Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЗИЁДА АЗ 1000 МАЪРАКА БАРГУЗОР ГАШТААСТ
Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Қубодиён 9 комиссияи доимӣ ва 65 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд.
Ин нуқтаро раиси ноҳияи Қубодиён Мирзодавлат Сабурзода зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон зикр кард.
Мавсуф қайд кард, ки давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон дар ноҳия 934 тӯйи домодию асрусӣ, аз ҷумла 6 тӯйи хайриявӣ, 27 маросими хатнасури хайриявӣ, 55 маросими чил ва 39 маросими сол баргузор гаштааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 1040 ададро дар бар мегирад. Хароҷоти умумии ин ҳама маъракаҳо 3,8 миллион сомонӣ буда, ба ҳар як маърака 4036 сомонӣ рост меояд.
Гуфта шуд, ки дар ин давра шаш қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа қонуншиканҳо ба маблағи 26,3 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, 4 ҳолати содиршавии қонуншиканӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ пешгирӣ карда шудааст.
Сулаймон СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



