Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шуд
Бо ибтикори Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ” – вилояти Хатлон аввалин роҳрави варзишӣ дар сатҳи вилоят сохта шудааст. Ин роҳрави варзишӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёд шуда, дар он варзишгарон аз рӯи се намуди варзиш, партоби найза, ҷаҳиши сегона ва ҷаҳидан ва дарозӣ машқу тамрин хоҳанд кард.

Тавре директори “Мактаби маҳорати олии варзишӣ” – и вилояти Хатлон Рустам Давлатшоев ба “Сафо” иттилоъ дод, аз рӯи ин се намуди варзиш аллакай 400 нафар ҷавонон ҷалб шуда, ҳамарӯза ба машқу тамрин машғул мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар нақша аст ин гуна роҳрави варзишӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ сохта шавад.
Феълан дар Муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ” – и вилояти Хатлон 23 мураббӣ аз рӯи 10 намуди варзишӣ олимпӣ, як намуди варзиши миллӣ ва як намуди варзиши ғайриолимпӣ дар 31 гуруҳ ба 261 варзишгар машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд.
Даспарварони ин муассиса давоми чор моҳи сипаригардидаи соли равон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 90 медал ба даст оварданд, ки 28 – тои он тилло мебошад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



