ДУРАХШИ ШАБҲОИ ШАРҚ

   Нақшаи сохтмони иншооти азими гидроэнергетикии Роғун ҳанӯз солҳои 80 - уми асри гузашта, дар авҷи камолоти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ шуда буд. Ҳатто ба сохтмонаш шурӯъ карда буданд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки сохтмонаш қатъ  гардид ва Роғун қариб, ки фаромӯш шуд. Ҳол он ки дар он айём Тоҷикистон ба қувваи барқ эҳтиёҷи калон дошт. Мутахассисон пешгӯи карда буданд, ки дар сурати анҷоми сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон на танҳо худ бо қувваи барқ пурра таъмин мегардад, ҳатто метавон онро ба хориҷ аз мамлакат бифурӯшад.

Вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол шуду фарзанди барӯманди миллат сари қудрат омад, бо хиради модарзодии худ дарк намуд, ки иқтисодиёти мамлакатро бе қувваи барқ ҳеҷ тасаввур кардан мумкин  нест. Аз ин рӯ, ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» ва «Сангтӯда - 2» шурӯъ намуд. Баъди  ин таъминот бо қувваи  барқ ҳам ба истеҳсолот ва ҳам ба аҳолӣ бамаротиб афзун гашт. Аммо ин ҳам Роҳбари халқпарвари   давлатамонро қонеъ накард.

- То «Роғун»-ро насозем, мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил шуда наметавонем, - мегуфту мегӯяд зимни ҳар баромадашон Пешвои миллат. Ва ҳазорон нафар коргарону мутахассисонро ба сохтмони иншооти азими Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷалб намуд. Барои анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони ин иншооти азим ҳатто мутахассисони мамолики хориҷӣ даъват шуд. Имрӯз дар «Роғун» кор шабонарӯз ҷараён дорад. Ба хотири пешрафти кор ва анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони неругоҳ барои коргарону мутахассисон тамоми  шароитҳои кору истироҳат муҳайё карда шудааст.

Ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои тараққиёти иқтисодиёти кишварамон аҳамияти калон дорад. Дар сурати пурра ба кор даромадани неругоҳ иқтидори солонаи он беш аз 17 миллиард кВт соат неруи барқро ташкил медиҳад. Он вақт мо метавонем ҳам мамлакати худ ва ҳам кишварҳои ҳамсояро бо қувваи барқ таъмин намоем. Зеро Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар мамолики истеҳсолкунандаи қувваи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ имконияти бештар дорад. Заҳматҳои шабонарӯзии коргарону мутахассисон ва муҳандисон мояи ифтихору шараф аст ва ин заҳмати қаҳрамонони «Кохи нур» дар сарнавишти рушди миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт хоҳад ёфт.

«Роғун» ояндаи  неки мост. Бо ба кор даромадани он  саноатамон тараққӣ мекунад, иқтисодиётамон боло меравад, муҳимтар аз ҳама фардои зиндагиамон боз ҳам дурахшонтар мешавад.


Лола БОБОҶОНОВА,
омӯзгори МТМУ №4-и шаҳри Бохтар
Добавить комментарий