АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

Хушбахтона, ин шукргузорию иттиҳоду сарҷамъӣ зери Парчами нангу номуси ватандорӣ буд, ки аз Паём то Паём дар Тоҷикистон навгониҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайвастанд.Тоҷикистон бо 173 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳояшро густариши тоза бахшид. Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябри соли 2018 Агрегати аввали НБО - и Роғун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар соли 2018 расман ба фаъолият оғоз бахшидани татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» ва дар соли 2019 баргузор кардани саммити байналмилалӣ дар ин самт ва дар самти мубориза ба муқобили терроризму экстремизм дар шаҳри Душанбе магар гувоҳи хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуд? Ҷаҳониён аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллати мо дар самти ҳалли мушкилоти об дар сайёра ва тақвият бахшидани муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму гурӯҳҳои ифротӣ - экстремистӣ ҷонибдории комил менамоянд. Ин иқдомҳои башардӯстона аз Паём то Паём тақвият ёфт. Обрӯ ва мақоми Тоҷикистону Пешвои инсондӯсти он дар дунёи сиёсат боло рафт. Ин ҳама магар мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон шуда наметавонад?
Зиҳӣ, фарзанди фарзонаву содиқи Тоҷикистон!
Ҳамчун як фарди ватандору соҳибдавлат ифтихор дорем, ки Ватани мо дар роҳи расидан ба чор ҳадафи миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем. Ба чор тарафи олам роҳҳои ҳавоӣ, нақлиётӣ ва роҳи оҳан ба рӯямон кушода аст. Танҳо як вилояти Хатлон дар соли 2019 беш аз 105 ҳазор тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот намудааст. Ҳам амнияти озуқавории мамлакатро таъмин мекунем ва ҳам меваҳои хушку тар, молҳои рақобатпазиру бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳониро содирот менамоем. Бо бунёди 6 - агрегати НБО - и Роғун Тоҷикистон оянда пурра истиқлолияти энергетикии худро таъмин карда, ба як кишвари интиқолдиҳандаи энергияи сабз - барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар табдил меёбад. Ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар бошад, пайи амал қарор дорад.
Танҳо дар соли 2019 дар мамлакат садҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ рӯи кор омад. Ҳазорҳо нафар ҳамватанон бо ҷойи нави корӣ таъмин шуданд. Дар истеҳсоли сементи хушсифат ва бозгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ қадамҳои боэътимод гузошта шуд. Тоҷикистони ба як мамлакати интиқолдиҳандаи семент табдил хоҳад ёфт ва хушбахтона, корхонаҳои калони сементбарорӣ аксаран дар вилояти Хатлон фаъолият доранд ва ин раванд идома дорад. «Вобаста ба ин зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад»,- таъкид намуда буданд соли 2018 зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд:
«Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019 – 2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шавад». Дар баробари ин Пешвои миллат зимни ироаи Паём пешниҳод карда буд, ки дар мамлакат «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон карда шавад. Ин ҳама пешниҳоду ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ба хотири дастгирии соҳибкорони ватанӣ, рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонад, натиҷаҳои мусбат ба бор овард.
Ҳамдаму ҳамнафаси соҳибкор будан тақозои замони бозоргонӣ, талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо буда, мо мутахассисони мақомоти Тоҷикстандарт дар вилояти Хатлонро муваззаф намуд, ки бештар дастгиру мададгори соҳибкорон бошем. Дар ин радиф корҳои фаҳмондадиҳиро густариш бахшида, якчанд семинарҳои амалию омӯзиширо бо иштироки доираи васеи соҳибкорон, истеҳсолотчиёни ватанӣ баргузор кардем, ки манфиатбахш буд. Ҳамчунин барои содироти пиёзу лимӯ ба давлатҳои Россия, Қазоқистон ва давлатҳои Аврупо кор бурда, тарзи чидан, банду баст, интиқоли маҳсулотро ба хориҷи кишвар ба истеҳсолотчиёни ватанӣ омӯзонидем, ки ин ҳамкориҳо самари хуб дода истодааст ва минбаъд низ дар доираи васеътар тақвият хоҳад ёфт.
Вобаста ба амалигардонии пешниҳоди дигари Пешвои миллат оид ба эълон гардидани 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мардуми шарифи Тоҷикистон рӯ ҷониби деҳот оварданд,то симои деҳоти мо ба монанди шаҳрҳо ободтару зеботар гардад. Ин пешниҳодро соҳибкорони бонангу номуси кишвар, мардуми боазму иродаи диёр ҷонибдории комил намуданд. Дар мамлакат дар доираи истиқболи арзанда аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо километр роҳ мумфарш, ҳазорҳо километр роҳҳои деҳот сангфарш гардида, ҳазорҳо иншооти наву замонавӣ, хизматрасонӣ, савдо бунёд гардид ва ҳазорҳо ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ин раванд босуръат идома дорад, зеро зимни ироаи Паём Пешвои миллат бо боварӣ таъкид карда буд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии халқи азизамон эътимоду боварии қавӣ дорем. Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, ба халқи азизамон содиқонаву самимона ва ба виҷдони пок хизмат кунем, нақшаҳои бунёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем».
Аз нигоҳи дигар вобаста ба 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар мамлакат дучанд афзуд. Барои қабули меҳмонон дар сатҳи олӣ дар Тоҷикистон меҳмонхонаҳои наву замонавӣ бунёд шуданд. Аз ҷумла, дар минтақаҳои сайёҳии вилояти Хатлон низ ин иқдом пайи амал қарор дорад.Тоҷикистон худ бо обҳои поку мусаффо, кӯҳҳои сар ба афлок, табиати афсункору муъҷизаофар, меваҳои шаҳдбор, ҳайвоноти нодир, гулу гиёҳҳои шифобахш кишвари офтобӣ ва сайёҳист. Ба қадри ин мамлакати хуршедӣ ва фарзонафарзанди содиқу ободкори Ватан, ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан қарзи имонию ватандории мост.
Мо аз даъвату ҳидоят ва пешниҳодоти ватанпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми навбатӣ ироа гардиданд, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дастгирии комил менамоем.
Сайдализода Ҷӯрахон Қурбон, директории
Маркази стандартизатсия, метрология,