Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, бахшида ба Рӯзи шашмақом, 12 майи соли 2022
Ҳамдиёрони азиз!
Дар хазинаи пурғановати санъати мусиқии миллати тоҷик шашмақом бо таърихи куҳан ва аркони сирф миллиаш нодиртарин ва ҷаззобтарин гавҳар маҳсуб гардида, ҷойгоҳи баландро соҳиб аст. Чун ба авроқи таърихи бостонии санъати мусиқии тоҷик назар андозем, бегумон, пурҷилотарин дурдонаҳои мусиқӣ тавассути санъаткорони асили миллат дигарбора эҳё ва то ба насли имрӯза мерос мондаанд. Маҳз ҳамин бузургии санъати миллии шашмақом аст, ки дар радифи дигар арзишҳои муқаддасу миллии тоҷикон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор ёфт ва ҷиҳати рушду камоли ин санъати миллӣ ва бузургдошти шашмақом ба ҳайси як рукни абадзиндаи миллат ҳамчун достони муҳташами савту калом соли 2000-ум мақоми давлатиро касб карда, то ба имрӯз ҳамасола 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом таҷлил карда мешавад.
Боиси зикр аст, ки тавассути сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат шашмақом на танҳо мавриди пажуҳиш, омӯзиш қарор гирифта, ба як мактаби бузурги камолот табдил ёфтааст, балки бо саъю талоши Роҳбари давлат шоҳкории мероси фарҳангии ғайримоддӣ ба феҳристи шоҳасарҳои Созмони байналмилалии ЮНЕСКО дар соли 2003 пешниҳод гардида буд. Баъди омӯзиш ва тадқиқотҳои олимон соли 2008-ум шашмақом ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид карда шуд, ки бори дигар шуҳрати санъати миллии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Бо гузашти солҳо бо ташаббус ва дастгирии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати мусиқии миллӣ, аз ҷумла шашмақом рушду нумӯъ дорад.
Эълон гардидани 12 май ҳамчун Рӯзи шашмақом дар кишвар далели равшани таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии сиёсии кишвар нисбат ба ин жанри оҳанги миллӣ буда, дар партави ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар кулли мардуми Тоҷикистон ба ин ҳунари мардумӣ, ҳамчун мусиқии классикии миллӣ рағбат ва арҷгузорӣ менамоянд.
Маҳсули ҳамин иқдоми Президенти кишвар буд, ки шашмақом чун акси садои дили ҳазорон фарҳангиёни тоҷик дар самои Тоҷикистони азиз аз нав ба хурӯш омада, акнун марзи кишварро убур карда, дар ҷаҳон муаррифӣ гардида истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомули ин жанри миллӣ мароқи хоса зоҳир намуда, бобати эҳё ва идомаи мактаби мусиқии шашмақомхонӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, ҳунармандон дастгирӣ меёбанд.
Дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбли “Шашмақом” фаъолият дорад, ки ҳунармандони он ба ҳама тадбирҳои сиёсию фарҳангӣ ҷалб карда мешаванд ва нақши онҳо баҳри баланд бардоштани камолоти маънавии мардум, тарбияи насли наврас дар ҷодаи мақомхонӣ рушди ёдгории бегазанди санъати мусиқии «Шашмақом» беназир аст.
Ёдовар бояд гардид, ки бо мақсади ҳифзи мероси мусиқии суннатии тоҷик тадбирҳои судманд амалӣ гардида, ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба ин жанр дар заминаи мактаби суннатии “устод-шогирд” дар мактабҳои мусиқӣ ва санъат, инчунин дар назди ансамбли “Шашмақом” дастаҳои ҳаваскорон тарбия карда мешаванд.
Санъати маъмули шашмақом аз ҳар ҷиҳат ба шунаванда ҳаловат, осоишу роҳат бахшида, дари муъҷизаи худро боз намуда, ӯро ба олами волои худ раҳнамун месозад.
Мусиқидонону мақомхонони барҷастаи миллати тоҷик дар замони худ тавонистанд, ки ин жанри мусиқии миллиро устуворона ва қавӣ ҳифз намоянд, ки аз ҳеҷ гуна ақоиду андешаҳои ботил газанд нахоҳад ёфт.
Бояд ёдовар гардид, ки мақомхонони хатлонӣ, аз ҷумла Меҳрӣ Ҳоҷибоева, Адолат Комилова, Ҳазратқул Ҳусейнов, Ҳанифа Абдураҳимова, Маҳмадризо Ашӯров, Маҳмадалӣ Аюбов, Амриддин Кабиров, Қутбиддин Зиёзода, Марҳамат Маҷидова, Паригул Тошпулодова, Аҳад Пулодов, Ашӯров Умедҷон ва Зиёдалиев Қудратулло ва чанде дигаронро метавон ном бурд, ки имрӯз мактаби худро дошта, дар рушди мусиқии классикии тоҷик нақши босазо гузошта истодаанд.
Итминони комил аст, ки шашмақом чун рукни таърихи миллат аз насл ба насл гузашта, фасеҳтару қавитар мегардад ва чун арзиши миллӣ умри ҷовидона хоҳад ёфт.
Бигузор доимо дар фазои сулҳу суботи меҳан ёдгории бегазанди санъати мусиқии миллат - Шашмақом танинандоз бошад.
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд