“Ситораи замин”

   Гавҳарбӣ Пиракова як тан аз шахсиятҳоест, ки бо меҳнати ҳалолу хислатҳои наҷиби инсонӣ ва масъулиятшиносии баланд дар ободии Ватан саҳми босазои худро гузоштаву соҳиби обрӯю эҳтироми мардум аст. Ин зани меҳнатқарину мушкилнописанд, боҷасорату қавиирода, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ҳоло дар ноҳияи Восеъ ба сар мебарад.
   Бегоҳии фасли  баҳорон  деҳаи Меҳробод абрҳои сиёҳу тира болои осмон дошт, ки аз боридани борон хабар медод. Дарвозаро дар рӯ ба рӯи мо бонуи ҷавоне кушода иброз дошт, ки холаам аз сари заминҳо барнагаштаанд ва  ҳамин замон меоянд, гуфта моро ба меҳмонхонаашон даъват намуд. Баъди чанд лаҳза холаи Гавҳарбӣ дар даст каландча бо шавҳару набераҳояш гову гӯсфандҳоро пеш-пеш карда,  вориди ҳавлӣ шуданд.
 Гавҳарбӣ Пиракова соли 1942 дар деҳаи Буйдоқободи ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Кӯдакию наврасиаш сарсари ёлаҳои кӯҳӣ, харсангу марғзорҳо, соҳили дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ ва зери садою чаҳ- чаҳи булбулони хушовоз сипарӣ гардидааст. Барои азхуд намудан ва обод гардонидани заминҳои тўқайзор ва қамишзор охири солҳои 40-уми асри гузашта мардуми кӯҳистонро ба водиҳо муҳоҷир намуданд. Оилаи бобои Пирак ҳам дар қатори дигар аҳолии деҳаҳои кӯҳистон ба деҳаи Қурбоншаҳид (ҳозира Меҳробод)-и ноҳияи Восеъ кӯч бастанд. Шабу рӯз аҳлона заҳмат кашида, қамишзору тўќайзорҳоро ба заминҳои кишт табдил медоданд. Заминҳои корам ва боғу токзорҳо ба ҳазорҳо гектар доман паҳн мекард. Гавҳарбӣ мактабро бомуваффақият хатм намуда, ҳамроҳи аҳли оилаашон дар хоҷагӣ заҳмат мекашид. Пахтакорӣ аз бахши асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, сол то сол майдони кишти он бемайлон меафзуд.

   Бо мурури солҳо барои саривақт ғундоштани ҳосили он  мошинаҳои пахтачинӣ, бо истилоҳ “киштии кабуд” пайдо шуданд.  Гавҳарбии ҷавон кори мошинаҳои пахтачиниро дар пахтазор дида ҳавасаш меомад. Мақолаеро дар маҷаллаи “Занони Тоҷикистон”, ки дар он механизатори номдори узбекистонӣ, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Турсуной Охунова сари чамбараки мошини пахтачинӣ акс ёфта буд, мутолиа намуда, ҳавасаш ба ин касб бештар гардид.  Бо маслиҳати падару модар Гавҳарбӣ маҷалларо гирифта, назди раиси колхоз Устоди пахтаи тоҷик  Миралӣ Маҳмадалиев рафт. Гарчанде дар қабулгоҳи идораи хоҷагӣ одамони зиёде дар навбат буданд, Гавҳарбии ғаюр назди раис даромада, мақсадашро фаҳмонид.
   Ҳамин тавр, бо дастгирии раиси  хоҷагӣ шурӯъ аз рӯзи дигар 11 нафар ҷавондухтарон бо роҳбарии Гавҳарбӣ дар мошина, ки аз тарафи хоҷагӣ ҷудо гаридида буд, ба омӯзишгоҳи касбӣ техникиии рақами 16-и ноҳия рафта то бегоҳӣ таҳсил мекарданд. Баъди хатми курси шашмоҳаи азхуд намудани техникаи соҳаи кишоварзӣ соҳиби шаҳодатномаи механизаторӣ шуданд. Соли 1960 дар мавсими ҳосилғундорӣ аввалин бор ба сари чанбараки мошини пахтачинӣ нишаста,то охири мавсим зиёда аз 180 тонна пахта ҷамъоварӣ намуд. Корнамоии меҳнатиаш зуд дар ноҳияву вилоят паҳн гардид. Ҳамин тавр, тавассути меҳнати ҳалол, донишу қобилияти баланд дар саҳро кор мекард, бо мошинаи пахтачинӣ соле то 200- 250 тонна пахта ҷамъоварӣ менамуд ва бо ташаббусу навоварӣ ва комёбиҳои бузурги меҳнатиаш дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун “Ситораи замин ” ном баровард. Соле барои комёбиҳо ва нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ аз тарафи хоҷагӣ соҳиби телевизор ва мотосикли сечарха ва солҳои дигар бо ифтихорномаву инъомҳои гуногун сарфароз мешуд.
  Обрӯю эътибор ва шуҳрати ин зани меҳнатдӯст, механизатори номдор дар тамоми мамлакат паҳн гардид. Бо вуҷуди корҳои зиёд дар саҳро боз вақт ёфта, корҳои хонаро ҳам анҷом дода, дар  табияи фарзандон низ фурсат меёфт. 
  -Ҳамчун механизатори  пешқадаму фаъол  ва фидоии меҳнат дар анҷуманҳои XVII-XVIII Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон иштирок ва баромад намудам,- қисса мекунад Гавҳарбӣ Пиракова. -  Дар вақти танаффуси анҷумани XVII Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон роҳбари аввали ҷумҳурӣ- котиби якуми КМҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов намояндагони собиқ вилояти Кӯлобро, ки дар анҷуман иштирок доштанд, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ба раиси хоҷагии овозадори ба номи Ленин Миралӣ Маҳмадалиев тавсия дод, ки бо роҳбарии ман бригадаи комплексии пахтакорӣ ташкил намояд.
   Акнун дар назди Гавҳарбӣ масъулияти хеле баланд меистод. Сарварии бригадаи комплексии пахтакориро, ки дар ихтиёр 70 гектар замин дошт,  бо ҷасорат ва неруи тоза  оғоз намуд. Худаш сари чамбараки трактор нишаста, аз деҳа ба сари замин пору мекашонид.   Ба заминҳо яхоб монда, мавсими кишти пахтаро бо сифати баланд анҷом медод. Баъди он, ки чигит аз замин сар мебаровард, ӯ худ бо трактор пахтазорро култиватся менамуду озуқа (нуриҳои минералӣ) медод. Шабҳо ба об додани пахтазор назорат мекард. Дар мавсими кишт, парвариш ва ғунучини пахта хонаи ӯ саҳро буд.
   Соле аъзоёни бригадаи комплексии Гавҳарбӣ Пиракова ҳосили рекордии пахта- аз ҳар як гектар 42 сентнер ҷамъоварӣ намуданд. Худаш бошад бо мошини пахтачинии дуқатора 180 тонна “тиллои сафед” ғундошта, рекорд гузошт, ки минбаъд ӯро ба ифтихори тракторчизани машҳури собиқ Шӯравӣ “Паша Ангелина” ном мегирифтанд.
   Барои меҳнати шоён, ташаббускорӣ дар ғунучини мошинии пахта ва саҳми босазо гузоштан дар соҳаи рушди пахтакорӣ соли 1965 Гавҳарбӣ Пиракова сазовори унвони олӣ- Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ гардид. Бо шарофати роҳбарии оқилона ва ғамхоронаи Миралӣ Маҳмадалиев ва заҳмати фидокоронаашон дар он солҳо 11 нафар  аъзоёни ин хоҷагӣ ба гирифтани ин унвони олӣ мушарраф гардида буданд.
  Соли 1969. Фасли заррини тирамоҳ ҳукмфармоӣ дошт. Марди деҳқон ҳосили бо ранҷ парвариш намудаашро ҷамъоварӣ менамуд. Гавҳарбӣ Пиракова бо “киштии кабуд”-аш дар яке аз қитъаҳои пахтазори хоҷагӣ “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамуд. Ин дам аз идораи хоҷагӣ хабар оварданд, ки котиби райком ба назди деҳқонон омада, онҳоро дар хирман интизор аст. Гавҳарбӣ Пиракова бо бункири пур аз пахта ба хирман рафт.   Бо комбинзони корӣ, дасту рӯйи пур аз чангу хок аз мошинаи пахтачинӣ поин фуромада, назди котиби аввали кумитаи њизбии ноҳия Мирзо Бобоев рафт. Ӯ, ки бисёр роҳбари дилсӯзу ғамхор буд ва ба қадри заҳмати деҳқон мерасид, баъди салому алейк ва аҳволпурсӣ ба Гавҳарбӣ рӯй оварда гуфт: “Духтарам,  ман  мебинам, ки ту бисёр заҳмат мекашӣ, рӯзу шаб дар саҳроӣ. Албатта, заҳмати софдилонаи туро дида, мехоҳем туро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбӣ фиристем.
 Ҳамин тавр,  Гавҳарбӣ бо дуои волидон ва роҳхати ҳизбӣ солҳои 1969-1973 дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ  дар шаҳри Тошкент таҳсил намуд. Баъди хатми мактаби олии ҳизбӣ солҳои 1973-1980 дар вазифаҳои нозири кумитаи ҳизбии ноҳия, котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагӣ муовини раис ва раиси хоҷагии ба номи Кирови ноҳияи Восеъ сарбаландона фаъолият намуд. Гавҳарбӣ Пиракова тавонист тавассути роҳбарии оқилона, ташкили самараноки корҳои муҳими самти кишоварзӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва таҷрибаи андухташуда, хоҷагии қафомондаро аз қарздорӣ бароварда, ба яке аз хоҷагиҳои бою пешқадам табдил диҳад.
   Маҳз давраи роҳбарии ӯ хоҷагӣ солона беш аз 6 ҳазор тоннаӣ “тиллои сафед”  ҷамъоварӣ намуда, аз ҳисоби даромади он  роҳҳои қариб ҳамаи деҳаҳои хоҷагӣ мумфарш гардид, ба бисёр деҳаҳо хати оби тозаи нӯшокӣ кашида шуд, якчанд муассисаҳои таълимӣ марказҳои саломатӣ ва боғчаҳои кӯдакона бунёд карда шуд.  Дар ин миён бахшҳои  боғпарвариву чорводорӣ низ рушд ёфт. Баъдан чанд соли дигар Гавҳарбӣ ба ҳайси муовини раис ва раиси Љамоати деҳоти “Гулистон” фаъолият менамояд.
   Гавҳарбӣ Пиракова баъди хизмати арзанда ба халқу Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи диёри хеш сарбаландона ба нафақа баромад. Аммо дар хона бекор нишастанро ба худ авло надид. Ҳамроҳи фарзандону наберагон дар 8 гектар замини ғайрикорам хоҷагии деҳқонӣ таъсис дод. То имрӯз аллакай 4 гектари онро ба замини корам табдил дода, ҳамасола аз кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Аз ҷумла,  соли гузашта 10 тонна пахта ба даст оварданд.
Бузурге фармудааст: “Бидуни заҳмат зиндагӣ наметавонад ширин бошад”. Ҳамин аст шиори ӯ дар зиндагӣ ва 6 нафар фарзандонашро ҳам дар ҳамин рўҳия ба воя расонидааст, ки имрӯз яке омӯзгору дувумӣ табиб, дигаре хизматчии давлатӣ ва боқӣ бо соҳибкориву дигар шуғлҳо дар пешравии иқтисодӣ ва ободии кишвари азизамон саҳми босазои хешро гузошта  истодаанд.
      
А. Бобозода
Н. Восеъ


Похожие новости:
Добавить комментарий