Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ
Ҳамқадами замон будан, огаҳӣ аз технологияи пешрафта, донишманду забондон будан ба қавле аз меъёрҳои муосир ва талаботи имрӯза барои насли ҷавон аст, ки мебояд ин лаёқату зарфиятҳоро дошта бошад. Аз назари аввал ин «меъёр»-ҳо сода намояд ҳам, аммо чун ба умқи он назар андозем, чунон осон нест, то ҷавобгӯи талаботҳои зикргардида ба воя расидану омода намудани ҷавонон. Маврид ба ёдоварист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар садҳо ҷавонони лаёқатманди мо бо диди наву неруи тоза талош намуда истодаанд, ки дар ҳамаи арсаҳо пешгому сарбаланд ва муаррифгари шоистаи миллат бошанд.
Хайринисо аз зумраи ин гуна ҷавонони хуштолеи даврони соҳибистиқлолии кишвар аст, ки бо талошу заҳмат дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намуд. Бонуи пуркору болаёқат ҳамеша дар такопў ва ҷустуҷӯ буда, ба қавле ҳар лаҳзаи зиндагиро ғанимат дониста, баҳри пешрафту рушди касбу ҳунарҳои хеш саъю талош дорад.
Хайринисо дар оилаи зиёӣ дар шаҳри Бохтар тарбия ёфтаву ба камол расидааст. Падараш Ниёзов Карим аз омӯзгорони собиқадори ДДБ ба номи Носири Хусрав, модараш ҳамшираи шафқати КАТС-и шаҳри Бохтар барои таълиму тарбияи фарзандон ниҳоят диққати ҷиддӣ дода, барои илмомӯзии онҳо сармояи худро дареғ намедоштанд. Ин буд, ки ҷигарбандонаш дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил намуда, бо рафтори намунавӣ мояи ифтихори падару модар буданд.
Хонаводаи тифоқ ба донишандӯзиву истеъдоду малакаи фавқулодаашон намунаи ибрат барои ҳамсояҳо буданд. Дар ин муҳити солими хонаводагӣ, ки падару модар дар баробари меҳру муҳаббати беандоза дар таълиму тарбияи онҳо ниҳоят ҷиддӣ буданд, фарзандони онҳо дар рўҳияи озодманишӣ ва худшиносу ба зиндагӣ хушбин ба камол расида, минбаъд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карданд.
-Дар дудмони падариам ҳамеша миёни мо як мусобиқа ва ё сабқат идома дошт, ки кадоме аз бародару хоҳаронам бештар баҳои аъло мегиранд,- ба ёд меорад овони наврасии худро Хайринисо. - Шабона, ҳангоми дарстайёркунӣ миқдори баҳои «5» шумурда мешуд ва охири ҳафта ин мусобиқа ҷамъбаст мегардид.
Яъне, дар сафи пеш қарор доштан, чусту чолок будан ва дорои хислатҳои наку будану андешаи аз дигарон бартарӣ доштан ҳамеша дар зеҳни Хайринисо чарх мезад.
Хайринисо дар зиндагӣ падарашро, дар кору сиёсат Хайринисо Юсуфиро идеали худ мешуморад. – Падарам як шахси ниҳоят хоксору инсони заминист. Маҳз талошҳои падарамон буд, ки мо панҷ нафар фарзандони оила ҳама соҳибмаълумот гаштем. Аз модар покию меҳрубонӣ, аз падар инсони ҳақиқӣ буданро омўхтем,- мегўяд Хайринисо Ниёзова.
Ҳамин тавр, баъди хатми МТМУ №12-и шаҳри Бохтар Хайринисо ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, соли 2007 онро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ бо дипломи аъло хатм намуд. Ҳанўз донишҷў буд, ки дар МТМУ №5-и шаҳри Бохтар ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолият менамуд. Баъди хатми донишгоҳ то соли 2008 дар ин ҷо бинмуда, аз соли 2008 фаъолияти омӯзгории худро дар Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар идома бахшид. Дар ин махзани дониш таҷриба андухт ва худро ҳамчун намояндаи насли ҷавонон шоиста муаррифӣ намуд. Дар Коллеҷ ба сифати мудири кафедраи забонҳо, раиси Созмони ҷанонони Коллеҷ фаъолият намуд. Ҳамзамон, ба донишу ихтисоси олиаш нигоҳ накарда, бо мақсади аз бар намудани илми тибб Коллеҷи тиббиро низ хатм намуд.
Соли 2019 дар шаҳри Левакант Коллеҷи тиббӣ таъсис ёфту Хайринисоро ҳамчун кадри ҷавону болаёқат ба ин муассисаи навбунёди тиббӣ ба кор даъват намуданд. Чанд муддат дар Коллеҷи тиббии шаҳри Левакант фаъолият бинамуда, баъдан соли 2021 зимни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ифтитоҳ гардид ва Хайринисо ба ҳайси мутахассиси ҷавонон ба ин муассисаи тиббии замонавӣ ба кор даъват шуд. Ҳаминак, ӯ ба ҳайси муовини директор оид ба тарбия дар ин Коллеҷи тиббии инноватсионӣ фаъолият дорад.
Ба гуфтаи Хайринисо имрӯз барои ҷавонон имкониятҳои зиёди илму касбомӯзӣ, сайқал додани истеъдод ва рушду равнақи ҳунар фароҳам гардидааст. –Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун ояндасозон ва неруи созанда эътимод дорад ва ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бояд сазовори ин боварию эътимод бошем,- мегӯяд Хайринисо.
- Имрӯз дар Коллеҷи инноватсионии шаҳри Бохтар 7 факулта, аз қабили ҳамшираи шафқат, момодоягӣ, табобатӣ, фармасевтӣ, табобати дандон, дандонсозӣ, тиббӣ-ташхисӣ, тиббӣ- профилактикӣ арзи вуҷуд дошта, дар онҳо 900 нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Китобхонаи Коллеҷ бо 50 ҳазор нусха китобҳои электронӣ таъмин буда, ошёнаи шашуми Коллеҷ азнавсозӣ гардида, барои 400 нафар донишҷӯдухтарони ин муассиса хобгоҳ ташкил гардида истодааст.
- Ҷавононро ҳамқадами ҳаёт дидан мехоҳам. Ин ба он маънист, ки ҷавонон ҳар лаҳзаи умри худро пурсамар истифода намоянд. Имрӯз бештари ҷавонон саргарми телефону интернет буда, барои истифода аз ин воситаҳои электронӣ маблағ, неру ва вақти қимати худро сарф мекунанд. Аммо, хуб мешуд, ки насли ояндасози кишвари мо неруи созандаи худро барои илму донишандӯзӣ ва корҳои ободонии Ватан ва ҳифзи якпорчагии он сарф намуда, ҷиҳати рушду пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзандаи худро гузошта, барои наслҳои оянда аз худ корномаву хизмати шоёнеро мерос гузоранд, - иброз медорад Х. Ниёзова.
САФО
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР



