Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАЁТИ ЗАНОН ДАР ЭҶОДИЁТИ МАРЯМ САФАРОВА
Дар нахустин асарҳои тасвирии Марям Сафарова ҳаёти пуртуғёни бонувони тоҷик, эҳсосот, ғаму андуҳ, ранҷу машаққат, интизорӣ, ишқи ноком ва ба ин монанд мавзӯъҳо мунъакис мешуданд. Зеро ба қавли ӯ баъд аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ занону модарони мо ба мушкилоти зиёди иҷтимоӣ ва рӯҳиву равонӣ рӯ ба рӯ гардида, иддае аз онҳо ҳамсар ва фарзандони худро аз даст дода буданд. Дар он айёми барои давлату миллат вазнин мардон барои дарёти қутти лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, занон дар баробари кор дар саҳро ба таълиму тарбияи кӯдакон танҳо машғул мешуданд.
- Дар солҳои ноамнӣ ҳамсарамро аз даст дода, бо чор фарзанд танҳо мондам, -мегӯяд рассом. Дар панҷоҳ солагӣ дубора ба санъати тасвирӣ рӯ овардам. Он ҳам аз маҷбурӣ буд. Зеро бояд коре карда барои таъмини рӯзгор пул меёфтам. Ҳунарманд ва наққоши шинохта Раҳимҷон Ҳамдамов маро ба ин кор ҷалб намуд. Муддате дар устохонаи ӯ фаъолият намудам. Дар миёни мардони наққош танҳо як зан будам. Он вақт шиору овезаҳо тайёр мекардем, чойхонаву кохҳои фарҳангиро оро медодем - нақл мекунад аз таърихи муваффақияти худ Марям Сафарова.

Баъдан дар Боғи фарҳангию фароғатии имрӯза шаҳри Бохтар ба фаъолияти касбии худ оғоз намуда, бештар ба инъикоси ҳаёти занон ва мушкилоти онҳо даст зад. Ҳамин тавр, шавқу рағбати Марям Сафарова ба санъати тасвирӣ афзуд. Аввалин асари ӯ “Панҷ эҳсоси зан” ном дошт ва дар он рассом симои занони тоҷикро тасвир карда буд. Маҳз ҳамин маҳсули дастони нозукаш Марям Сафароваро миёни ҷомеа бахусус, зиёиёну дӯстдорони санъат шинохта кард. Аз мусаввир хостанд он расмро барои туҳфа ба хориҷиён харидорӣ намоянд, аммо вай онро ройгон дод. Сипас, ба Марям Сафарова расониданд, ки аз миёни ҳамаи армуғонҳо он асари тасвирии пурмазмунро амрикоиҳо беҳтарин туҳфа номида, бо худ ба кишварашон бурданд.
-Бо тағйиру иловаҳо варианти дуюми “Панҷ эҳсоси зан”-ро дубора тасвир намуда, дар баробари дигар рассомон онро бо якчанд расмҳои табиати диёр дар Осорхонаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар ба намоиш гузоштам. Онҷо якбора дувоздаҳ кори маро харидорӣ намуданд. Аз ҳамон лаҳза таваҷҷуҳам ба тасвири паҳлуҳои гуногуни ҳаёти воқеии занон бештар шуд. Зеро ман ҳамчун зан, модар ва эҷодкор мушкилоти онҳоро ба хубӣ эҳсос мекардам, - иброз менамояд Марям Сафарова.

