Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НЕКСИРИШТ
Шебу фарози зиндагӣ худ панд аст ва он инсонро дар масири пурпечутоб обутоб медињад. Ин ҳикматро танҳо онҳое эҳсос мекунанд, ки таҷрибаи ҳаёт доранду миёни хайру шар фарқ мегузоранд, - мегӯяд Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар. – Аз айёми ҷавонӣ ҳамеша орзу мекардам, ки дар ҷодаи интихобнамудаам ба воя расида, дастбакору саховатманд бошам ва манфиатам ба дигарон расад.
Овони кӯдакии қаҳрамони матлабамон дар зодгоҳаш – деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик сипарӣ гардидааст. Ӯ ҳамроҳ бо бародарону хоҳарони хурди худ замоне аз меҳри падари азизашон маҳрум монда будаанд, ки Ҳабибулло Иззатуллозода ҳамакнун ба синфи якум мерафт.
-Модари ниҳоят мушфиқу меҳрубонам мо ҳафт нафар фарзандонро танњо ба воя расонида, таълиму тарбия дод. Ӯ ҳамеша насиҳат мекард, ки мо пеш аз ҳама бо хулқу атвори нек илму дониш омӯхта, дар ҷамъият шахсони нексиришт бошем, - ба ёд меорад андарзҳои модари мењрубонашро ҳамсуҳбатамон.
Ҳабибулло Иззатуллозода баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и Ҷамоати деҳоти Бобоюнус Худойдодзода соли 1988 ба Техникуми молиявӣ- иқтисодии шаҳри Душанбе дохил шуда, баъд аз як соли хониш барои адои хизмати ҳарбӣ ба вилояти Читаи Федератсияи Россия сафарбар мегардад. Сипас боз таҳсилро идома дода, соли 1992 онро бомуваффақият хатм менамояд.
-Дар айёми донишҷӯиямон ҳарчанд шароиту имконоти фарох дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набуд, аммо мо кӯшиш мекардем, ки хубу аъло таҳсил намуда, дар соҳаи интихобнамудаамон соҳибихтисос гардем. Он замон на ҳама имконияти таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро дошт, вале шавқу рағабати ҷавонон ба донишомӯзӣ хеле зиёд буд, - мегӯяд Ҳ. Иззатуллозода. – Наврасону ҷавонони имрӯз насли хушбахти замонанд, ки барои онҳо хоҳ дар мактаби миёна хоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва олии касбӣ тамоми шароити донишомӯзӣ ва таҷҳизоту лавозимоти муосири касбӣ мавҷуд аст, ки аз он бояд самаранок истифода баранд, - илова намуд ӯ.
Ҷавонӣ ва оғози фаъолияти меҳнатии Ҳабибулло Иззатуллозода ба солҳои ноамнӣ дар кишвар рост меояд. Ӯ ҳамчун муҳосиб муддате дар хољагии “Ғалаба”-и ноҳияи Темурмалик кор карда, бо тақозои вазъ ва шароити зист ҳамроҳ бо аҳли оилааш ба шаҳри Бохтар меояд. Ва ҳамин тавр ӯ давраи тиллоии ҳаёти худро инҷо сипарӣ намуда, ба муваффақиятҳои нав ба нав ноил мегардад. Мавсуф ҳамчунин дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯи ихтисоси худ маълумоти олиро ба даст меорад.
Ӯ муддате дар идораи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи маркази вилоят кор карда, пасон дар Раёсати молияи шаҳр аз иҷрокунандаи мутахассиси шуъбаи даромадҳои давлатӣ сар карда, то сардори шуъбаи хазинадорӣ ва муовини роҳбари идораи номбурда фаъолият мекунад. Донишу малака, ақлу заковат ва қобилияти ташкилотчигиашро дида, ӯро соли 2010 дар Сарраёсати молияи вилоят ба ҳайси сардори Раёсати хазинадорӣ ва муовини роҳбари ин ниҳоди калидӣ таъин мекунанд. Вай дар ин даргоҳ низ давоми нуҳ сол фаъолият намуда, вазифаи ба зиммааш гузошташударо бечунучаро иҷро менамояд. Ва ҳамакнун ду сол мешавад, ки Ҳабибулло Иззатуллозода роҳбарии Раёсати молияи шаҳри Бохтарро ба уҳда дорад.
- Вақте ба шаҳри Бохтар кӯч бастем хеле ҷавон будам. Ба варзиш машғул мешудаму ҳамзамон талош менамудам, ки дар соҳаи худ фаъолият намуда, ба оила ёрӣ расонам. Зеро, он солҳо зиндагӣ ниҳоят мушкил буд. Шукр, ки имрӯз ҳамаҷо фаровонист, - иброз медорад ҳамсуҳбатамон ва ӯ меафзояд, ки ҷавонон бояд ба қадру қиммати ин Ватан расанд обу хоки онро пос доранду дар хизмати халқу диёри худ бошанд. Ба андешаи мавсуф инсонро он вақт комёбӣ муяссар мегардад, ки ӯ касбу корашро дӯст дошта, бо дасту дилу нияти нек меҳнат кунад.
Ҳабибулло Иззатуллозода иброз менамояд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи молия низ дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Ба гуфтаи вай њатто ҳисобкунакҳои электронӣ ангуштшумор буд, қаблан молиячиён аксарияти корҳоро дастӣ анҷом медоданд. Ҳоло бошад барномаи махсусе дар соҳа ҷорӣ шудааст, ки амалиётҳои молиявӣ бо истифода аз технологияи компютерӣ ва интернет хеле осон ба анҷом расонида мешавад.
Тибқи таҳлили Ҳабибулло Иззатуллозода дар ин давра иқтидори молиявии кишвар низ мустаҳкам гардид. Ӯ дар қиёс ба солҳои 2000-ум буҷаи шаҳри Бохтарро таҳлил намуда, мегӯяд, ки қаблан андозаи он тамоман ночиз буд. Имрӯз бошад буҷаи шањр беш аз 153 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нишондоди мазкур худ гувоҳи пешравии соҳа ва беҳтар шудани некуаҳволии халқ аст.
Қаҳрамони матлабамон тули фаъолияти қариб 30 солаи худ дар умури иқтисод ва молия пайваста талош менамояд, ки боз ҳам донишу малакаи худро баланд бардорад ва дар ҷодаи худ фаъолияти пурсамар дошта бошад. Ӯ дар баробари иштирок дар давраҳои омӯзишии ихтисосӣ, айни ҳол донишҷӯи бахши 3-юми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтисоси роҳбарикунӣ ва ҳуқуқ таҳсилашро идома дода истодааст.
Ҳабибулло Иззаттуллоев барои хизматҳои шоён ва фаъолияти намунавиаш борҳо бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо қадршиносӣ гардидаааст. Ӯ ҳамчунин дорандаи унвони касбӣ - Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Амонулло Бахтиёрзода
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



