«Ба ҳар ош ҷурғот нашав» !

Меҳмон  Исломқулов               
  (адиби ӯзбек)
   (ҳаҷвия) 
             Як рӯз дар автобус  кисабурро аз наздик дида мондам  гўед. Агар умр дароз бошад, инсон чӣ чизҳои надидаву нашунидаро дидаву мешунидааст. Аҷибаш он, ки кисабур ҳам монанди мову шумо одам будааст, на ба ягон махлуқи аз сайёраи дигар  омада  шабеҳ. Кисабуреро, ки дидам, зоҳиран гумон мекардед, ки  ё раис аст ва ё аспирант.
       Ана  ҳамон кисабури дар қиёфа зиёинамо аз дари қафои автобус даромада, аз як тараф  кисаҳои мусофиронро «тафтиш» карда, баъзеашонро «сабук» -у дигареро  батамом  «холӣ» намуда, ба сӯйи дари пеш омадан гирифт. Нафаре  ҳаракатҳои ӯро ҳис карду дуюмӣ не. Хуллас, ягон шахс  овоз набаровард. Ҳамин лаҳза ҷунбидани ким- чизеро дар барам ҳис кардам. Бинам дасти кисабур дар ҷайбам бемалол «сайр» мекунад ва маоши якмоҳа бо арақи  ҷабин  ёфтаамро  «тасарруф» намуда,  ба яғмо мебарад. Зуд аз дасташ доштам. «Ҳой номард, чаро ту ба кисаи шахси  бегона даст дароз мекунӣ?!», -гўям, «Ту барои чӣ ба зиндагии дигарон кордор  мешавӣ?» филҳол ҷавоб дод ў… 
Ҳангу манг шуда, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро надониста мондам. Мусофирон ба ман ёрӣ медиҳанд гуфта ба атроф нигаҳ кунам, ҳама ба  «кор»-и худ овора:  Яке рӯзнома мехонаду дуюмин  бо маҷалла рўяшро пинҳон карда, гўё пинак рафтааст  ва сеюмӣ бошад, аз берун чашм намеканад. Гумон  мекунед, ки сирки аҷоибро  ба намоиш  оварда  монда  бошанд. Аз бепарвоии  одамон  дар  ғазаб  шуда, «ҳой ронанда!», дод задам, - дар ягон  истгоҳ  наистода, рост  ба милитсияхона  ҳай  кун!  Дуздро  дастгир кардам, дузди кисабурро!» 
 Ронанда бошад, бо тамоми  овозаш «Ба ҳар ош ҷурғот нашав!», гуфт ва дар истогоҳи  навбатӣ  автобусро  манъ карда, дарҳояшро  боз намуд. Дузд худро  аз дастам  раҳо карда, бодвор  аз автобус  фаромад ва  дар берун  панҷаҳояшро  мушт карда, ба сўям  таҳдидомез  ким-чизе гуфт…
       Кисаамро  даст – даст  кунам, аз маоши  якмоҳаам  танҳо  се сумакам боқӣ  мондаасту  халос. Пул муфт рафт гуфта хеле  таассуф  хӯрдам. Ҳоло ки авбош  нест, «хонашерҳо»  афзун мегарданд. Шӯре  бархост  андаруни  автобуси  мо. Боз як ду шахси ҳамёнаш  холишуда  ба ҳафт пушти  гузаштаву  рафтаи кисабур  лаънату  дашномҳои  дастабиринҷӣ  фиристоданд…
      Як ҷавони ҳузарб  чунин иброз  намуд:
  - Аз ҷоям  парида хеста  сарашро  зада  майда- майда  кунам  гуфтаму ин  безориҳо боз гурӯҳ -– гурӯҳ  шуда мегарданд  гўён  ба худ  андешидам. – Як кас  зуд  рафта ба милитсия хабар диҳад, дастгир кардани  дузд осон мегардад,  - гуфт дигаре.
      Ман  ба истгоҳи  оянда наздик шуда  аз  автобус  фаромадам. Бо ҳамон  се  сумаки  аз кисабур  дар ҷайбам  боқимонда,  таксӣ киро  карда, роҳи шуъбаи  корҳои дохилиро  пеш  гирифтам. Дар назди бинои шуъба  милитсионереро  дидам, ки  рутбаи капитанӣ  дошт ва дар дасти  чапаш  латтачаи  сурхи  «навбатдор» баста шуда буд. – Рафиқ  капитан, ман ҷабрдида .  Дар автобус  пуламро  дуздиданд. Хоҳиш  мекунам, ки ёрӣ  расонед, - гуфтам ба ӯ.
    Капитани навбатдор  маро ба дохили  бино ҳидоят  карда, бо қираи чашм ба коғази  дар рўйи  миз  дар гўшае  истода, ишора  намуда, «Ариза нависед!» гуфт.
 - Чӣ хел ариза?  - тааҷҷуб кардам  ман
 - Дар кадом автобус  чанд сӯм  пулатонро дуздондед, бо  тамоми  ҷузъиёташ  қайд кунед. Агар илоҷаш шавад, шоҳидон низ  ариза нависанд!
  - Рафиқ капитан, бо ин тарзе, ки  шумо иброз  намудед, дуздро чӣ  тавр  метавон дастгир  кард?  Дар шаҳр дуздон дар нақлёти  ҷамъиятӣ  монанди  оне, ки  гўё дар хонаи  момокалонашон  бошанд,  бемалол «сайр»  карда  мегарданд.  Шумо бошад, шоҳид, ариза  мепурсед, - гуфтам  ба ғазаб омада.
  - Акнун  ба кори мо танҳо  шумо дахолат накарда  монда будед, - гуфт навбатдор ва бо зарба  ин нуқтаро  ба забон  овард «Биё, ба  ҳар  ош ҷурғот нашав»?
Зуд ба курсӣ нишастаму  оид  ба амалиёти  кисабур  ва мусоҳибаам бо навбатдори  милитсия  ду се варақро  «сиёҳ» кардам. Аз  ҷоям хеста  роҳи идораи рӯзномаро пеш гирифтам.
Ходими рӯзнома  навиштаҳои  маро хонда баромад. «Ҳама  чизро  бо якдигар  омехта  кардед- ку?», - гуфта  монд.
- Чӣ чизаш  нағз не?  Ман  чиро омехта  кардаам, - гуфтам  ба  ғазаб омада. Охир  ин ҳама  корҳои  воқеӣ,  ҳаётианд. Услуби  реализм риоя шудааст. Ин ҳодисаҳо қариб,  ки  дар ҳаёт  ҳар рӯз  ба вуқӯъ  меоянд. Боз  барои  шумо  кадом  масъала нофаҳмост ?  
  - Дуруст ба гуфтаҳоятон шубҳа  надорем. Агар  ин чизҳоро  эълон кунем, як нафар  кисабур гуфта,  ҳазорон нафар одамони  поквиҷдонро  хафа карда  мемонем. Як тан ходими  милитсия  расмиятчигӣ  кард гуфта  садҳо нафар  милитсионерони ҷасур, ки шабро шаб, рўзро  рўз нагуфта  дар ҷойҳои  муқаррарияшон  аз худ ҷасорат ва мардонагӣ  зоҳир менамоянд, хафа кунем магар ?
  Бар замми  ин, бадиаш боз дар ин ки  ба мардуми  он тараф  факт мешавад, - гуфт ходими маҳмадоно ва ба сўйи  тиреза ишора намуд.
- Дар он тараф киҳо ҳастанд? – пурсидам мутаҳайирона.
- Аҷнабиён, журналистон, рӯзноманигорони  он сўйи уқёнусро  дар назар дошта, -гуфт ў.
- Ин тавр бошад, ҳоло ҳам, даст шиканад, даруни остину сар кафад, зери тоқӣ,» - будааст-дия. Магар бозсозӣ ҳамин аст?, -гуфтам.
- Ҷавони хуб, бисёр донотарошию  афлотунӣ  накун. Рав аз паси корат шав! Ба ту кӣ  мондааст, ки ба ҳар ош ҷурғот шавӣ ?, - гуфт ў шиддат карда.
      Бо асабонияту ғами зиёд ба манзилам омадам. Завҷаам, ки  аз таҳти гап бехабар буд, як бора  саволборонам  кард:
- Ҳа,  ин қадар  аз қошу қавоқатон  барфу борон  меборад? Ягон кас хафа-пафа кард мегўям?  Ягон рўзи ба хона бо димоғи чоқ ва  табъи болида меомадагиатон ҳаст ё не? Шумо кўчахандонаку  хоназиндонакед, -гуфту сабри маро лабрез намуд.  Ҳамин тавр, ҷанги шифоҳии мо ба набарди косаву пиёла, чойнику лаълишиканӣ  бадал гашт…
    Завҷаи меҳрубон тифлаконашро гирифта ба хонаи модараш рафт…
      Пагоњӣ  шахсони муътабари маҳалла  маро ба чойхонаи гузар даъват карда, хуб «чилёсин» намуданд.
   «Чаро ба корҳои оилавии  ман дахолат  мекунед?» - гуфта дар балои азим мондам.
     Агар ба корҳои оилавиат дахолат  мекарда бошем, -гуфтанд онҳо ҳам паст наомада, - зудтар  аз маҳаллаамон  ба дигар  ҷо кӯчида рав!  Хуллас, аз гапи одамони  маҳалла ранҷида, маҷбур шудам, ки аз завҷаам  бахшиш пурсам…
   - Азизам, аз гуноҳам гузар, узр, - гуфтам. 
  - Бахшад – набахшад, охир бо се нафар кўдак куҷо ҳам  мерафт ?, - мегўед шумо.
  Лундаи гап он ки ман як чизро аз таҷрибаи шахсиам кашф намудам. Ҳамин  масали  «Ба ҳар ош ҷурғот нашав!»  моли сирф бюрократҳо,  расмиятчиҳо будааст. Бюрократ ҳам  ба кисабур шабоҳат дорад мегўям.   
Аммо коре, ки бюрократ нисбат ба шумо раво мебинад, ҳисобаш гум.
Тарҷумаи  Ҳотами  Ҳоҷӣ, омӯзгор

Добавить комментарий
Маҷалаи №6-2019