Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қисмати сӯхташудаи бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор мешавад
Қисмати зарардидаи бозори “Фаровон – Қӯрғонтеппа” шаҳри Бохтар, ки дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 июни соли ҷорӣ ба коми оташ рафта буд, дубора барқарор шуда истодааст.
Ба иттилои сардори ҶДММ “Фаровон Қӯрғонтеппа” Шерхонзода Ҳайдаралӣ корҳои барқарорсозӣ аз ҳисоби соҳибмулики бозор анҷом дода шуда, қарор аст, ки то ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Иқдоми мазкур аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии “Рушди Хатлон”, “Исмоили Сомонӣ асри 21” ва кумаки бозори “Ҳоҷӣ Шариф” амалӣ шуда истодааст.
Айни замон дар ин кор 20 техника ва 300 нафар сохтмончиён фаро гирифта шуда, дар ҳудуди бозор ду иморати 3 ошёнаи замонавӣ сохта мешавад.
Инчунин дар назар аст, ки дар таҳхонаи бозор ду ҳавзи калони ғунҷоиши об бунёд карда мешавад, ки дар оянда барои пешгирӣ аз сӯхтор мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори “Фаровон – Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар шаби 1 июни соли ҷорӣ, тақрибан соатҳои 22:00 сар зада буд, ки дар натиҷаи ин сӯхтор қисмати зиёди бозор ба коми оташ рафт.
Худи ҳамон шаб гурўҳи кории бартарафсозии оқибатҳои сӯхтор таъсис дода шуд. Дар натиҷаи омӯзиши гурӯҳи корӣ муайян карда шуд, ки сӯхтор аз сабаби суст будани ноқилҳои барқии ошхонаи “Ганҷина – 3” сар задааст. Инчунин гурӯҳи корӣ ҳаҷми зарари сӯхторро 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки ин рақам 44 фоизаш ба соҳибмулк ва 56 дарсади дигараш ба соҳибкорон рост меояд.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки ба соҳибкороне, ки дукону нуқтаҳои фурӯшашон зарар дидааст, то як сол имтиёзҳои андозиву пардохтҳои дигар дода мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ 15:59
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



