Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ташрифи Президенти Бонки Осиёии Рушд ба вилояти Хатлон
Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава дар доираи як сафари расми ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон низ ташриф овардааст.
Дар ин бора саҳифаи фейсбукии вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Дар доираи ин сафар Масатсугу Асакава нахуст ба фаъолияти неругоҳи барқӣ обии “Сарбанд” шинос шудааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки “Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 МВт 5-умин иншооти калони амалкунадаи гидроэнергетикии мамлакат дар дарёи Вахш мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” дар заминаи неругоҳи “Шаршара” ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин гидроагрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст.
Бинобар истифодабарии тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд.
Дар неругоҳи мазкур дар давоми 60 сол ба ғайр аз таҷдиди як гидроагрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд ва иқтидори истеҳсолии он ҳамагӣ 160 МВт-ро ташкил медод. Бо дарназардошти ин соли 2013 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” Созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расонида шуд.
Мақсад аз татбиқи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, таъмини кори муназзаму босамари неругоҳ ва мутобиқ намудан ба стандартҳои муосири техникӣ мебошад. Дар асоси созишнома лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд буда, марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолтаро дар бар мегирад. Дар раванди корҳои созандагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти навтарини барқӣ аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид карда шудаанд. Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава зимни шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта дар самти таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба сифати корҳо ва раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Имрӯзҳо дар Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 162 корманд, аз ҷумла 25 нафар занону бонувон фаъолият доранд, ки ҳайати муҳандисиву техникӣ 75 нафарро ташкил медиҳад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади амалӣ намудани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ истифодаи оқилонаву босамари захираҳои гидроэнергетикии мамлакат, сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд. Ҳамаи ин ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ва ба ин восита таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик ва шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол равона гардидааст.
Баъди пурра азназаргузаронии фаолияти неругоҳ ҷаноби Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки Осиёии рушдро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.”
Ҳамчунин дар идомаи ин сафар Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава аз мавзеи таърихии Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш дидан кардааст.
“Аҷинатеппа боқимондаи ёдгори меъмории дини будоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон бутхона дар нимаи дуюми асри 7 ва ибтидои асри 8 фаъолият дошт. Аҷинатеппа аз маркази шаҳри Бохтар 13 км дар ҷамоати деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир шудааст. Номи асосии ин ёдгорӣ аслан «Аҷина-теппа» набуда, ин унвон солҳои 1940 ба он дода шудааст.
Тибқи ривояти мурдуми маҳал солҳои 1940 дар натиҷаи боридани боронҳо 1 ҷойи теппа фурӯ рафта, сурохие ба вуҷуд омадааст, ки нафаре аз ин деҳа вориди сурохи шуда, Буддои якпаҳлу хоб рафтаеро, дар ҳолати нирвана, мебинад.
Баъдан мардуми деҳа ин маконро, макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта, «Аҷина-теппа» номгузорӣ кардаанд. Айни ҳол мавзеъи мазкур ба таҳқиқи амиқ ниёз дорад.
Президенти Бонки Осиёии рушд ҷаноби Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба як базаи сайёҳӣ табдил додани ин макон мароқ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки метавон дар натиҷаи корбурди хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.”- қайд кардааст манбаъ.
Дар ин сафар Масатсугу Асакаваро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
С. СУЛТОН
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД