Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Аз коми оташ то равзанаи нуру гулистон
СУХАНИ САРМУҲАРРИР

Ҳар гоҳе гузарам ба кӯчаву хиёбонҳои марказҳои маъмуриву маҳалу деҳоти дурдасти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иттифоқ меафтад, бешубҳа дил аз фараҳ чаман-чаман гул мекунад. Дар доираи иқдомоти созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми манотиқи кишвар ободкорию рушд, сабзкорию хуррамгардонӣ вусъати тоза касб намуда, дар ҳамин се соли охир, бахусус, дар соли ҷорӣ, ки 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем, шоҳиди навгониҳои беназир гардидем. Зимни сафарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон даҳҳо иншооти гуногуни хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид.
Дарвоқеъ, тӯли 30-сол Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарвариву роҳнамоии Пешвои миллат масири бузурги рушду тараққиёти беназирро тай карда, дар арсаҳои гуногун ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Дар баробари пешрафту дастовардҳои назаррас дар арсаҳои гуногун ва густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа бо кишварҳои олам Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳаллу фасли масоили глобалї муаррифӣ гардид. Тавре, ки Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни як суханрониаш қайд намудааст: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба симати пешвои воқеан ҳам, умумимиллӣ, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини некуаҳволии шаҳрвандони кишвар саҳми ҳалкунанда дорад, эътироф кардааст».
Тавре ҳамагон шоҳидем давоми чанд соли охир мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои бузурги бунёдгароӣ камари ҳиммат баста, шурўъ аз хонаҳои худ ба беҳтарсозии шароити зисту зиндагонӣ, фароҳам овардани имкониятҳои шоистаи зиндагонӣ, ободу зебо гардонидани муҳити зист, роҳсозӣ, иншооти гуногуни муосири иҷтимоӣ, камари ҳиммат баста, Тоҷикистонро ба кишвари сарсабзу ободон табдил дода истодаанд.
Муҳимтар аз ҳама дар замони муосир чеҳраҳои мардуми азизи кишварамон хушнуду болида буда, мисли 25-30 соли пешин нест, ки шаҳрвандон дар кӯчаву хиёбонҳо аз рӯ ба рӯ шудан аз якдигар хавфу ҳарос дошта бошанд. Он ҳаводиси фоҷиабори миллат, ки мардуми бечораву саргардонро яъсу ноумедӣ фаро гирифта буд, чун афсонаи ғамангез аз хотироти бузургсолон зудуда нахоҳад шуд. Итминон дорем, ки таърихи пурфоҷиаи миллат барои наслҳои имрӯзу фардои мо дарси ибрат буда, дигар намегузорем, ки бадхоҳони миллату давлати мо ин ҳама саодату осоиштагии мардуми моро барҳам зананд.
Имрўз, ки дар арафаи Рӯзи Президенти Тоҷикистон қарор дорем, месазад аз он санаи тақдирсози миллату давлати хеш ёдовар шавем.
16 -уми ноябри соли 1992 муҳимтарин рӯзи тақдирсоз барои тоҷикистониён арзёбӣ мегардад, ки дар ин сана зимни Иҷлосияи ХV1-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи халқ - Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олӣ интихоб гардид. Дар он рўзгори сангину тираю тор, ки ба қавле одамон аз сояи худ ҳарос доштанд, зимоми давлатдориро намояндаи халқи одӣ бар зимма гирифт. Дар он лаҳзаҳои фољиабор, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фақат ном монда буд, касе боварӣ надошт, ки як ҷавонмарди 40 сола Тоҷикистони ҷангзадаро аз хатари парокандагиву фақру нодорӣ наҷот бахшида, ба кишвари дар масири рушд ва мардумонаш хушбахту саодатманд қарор медиҳад. Инак, дар ин муддати пеши таърих начандон тўлонӣ бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ҳадд корҳои бузурге анҷом дода шуданд, ки назирашро дар 70 соли даврони Шўравї надида будем.
Маҳбубияти самимии мардум нисбат ба Пешвои муаззами худ ҳам аз он сарчашма мегирад, ки насли бузургсоли Тоҷикисон шоҳиди он рӯзу рӯзгоре буданд, ки Сарвари ҷавони кишвар Ватанро аз коми оташ раҳо бахшида, бо саъю талошҳои зиёд ба сарзамини ободу шукуфон табдил дода истодааст. Роҳбари давлат баҳри хушбахтиву саодати мардум, зиндагии арзандаву шоистаи тоҷикистониён саъю талош дошта, ба ивази ин хизматҳои бузург ва меҳру маҳбубияти беандозааш нисбат ба мардуми хеш дар қалбҳои ҳар яки мо маъво гирифтааст. Корномаи шоёни таҳсину ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, ки намунаи олии ватандӯстиву эҳсоси баланди ватандорист, дарси ибратомӯзе барои наслҳои имрӯзу ояндаи ин сарзамини муқаддас хоҳад буд.
Аз ин лиҳоз, 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи интихоби Президенти Тоҷикистон барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос санаи муқаддаси таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Рўзи Президенти Тоҷикистон ба ҳамаи тоҷикистониён фархунда бод!
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ 08:291147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД 14:41
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
АЗ УМЕД ТО ХАТАР


