёфта истодааст. Айни замон шуроҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии Ҳаракат дар вилояти Хатлон фаъолияти хешро дар самти тарғибу ташвиқи ғояҳои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, мубориза бо хатару таҳдидҳо ва пайомадҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ амалӣ намуда истодаанд.
- Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди манофеи абарқудратҳо чӣ гуна метавон Истиқлоли меҳанро ҳифз ва таҳким бахшид?
- Албатта, ҷаҳони пуртазод, сиёсатбозиҳои абарқудратҳо, мавқеъгириҳои машкук, манфиатхоҳиҳои бешуурона, таҳмили ғояҳои ифротӣ ва ҳама он ҳаводисе, ки дар гирду атрофи мо имрӯзҳо воқеъ мешаванд, далеле аз номуайянии вазъи ҷаҳон ба шумор мераванд. Дар замони ихтилофоту тазоҳури тамоюлҳои мухталиф далели асосии саодати як инсон - ин соҳиб будан ба Ватан, зиндагӣ кардан дар хоки аҷдодӣ ва бо арзишу ифтихорот, ҳувияти миллӣ ва ваҳдату ҳамгироӣ зистан аст. Бо назардошти вазъи мураккаби замон давлатдориву миллатсозӣ ба яке аз душвортарин ва хатарбортарин масир табдил ёфтааст. Дар чунин шароит ҳар як аз сокини закии Тоҷикистон хуб дарк намуда истодааст, ки таъсиру нақшбозиҳо ва мақсадҳои ғаразноки қувваҳои беруна шиддат гирифта истодаанд. Аммо мо - мардуми тоҷик имрӯз ба қудрат ва сиёсати қавианосири Пешвои муаззами миллат ва иттиҳоду иродаи фанонопазири халқи бузурги хеш бо имони яқин боварии комил дорем.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат гирд омада, тамоми сайъу талошро баҳри рушду тараққиёти кишвар ба харҷ диҳем, зеро танҳо дар ин сурат метавон истиқлолу худсолорӣ, давлатдории миллӣ ва арзишу муқаддасоти меҳанро ҳифзу ҳимоя кард.
- Ба назари Шумо чаро дар замони Истиқлол тарғиби ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ миёни ҷавонон дар меҳвари идеологияи миллӣ қарор гирифт?
- Идеологияи миллӣ маҷмуи рамзҳоест, ки руҳу равон, арзишҳои ниҳодина ва асолату ҳастии миллатро таҷассум мекунанд. Тақдири минбаъдаи давлат ва миллат аз идеологияи миллӣ вобаста буда, он ҳаста ё ядрои бунёду будан ва ҳастиву бақост. Худшиносиву худогоҳӣ, ки ба огоҳӣ аз асолат мебарад, бояд маҳаки асосии идеологияи миллӣ бошад. Аз ин нигоҳ, пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рӯ овардан ба ғояҳои ватандӯстию хештаншиносӣ миёни ҷавонон як зарурати ногузир буд, зеро маҳз бо доштани эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ метавон суботу абадияти давлатро таъмин кард.
- Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳазорсолаҳо пеш соҳиби давлат буданд. Вале ҳамакнун 32 сол шуд, ки Истиқлоли моро ҷаҳониён эътироф намудаанд. Ин дастоварди бузург ва ниҳоят азизу муқаддасро чӣ гуна таъриф медиҳед?
-Тазоҳури андеша оид ба арзиши нодири Истиқлол ва худсолорӣ аз оғози ба маънавиёту маърифат гаравидани миллати тоҷик оғоз шудааст. Талош барои озодӣ, мустақилият ва бар иродаи худ солор будан, нафақат дар марҳилаҳои муайян, балки дар тамоми давраи мавҷудияти миллат чун унсури муҳим дар ниҳоду ботину равони ҳар як тоҷик ҷой дошт ва аз хун ба хун то ба имрӯз омада расид. Гарчанде, ки Тоҷикистони азизи мо 9 сентябри соли 1991 ба истиқлолу ихтиёрдорӣ ноил гашт, вале истиқлолхоҳиву ҳувиятпарастӣ, чун олитарин шакли эъҷози иҷтимоӣ дар хуну равони халқ ва тафаккури миллати мо ҳамеша аз худ дарак медод. Маҳз ҳамин унсур ва иштиёқу ормони хунӣ буд, ки дар даҳаи охири асри XX мардуми тоҷик бар маснади миллати худсолор расид ва халқ бар иродаи худ ҳоким гашт. Яъне, таърих ормони миллат ва талошу саъйи халқро бе посух нагузошт ва ба он натиҷаву инъоми мувофиқ дод. Аз ин нигоҳ, метавон Истиқлолу худихтиёриро омили нахустину ивазнашавандаи безаволии як давлати устувор номид.
- Чӣ тавр мо метавонем шуури ҷамъиятиро нисбат ба пос доштани Истиқлол ва дастоварҳои он баланд бардорем?
- Дар ҳаёти иҷтимоӣ ташаккул ва самт додани шуури ҷамъиятӣ кори бисёр мураккаб аст, зеро дар ҳар як инсон аз нигоҳи дарку фаҳм ва ақлу эҳсос хусусиятҳои фарқкунанда дида мешавад. Таҷриба собит кардааст, ки омили ташаккулдиҳандаи шуури ҷамъиятӣ ин хирад, тафаккури бедор, ҷаҳонбинии илмӣ ва донишу маърифати баланд аст. Ҷаҳолат, таассуб, хурофот, нодонӣ ва ифроту зиёдаравӣ бошад баръакс, шуури ҷамъиятиро ба сууд мебаранд. Бинобар ин, ташаккул додани шуури ҷамъиятӣ нисбат ба ҳифзу гиромидошти арзишҳое ба монанди Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, амният ва дигар муқаддасот низ танҳо бо огоҳии комил, донишу маърифат ва хираду ҷаҳонбинӣ амалӣ карда мешавад.
Суҳбаторо Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД