Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
“Тоҷикистон- Ватани азизи ман”- маҳзари истеъдодҳо
Озмунҳои “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм- фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани донишу маърифатнокии ҷомеа, ба вижа наврасону ҷавонон, бедории миллӣ ва тарбияи ватандӯстиву ҳисси арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва рушди илм роҳандозӣ гардидааст, ҳамчунин омили дарёфти истеъдодҳои нодир арзёбӣ мегардад.
Дар даври вилоятии озмуни имсолаи “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар номинатсияи навозандагӣ шайпурнавози 14 сола аз ноҳияи Ҷайҳун София Мубалиева ғолиби ҷойи аввал ва барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Ба гуфтаи омӯзгори асбобҳои нафасии Мактаби санъати бачагонаи ноҳия Панҷшанбе Хаёлҷонов дар Тоҷикистон навозандагони хуби асбобҳои нафасии кларнета, саксафон ба воя расида истодаанд, аммо София нахустин духтари шайпурнавоз ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, умедворам дар оянда дар пайравӣ бо ӯ сафи шайпурнавозон аз ҳисоби духтарон хохад афзуд.
- Чаҳор сол пеш ба Мактаби санъати бачагонаи ноҳия омада, хоҳиши омӯхтани ин асбобро кард. Ҳарчанд ба вай фаҳмонданӣ шудам, ки то ҳол дар кишварамон ягон бонуеро надидаам, ки дар навохтани ин асбоб муваффақ шуда бошад, аммо София дар азмаш устувор буд. Дар се рӯзи аввали машқҳо садояшро бароварда натавонист, вале ӯро рӯҳбаланд мекардам, ки бо ин шавқу саъю талошҳое, ки дорад, ҳатман дар ин ҷода муваффақ хоҳад шуд. Рӯзи дигар садояш кушода шуду ҳаминак, то имрӯз ҳунару истеъдоди худро сайқал дода истодааст. Дар такмили ҳунари навозандагии София тағояш оҳангнавози моҳир Наҷим Ҷаннатов саҳми муҳим дошта, ба ӯ шайпур харид, то дар хона ҳам пайваста машқ карда, маҳораташро такмил диҳад, - мегӯяд Панҷшанбе Хаёлҷонов.
- Дар даври ниҳоии Озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” вақте аз Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба Филармония давлатӣ мерафтем, узвҳои роҳи нафасаш шамол хӯрд ва нигаронӣ доштам, ки мабодо ин ҳолат зимни баромадаш таъсир расонад. Новобаста ба натиҷаҳои даври ниҳоӣ ин озмун барои София таҷрибаи хуб шуд, зеро то кунун дар чунин озмунҳои сатҳи баланд иштирок накарда буд.
Айни замон София Мубалиева дар синфи 6-уми МТМУ №1-и ноҳияи Ҷайҳун таҳсил дошта, баъди хатми он таҳсилоти олии санъати навозандагиро дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхоҷа Сатторов идома хоҳад дод. Орзу дорад, шайпурнавози касбӣ шуда, барномаҳои ҳунарии худро пешкаши мардумони кишварҳои олам намояд.
-Мо соҳиби чаҳор фарзандем, София фарзанди севуми хонадон буда, аз овони тифлӣ оромтабъу ниҳоят меҳрубон аст,- иброз дошт дар оғоз модари ӯ Сатира Ҷаннатова. - Хоҳарбузургаш Ясмина, ки дар синфи 10-ум мехонад, аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ то даври вилоятии Озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” иштирок карда буд. София дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил дошта, сардори синф аст ва фориғ аз дарс сӯи Мактаби санъати бачагона мешитобад.
Дар ин боргоҳи фарҳангӣ бо роҳбарии санъаткорони касбӣ гурӯҳҳои омӯзиши асбобҳои нафасӣ, рубоб, аккордеон, фортопеано, най, асбобҳои зарбӣ (дойра, таблак), гурӯҳи рассомони наврас ва маҳфили хорсароӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 60 нафар наврасони лаёқатманд ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Омӯзгори асбобҳои нафасӣ Панҷшанбе Хаёлҷонов иброз медорад, ки барои ҷалби бештари наврасони кишвар ба санъати мусиқӣ пеш аз ҳама, мактабҳои санъати бачагонаро бо асбобҳои мусиқӣ таъмин намуда, баъдан барномаҳои телевизионии вобаста ба тарғиби истеъдодҳои наврасро бояд дубора эҳё кард.
-Баъдан, хуб мешуд дар оянда сабқати ҳаваскорони мактабҳои бачагонаи мусиқӣ аз донишҷӯёни муассисаҳои оливу касбӣ ва консерватория, ки аллакай ҳунармандони нимкасбӣ мебошанд, ҷудо карда шавад. Зеро, илова ба фарқияти зиёди синну солӣ ва ҳам шароиту имкониятҳои беҳтари ҳунаромӯзии донишҷӯёни муассисаҳои касбиву олии санъат, Мактабҳои бачагонаи санъати ноҳияҳои дурдаст ба асбобҳои мусиқӣ эҳтиёҷ доранд.
Дар умум, аз иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат баҳри рушди соҳаи фарҳанг ва эҳёи ҳунарҳо рўҳбаланд гардида, мақсад гузоштаам, ки бо дастрас гардидани асбобҳои нафасӣ дар назди Мактаби санъати бачагонаи ноҳия оркестри кӯдаконаи асбобҳои нафасиро таъсис диҳам,- иброз медорад П. Хаёлҷонов.
Дарвоқеъ, таъсису баргузории озмуни “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” ба санъаткорони касбиву ҳунармандони мардумӣ ва ҳаваскорони наврас такони ҷиддие бахшида, шавқу таваҷҷуҳи ҷомеаро ба фарҳанг, санъати касбии мусиқӣ ва олами илму маънавиёт даҳчанд зиёд намуд, - изҳор дошт зимни суҳбат мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун Манучеҳр Назархудоев. - Дар доираи нақша- чорабиниҳо бобати рушди соҳаи фарҳанги ноҳия тасмим гирифтаем, ки дар соли пешомад ансамбли халқии бадахшонӣ ва ансамбли фолклориро таъсис медиҳем. Ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои пешгирифта мутахассисони сарояндаву навозандагони касбӣ дорем ва истеъдодҳоро аз миёни мардуми одӣ низ ба ҳамкорӣ даъват намудаем. Инчунин, бо дастгирии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон асбобҳои мусиқиро дастрас намуда, сарулибоси ҳайати ин ансамблҳоро роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмин намуд. Аҳли ҳунари ноҳия дар Озмуни “Андалеб” дар вилоят ҷойи аввалро соҳиб шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтем.
Юсуфи Собир, ноҳияи Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»
ЁВОН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Тоҷикстандарт. Дар Хатлон 7,3 тонна маҳсулоти ғайристандартӣ ошкор шуд
БУНЁДИ 18 ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАШ МОҲ
120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони беморхонаи Кӯлоб барқарор карда шуд