Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Руҷӯи бонувони рустоҳо ба шуғлҳои музднок
Дар радифи бунёди роҳу пулҳои мошингард, ки рагҳои хунгарди кишвар ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушду инкишофи деҳот, гардиши молу коло ва фароҳамсозии имкониятҳои ба роҳати равуои одамон нақши аввалиндараҷа мебозад, таъсиси корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар рустоҳои дурдаст аз иқдомҳои ояндасози соҳибкорону сармоягузорон баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Дар доираи татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва нақшаи омодагиҳо ба истиқболи арзандаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳоти қаламрави вилояти Хатлон зиёда аз 8200 иншооти гуногун бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Дар ин давра бо ибтикори соҳибкорону сокинони саховатпеша даҳҳо шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилоят симои худро ба куллӣ дигар кардаанд. Аз ҷумла, дар раванди корҳои бузурги созандагӣ сокинону зодагони Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара намунаи ибрат мебошанд. Бинобар иттилои масъулони деҳоти мазкур давоми се чаҳор соли охир дар 8 рустоҳои ҳудуди деҳоти Пушинг 44 иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз ҷумла, дар доираи корҳои ободонии диёр бо ибтикори соҳибкорону фарзандони барӯманди Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара 16 киллометр роҳҳои ҳудуди маҳаллаи Пушинг мумфарш карда шуда, аз ду тарафи роҳҳо ниҳолу гулу гулбуттаҳои ороишӣ шинонида шуд. Ҳамчунин, роҳҳои мошингарди аз деҳаи мазкур ба самтҳои деҳоти Шаршару Ғарғара низ таъмиру тармим гардид. Тавре, ки Ҷамолиддин Исоев, сарвари МТМУ №5-и деҳоти Пушинг иброз медорад, ташаббусҳои роҳсозиву саҳмгузории фарзандони фарзонаи деҳот дар дигар корҳои ободонӣ, аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, ки дар баробари эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нахуст роҳи мошингарди деҳаи Пушинг то маркази ноҳияи моро ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ таъмири пурра намуданд. Ин роҳи баромадгоҳи деҳоти Пушинг ба шоҳроҳи Душанбе-Данғара –Кӯлоб –Бадахшон, ки 18 километрро дар бар мегирад, дар рушди минбаъдаи деҳкада ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони он нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.
Маврид ба ёдоварист, ки бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошад, ки моҳи майи соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд. Дар бари бинои хуштарҳи муассисаи таълимӣ майдончаи фароғатии кӯдакона, пасон шуъбаи таваллудхона, мағозаву маҷмааи хизматрасониҳои гуногун, аз қабили ҳамин гуна иншооти ҷашнӣ мебошанд, ки ба симои рустои бостонии Пушинг ҳусни дигар зам кардааст.
Дар яке аз қисматҳои Маҷамааи хизматрасониҳои маишии маҳалла коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 6 нафар занону духтарони деҳа ба шуғли даромаднок фаро гирифта шудаанд. Рупия Давлатова, як тан аз ҳунармандони деҳа солиёни зиёд дар шароити хона ба духти сарулибоси занона машғул буда, ба ин васила дар таъмини рӯзгори оила кумак мерасонид. Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳи дӯзандагӣ ба кор даъват шуда, рӯз аз рӯз теъдоди муштариёнаш зиёд шуда, ба ин васила фоидаи бештар ба даст меорад.
Бошандагони деҳа аз иқдомҳои хайрхоҳонаи абармардони деҳот рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар баробари рушди ҳунарҳои мардумӣ занону духтарони хонашини деҳаҳои атрофро низ ба курсҳои ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда истодаанд.
Ба гуфтаи Рупия Давлатова ҷавонмардони ободгари Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара новобаста ба натиҷаҳои дар самти корҳои ободонӣ ноилгардида ният доранд, ки ташаббусҳои созандагиро идома дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ ва доимӣ саъю кӯшиш намоянд. Умедворам, ки дар баробари ташкили ҷойи кору фароҳам овардани имкониятҳо ҷиҳати фаъолгардонии бонувон дар истеҳсолот, ҳамчунин, дар маркази деҳот боғчаи бачагона низ бунёду мавриди истифода қарор дода мешавад. Зеро, аз сабаби набудани муассисаҳои томактабӣ дар деҳоти атроф имрӯз баъзе бонувони коргари рустоҳои деҳоти Пушинг кӯдакони худро ба муассисаҳои томактабии маркази ноҳия мебаранд.
Бо тасдиқи ин гуфтаҳо сокини деҳкадаи мазкур Мавлуда Абдуллоева иброз медорад, ки дар баробари ифтитоҳи сехҳои дӯзандагиву бофандагӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ва руҷӯи бонувони хонашин ба корҳои истеҳсолӣ талаботи мардуми деҳот низ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ зиёд шуда истодааст. Дар мисоли се соли охир, ки дар деҳоти мо якчанд иншооти гуногуни хизматрасонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, зиёда аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аксарияти онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Юсуфи Собир, ноҳияи Данғара
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



