ҲАР ГОҲ БО КИТОБАМ, КОМЁБАМ
Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа, таҳким бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни фарҳанг, алалхусус ба соҳаи китобдорӣ ва китобшиносӣ, баланд бардоштани сатҳи фаъолияти китобхонаҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагию, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар китобхона як қатор корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.
Мақсад аз вазифаҳои китобхона пеш аз ҳама қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа аз истифодаи захираи китобӣ, нигоҳдорӣ, пурра гардонидани хазинаи китобӣ ба шумор меравад.
Дар китобхонаи марказӣ ва филиал - китобхонаҳои он ҳамарӯза 10 нафар китобдорон ба шаҳрвандони шаҳри Бохтар ва минтақаҳои гирду атрофи он хизмат мерасонанд. Ҷиҳати пуррагардонии хазинаи китобӣ ҳамасола аз тарафи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба китобхона миқдори зиёди китобҳо ворид карда мешавад, ки ин шоистаи таҳсин аст.
Тазаккур бояд дод, ки соли 2019 аз тарафи фарзанди шоир ва нависандаи бачагонаи тоҷик шодравон Наримон Бақозода аз китобхонаи шахсии ӯ ба миқдори зиёда аз 1500 адад китобҳои гуногун ба китобхонаи марказии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бохтар туҳфа карда шуд. Аз тарафи вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 160 адад китобҳои тозанашри бадеӣ тариқи ройгон ба китобхона ворид гардид. Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда барои харидории китобҳои бадеӣ аз ҳисоби маблағҳои китобхонаи марказӣ ба маблағи 3976 сомонӣ зиёда аз 100 адад китобҳои дархостнамудаи аъзоёни китобхона харидорӣ карда шуд.
- Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 дар бораи дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва иҷрои Қарори раиси шаҳри Бохтар аз 20 марти соли 2019 дар китобхонаи марказӣ ва филиалҳои зертобеи он як қатор озмуну чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар китобхонаи марказӣ ва филиал - китобхонаҳои он бахшида ба озмуни мазкур ҷузвдон ва гӯшаи таблиғотӣ ташкил карда шуда, довталабони озмун аз рӯйи он амал намуданд.
Дар давраи сипаригардида зиёда аз 18 чорабинӣ бахшида ба ҷашнвораҳои таърихӣ, мавлуди шоирону нависандагони классику муосир баргузор карда шуд. Аз ҷумла, бахшида ба соли нави мелодӣ, «Рӯзи артиши миллӣ», «Рӯзи модарон», «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Пешгирӣ аз истифодаи маводи мухаддир», «Наврӯзи байналмилалӣ», «Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон» мизҳои мудаввар, конфронс ва суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид, ки басо муфид буданд. Гардиши китоб нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд гардидааст.
Бахшида ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» маъмурияти китобхонаи марказӣ тасмим гирифтааст, ки намоиш ва фурӯши китобро бори дигар бо теъдоди зиёди китобҳо ташкил намояд, зеро ин чорабинӣ мавсимӣ набуда, мо китобдоронро водор месозад, ки онро пайваста гузаронем. Шавқу ҳаваси китобхониро дар дили мардум зиёд намоем. Ба онҳо фаҳмонем, ки танҳо китоб аниси кунҷи танҳоӣ буда, аз мутолиаи он сад роҳате ҳасту ҳаргиз ба дил ғуборе наменишинад.
Дар баробари пешравиҳо дар фаъолияти кормандони китобхонаи марказӣ ва филиал - китобхонаҳои зертобеи он ҳанӯз камбудиҳо низ ҷой доранд. Кам будани кадрҳои соҳаи китобдорӣ, норасогии ҷойи нишаст дар толорҳои хониш аз ҷумлаи камбудиҳое мебошад, ки моро ба ташвиш овардааст, лекин ҳамаи ин муваққатист. Бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, албатта, норасогиҳоро бартараф сохта, ҷашни пуршукӯҳи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тарғиби шоистаи китоб миёни хонандагон сазовор пешвоз мегирем. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки лаҳзае бо китобам, комёбам.