ДУ Рӯйдоди САРНАВИШТСОЗ

Ин сиёсати созанда натиҷаҳои хуб ба бор оварда, ҳоло беш аз 170 давлати ҷаҳон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва адабиву варзишӣ доранд. Дар осору афкори ниёгонамон Истиқлолияту Ваҳдат аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт садҳо асарҳои мондагор таълиф шудааст, ки асоси онро дӯстиву рафоқат, ҳамгироиву муҳаббат ва шинохти миллӣ фаро мегиранд. Таълимоти дини зардуштӣ, ки бар пояи «Пиндори нек, кирдори нек ва рафтори нек» мураттаб шудааст, мояи онро низ худшиносиву худогоҳӣ ва суботи сартосарӣ ифода мекунад. Гузаштагонамон бо мақсади мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ, бештар гардидани нишондодҳои меҳнатӣ ва таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дар ин рӯҳия аз роҳу василаҳои гуногун истифода намудаанд. Дар замони муосир таълимот ва дарки ин ҳама масъалаҳо барои ҳар сокини кишвар аҳамияти бештар касб менамояд. Баъди пош хӯрдани собиқ давлати бузурги Иттиҳоди шуравӣ барои халқи тоҷик зарурати таъсиси давлати мустақил пеш омад. Бо ин мақсад 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо бо гузашти вақти кӯтоҳ бо дахолати душманони аҷнабӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуқуъ пайваст. Дар ин давра халқи тоҷик ва сокинони Тоҷикистон ба мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию равонӣ рӯ ба рӯ шуданд. Хонаводае набуд, ки ин муноқишаву кашмакашиҳои замон ба он таъсир накарда, талафоти ҷониву молиро ба вуҷуд наоварда бошад. Сиёсатмадорону зиёиён ҳарчанд мардумро ба иттифоқу ваҳдат моил менамуданд, аммо қувваҳои ғаразнок боиси парешон намудани ин ҳама муттаҳидиҳо мешуданд. Маҳз дар ин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, ки кори давлатдориро аз барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ оғоз бахшиданд. Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон эълони Истиқлолияти давлатӣ ва қабули Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аҳамияти арзишманд дорад. Ин воқеаҳо ва раванди сулҳофарӣ дар вазъияти тезу тунди сиёсӣ ва мафкуравӣ ба вуқуъ омад ва ҷонибҳо дарк намуданд, ки ягона роҳи наҷоти миллату давлат дар ҳамдигарфаҳӣ ва дӯстиву рафоқат таҷассум меёбад. Ҳар қадар мо аз рӯзи эълони Истиқлолияти давлатӣ ва қабули ин санади сарнавиштсоз, яъне Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дур мешавем, ҳамон андоза қимат ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик ҷилои тоза касб мекунад. Дар воқеъ, истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими сулҳу субот, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати ҳар фард заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз сулҳу ваҳдат ва истиқлолият буд, ки мо дубора ба сӯи таъриху фарҳанги пурғановати худ рӯй овардем ва онро бо андешаву афкори худ эҳё намудем. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чун офтобу моҳтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшану гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки асоси онро расидан ба зиндагии шоистаи сокинон ташкил медиҳад, амалӣ гардид. Дарахти парвардаи Ваҳдату Истиқлолияти ба он андозае решааш қавӣ шуда, самар овард, ки имрӯз натанҳо сокинони кишвар ва ё халқи тоҷик, балки дигар қавму миллатҳо низ аз он коми худро ширин менамоянд. Миллати сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик дарк кардаанд, ки ягона васила ва омил барои саодатмандӣ ин оромиву осоиштагӣ мебошад. Хушбахтона, ҳоло давлатҳои ҷаҳон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои гуногун доранд, ки ин аз нуфузи хоса пайдо намудани кишварамон дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Тибқи таҳлилу арзёбиҳои Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори давлатҳои амну осоиштаи дунё дохил мешавад. Ҳамасола шумораи сайёҳону меҳмонон барои шиносоӣ аз фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ ва тамошои манзараҳои назаррабои кишварамон меафзояд, ки ин барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарафрозӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбату баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки ҳар вақта дида бештар бояд мо дар ҳимояи истиқлолияту ваҳдати миллӣ бошем ва  ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мутмаинем, ки ваҳдату истиқлоли тоҷикон  мисли хираду фарҳанги пурғановаташ шуълаафрӯзи имрӯзу фардо боқӣ мемонад. 

Сангимурод ШАРИФОВ,

мудири кафедраи рӯзноманигории МДТ

«Донишгоҳи давлатии Бохтар

ба номи Носири Хусрав»


Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий