Бойгонӣ

ТАЛХИҲОИ ҲАВАС

   Тибқи маълумоти расмӣ дар даҳ моҳи соли 2019 дар вилояти Хатлон 317 нафар ба Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор шудаанд, ки аз ин 174 нафарашон аз беэҳтиётӣ ҳангоми ҳамхобагӣ бо шахсони бегона сироят ёфтаанд. Аммо ҳолдонҳо бар он назаранд, ки аслан шумораи мубталошудагони вируси мазкур аз омори расмӣ ҳам бештар аст. Ба гуфтаи онҳо на ҳамаи сироятёфтагон худро дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайди давлатӣ мегиранд.

Зимни суҳбат бо чанде аз ҷавонон ва сироятёфтагони ВНМО маълум шуд, ки аксарияти онҳо ҳангоми алоқаи ҷинсӣ намехоҳанд аз рифола истифода баранд. Сабаби инро аксарият агар дар кам шудани ҳаловати шаҳвониашон донанд, бархеи дигар мегӯянд, ки ба истифодаи чунин воситаҳои муосири ҳифзкунанда одат накардаанд. 

Бахтиёр Тухтаров, мудири шуъбаи эпидемиологии Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО-и вилоят иддао дорад, ки рӯз то рӯз маълумотнокии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон оид ба бемории ВНМО бештар гардидааст. - Солҳои пеш мо барои аз ташхиси духтурони Маркази ВНМО гузаштани ҷавонон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботию ташвиқотӣ мегузаронидем. Аксарияти ҷавонону занон аз ин шарм мекарданд ва худро солим мешумориданд. Хушбахтона, имрӯз андешаи сокинон, махсусан ҷавонону муҳоҷирон вобаста ба мавзӯи пешгирӣ аз вируси норасоии масунияти одам тағйир ёфта, онҳо ба хотири солимии худу наздиконашон тез-тез ба марказҳои ВНМО-и шаҳру ноҳияҳои вилоят муроҷиат мекунанд. 

Гулбарг (номи тағйирёфта), як тан бонуи миёнасол аз вилояти Хатлон аст, ки  панҷ сол пеш аз ин бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ВНМО мубтало гашта буд, аз ба бемории худ ӯ акнун иттилоъ ёфт. Зеро вазъи саломатиаш бад шуду рӯз то рӯз лоғар гардида, ба ҳадде расид, ки аз 65 киллограми қаблӣ вазнаш то 40 килло поин фаромад. Дар ҳамин ҳол вай маҷбур шуд, ки ба духтурон муроҷиат кунад. Ва ҳамин тавр баъд аз ташхиси тиббӣ ӯро дар қатори сироятёфтагон ба қайди давлатӣ гирифтанд. 

Гулбарг мегӯяд, ки ӯ аз хатари бемориаш дида, аз тағйир ёфтани муносибати наздиконаш нисбати худ метарсид. Ҳарчанд ӯ мехост ба духтур муроҷиат кунаду табобат ёбад, аммо андешаи он ки ҳамсараш шояд Гулбаргро нодуруст фаҳмида ӯро тарк мекунад, сари вақт ба духтур муроҷиат накардааст. Ҳол он, ки ин бонуи муштипар бо роҳи алоқаи ҷинсӣ чанд сол ин аз шавҳараш сироят ёфта буд. Ба гуфтаи Гулбарг ҳамсари ӯ ба Россия рафту бо чунин бало ба Ватан баргашт. 

- Тасаввур кунед, вақте мард барои чанд лаҳзаи ҳаловати шаҳвониаш дидаю дониста ҳамсари худро сироят мекунад  ӯ чӣ тавр наметавонад ба дигарон зиён оварад? -мегӯяд, Саида Муниева, духтури бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ аз шаҳри Душанбе. Дар идома С. Муниева аз таҷрибаи кориаш афзуд, ки шумораи зиёди мардон дур аз оила бахусус ҳамсар дар муҳоҷирати тӯлонӣ «маҷбур» мешаванд, ки бо дигаре муносибати шаҳвонӣ дошта бошанд. Умуман, сироят ёфтани онҳо ба чунин вирусҳо ва микробҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда аз фаҳмиш ва тарбияи ахлоқии ҷавонон низ вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол ҷавоне бо номи Бахтиёри Салим иддао дорад, ки тарзи либоспӯшӣ ва нимурён гаштугузор кардани бонувон, бахусус дар Россия табиӣ аст, ки ҳар мардро ба худ ҷалб мекунад. Ӯ афзуд, ки баъзе  ҷавонон дар муҳоҷирати корӣ бо машаққати зиёд даромад ба даст меоранд, аммо барои ҳавою ҳаваси чандлаҳзаинае на танҳо маблағ сарф мекунанд, балки ояндаи худро зери хатар мегузоранд. Бубинед, ҷавонмарде, ки иттилое дар бораи ҳифзи солимии худ надорад, магар аз муносибати шаҳвонӣ дида, шуғлу фароғати дигареро меписандад? – суол медиҳад Бахтиёр.

Ҷомеашиносон дар ин маврид бар он назаранд, ки аксари мардони осиёимиёнагӣ аз ҷиҳати физиологӣ боқувватанд ва наметавонанд нафси худро танзим кунанд. Аз ин лиҳоз онҳо нисбат ба мардони дигар кишварҳо ба бонувонон майли бештар доранд.

Г.Х (шакли кӯтоҳкардашудаи ному насаб) зани тоҷик низ бо ин андеша мувофиқ будани худро баён намуд. Ӯ илова кард, ки бархе аз занон низ бо тақозои ҳаёт вақте ба муҳоҷират мераванд, ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. «Вақте зан барои пулкоркунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад аксарият онро нодуруст маънидод мекунанд. Ва ин боис мегардад, ки зан бадном гардад. Вақте дар бораи ин ё он инсон туҳмат мекунанд ва бо ӯ мисли танфурӯшон муносибат менамоянд, вай танфурӯш мешавад. Тавре мегӯянд, бад гӯӣ, бад мешавад, хуб гӯӣ, беҳ»- андеша дорад Г.Х

Боймурод Табаров, корманди Ташкилоти ҷамъиятии АПЕЙРОН таъкид мекунад, ки аксари сироятёфтагони ВНМО аз ифшои бемории худ ҳарос доранд ва аз ин лиҳоз онҳо то маҷбур нашаванд худро ба қайд намегиранд. Дар бораи ВНМО ва чунин бемориҳои хатарзо мо бояд аз ин бештар ба мардум фаҳмонем. Ҷавононро хабардор намоем, то ин ки онҳо аз рифола истифода баранд ва худашонро аз хатар ҳифз намоянд. Дар ин ҳолат мо ҳадди ақал бо маълумот додан ба аҳолӣ сироят ёфтани даҳҳои ҷавони дигарро пешгирӣ мекунем»- идома дод Б.Табаров.

Сухан дар бораи он меравад, ки инсон бояд худ дар фикри саломатиаш бошад ва маълумотнокиашонро оид ба чунин зуҳурот зиёд намояд. Пеш аз он ки ба коре ё амале даст мезанад, дар он андеша бошад, ки фардо чӣ мешавад? Яъне аз оянда фикр кардан, ин одате ҳаст, ки инсонро аз ҳар бало эмин медорад. 


Амонҷон МАҲКАМОВ

«Сафо»
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019