Ӯ ҳамчунин расми занонеро кашид, ки барои ғўзапоя дар пахтазори тафсон заҳмат мекашиданд, асари дигар оид ба рӯ оварии бештари бонувон ба соҳибкорӣ дар бозор буд. Дар ин миён Марям Сафарова тасвирҳоеро низ таҳия намуд, ки онҳо ифодакунандаи масоили доғ, аз ҷумла шавҳардиҳии духтарони ҷавон ба калонсолону мӯйсафедон, даст ба даст шудани бархе аз бонувону муҳоҷирати мардон ва интизории занону кӯдакон буд.
Мақсад аз тасвири мушкилоти иҷтимоиро рассом дар нишон додани воқеияти ҳол ба ҷомеа медонад. Аммо ӯ баъдан аз чунин мавзӯъҳо даст кашида, ба кашидани зебогиҳои табиат ва амсоли ин машғул шуд. Чунки ба гуфтаи ӯ он замон одамон бе ин ҳам аз кашмакашиҳову мушкилоти зиндагӣ хаста шуда, дар тасвирҳо танҳо хушию хурсандиро дидан мехостанд.
- Хомтарҳ (эскиз)-и силсилаи расмҳоро оид ба муҳоҷират бо номи “Интизорӣ” омода намуда будам, ки дар яке зан ҳамроҳ бо кӯдакон чашм ба роҳи падар медӯхтанд, дар дуюмин зан дар даст матоъ гулдӯзӣ мекунаду дар наздаш писарбаччаи хурдаш бозӣ, аммо ҳамоно ҳушу хаёли ӯ ба шавҳари муҳоҷираш асту вай ҳар лаҳза бо умед аз тиреза ба роҳ менигарад ва ба ин монанд расмҳо буд. Вале сад афсус, ки он асарҳои дарднок тавлид нашуданд. Зеро онҳоро дигарон хуш надонистанд. Ҳоло ҳам ҷомеа чунин расмҳои таърихиро чандон дӯст намедоранд, имрӯз аксарият аз мо тасвири табиат (пейзаж) дархост мекунанд, - зикр менамояд Марям Сафарова.
Ҳаёти худи мусаввир низ пуробуранг аст. Ҳарчанд ӯ аз аввал мехост мураббияи кӯдакистон бошад, аммо бо таблиғу ташвиқ ва мусоидати пайвандонаш ба Коллеҷи рассомии шаҳри Душанбе шомил шуда, ҳамагӣ ду сол таҳсил кард ва дигар онро идома додан нахост.
Ҳангоме, ки Марям Сафарова оила барпо кард, шавҳараш намегузошт, ки вай расм кашад ва ё ҳадди ақал ба фарзандаш омӯзонад. Аммо ӯ, ки алакай ба ин кор меҳр баста буд, пинҳонӣ суратҳои гуногун кашида, онҳоро дарронда мепартофт. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамсари ин рассом аз дунё гузашт ва ӯ бо чор фарзанд машаққати зиндагиро чашид. Қаблан, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ба бозор баромада савогарӣ кард, таом ҳам пухта мефурӯхт ва хулоса ба ҳар сў даву тоз карда, барои пешбурди рӯзгор талош мекард.

Соли 2001 ӯ ба зодгоҳаш – шаҳри Қўрғонтеппа (Бохтар) омаду баъд аз 35 сол дубора ба санъати тасвирӣ рӯ овард. Ӯро дар коллеҷи санъати бачагонаи шаҳр ба кор даъват карданд, аммо вай диплом надошт. Марям Сафарова боз ҳам илоҷе ёфта таҳсилашро дар коллеҷи рассомии пойтахт барқарор намуд. Баъдан ӯ соҳиби диплом ҳам шуд. Дипломе, ки дар он санаи дохилшавии донишҷӯ ба коллеҷ соли 1970 нишон дода шудаасту хатми он бошад ба соли 2006-ум рост омад. Аҷаб зиндагӣ ва кору эҷоди пурталотумро паси сар намуд, рассом. Имрӯз ҳам ӯ эҷод мекунаду шабу рӯз асарҳоеро меофарад, ки фалсафаи онро ба гуфтаи худаш на ҳама дарк мекунад.
-Бо хондани шарҳи ҳол ва таърихи муваффақияти рассомон озодию новобастагӣ дар эҷод ва тарзи кору фаъолияти онҳо бароям писанд афтод. Барои ҳамин ҳам роҳи эҷодро интихоб намудам. Солҳост, ки ҳам расм мекашам ва ҳам бо забони русӣ шеър менависам, - таъкид мекунад ин мусаввири номдор.
Ба гуфтаи ӯ ҳар рассом сабки худро дорад ва рангро ҳам ба таври худаш мебинад. Асарҳои тасвирии Марям Сафароваро ба осорҳонаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, меҳмонхонаву тарабхона ва идораҳои кории ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ харидорӣ менамоянд. Имрӯз ин эҷодкор тасвирҳоеро меофарад, ки бо рангорангии худ ба ҳаёт тароват мебахшанд.
М. АМОНҶОН
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



