21 сен 16:04---

МӮЗАИ НАМАДИИ БОБОЯМ

М. Пришвин (нависандаи рус)

                                              - Тарҷума -

Хуб дар ёд дорам, ки бобоям Михей мӯзаи намадии худро қариб даҳ сол пӯшид. То таваллуд шудани ман чанд сол пӯшида бошад- намедонам. Баъзан иттифоқ меафтод, ки бобо ба пойҳояш нигариста мегуфт:
- Мӯзаам боз фарсуда шудааст, бояд тагдӯзӣ бикунам. Сипас аз бозор як порча намад меораду аз он кафакӣ мебурид ва мӯзааш гӯё боз нав мешуд. Бад- ин минвол солҳои зиёд сипарӣ шуданд, ман аз дил мегузарондам, ки дар дунё ҳама чиз охиру оқибат дорад, ҳама чиз мемирад, аммо мӯзаи намадии бобоям доимӣ аст.
Боре пойҳои бобоям сахт ба дард омаданд. Бобо, ки пеш ҳеҷ гоҳ бемор намешуд, акнун аз дарди устухонҳои по шикоят мекард, ҳатто ба хона фелдшерро хонд.
- Ҳамааш айби оби сард, - гуфт фелдшер. – Бояд сайди моҳиро бас бикунӣ.
- Ман бо моҳидорӣ зиндаам, - ҷавоб дод бобо. – Илоҷ нест, ки пойҳоямро ба об назанам.
- Илоҷ ки набошад, - маслиҳат дод фелдшер, -вақте хостӣ ба об бидароӣ, мӯзаи намадиатро бипӯш. Ин маслиҳат ба нафъи бобо буд: дарди пойҳоӣ ӯ гум шуд. Лекин бобо аз худ рафт: акнун ӯ ба оби дарё танҳо мӯзаи намадӣ дар по ворид мешуду бас ва албатта, сангрезаҳои қаъри дарё мӯзаро бераҳмона месоиданд. Нафақат кафҳои мӯза, балки соқҳои он ҳам кафидан гирифтанд.
«Рост мегуфтаанд, - фикр мекардам ман, - ҳама чиз дар олам охиру оқибат дорад, мӯзаи намадӣ ҳам наметавонад як умрї ба бобо хидмат бикунад. Аз умри мӯза рӯзҳои башумор мондаанд».
Одамон ҳам ба мӯзаи бобо ишора карда мегуфтанд: - Бобо, мӯзаатро як сӯ гузорӣ ҳам мешавад. Вақташ расидааст, ки онро ба зоғҳо бидиҳӣ, то аз пашмҳои он ба худ лона бисозанд.
Вале куҷо! Михей - бобо барои он ки ба тарқишҳои мӯза барф надарояд, мӯзаро дар об тар карду ба ҷойи сард гузошт. Табиист, ки ҷойҳои кафидаи мӯза аз ях пур шуданд. Сипас, бобо мӯзаро бори дигар ба об тар карду тамоми мӯзаро қабати ях пӯшонд. Баъди ин мӯза боз чунон гарму мустаҳкам шуд, ки ман низ худ дар зимистон ба он борҳо ботлоқҳои пуробро убур кардаам ва заррае нороҳат нашудаам. Боз ба хулосае омадам, ки мӯзаҳои намадии бобоям якумрианд.
Ва аммо рӯзе аз рӯзҳо бобо мариз шуд. Хост барои қазои ҳоҷат ба берун равад ва дар долон мӯзаҳояшро пӯшид. Вақте ба хона баргашт, фаромӯш кард, ки мӯзаашро кашида ба ҷойи сард гузорад. Яъне, бо мӯзаҳои намадии яхбастааш болои бухории гарм дароз кашид. Яхи обшудаи мӯза шорида як сатил ширро касиф кард. Аммо ин дарди бахайр, нобуди шир. Бадбахтӣ дар ин буд, ки мӯзаи ба назар якумра ин дафъа тамоман талаф шуд. Боз чӣ тавр ҳам шуданаш мумкин буд. Агар шишаеро аз об пур карда ба ҷойи сард бигузоранд, об ях мекунад, ях дар шиша нағунҷида онро пора – пора хоҳад кард. Яхи тарқишҳои мӯза пашми онро ковок кард, дарронд ва вақте ях об гашт, мӯзаҳо гард- гард шуданд.
Вале бобои якрави мо чун сиҳат шуду ба по хест, мӯзаашро хост бори дигар ях кунонад, онро пӯшида муддате гашту гузор ҳам кард. Вале дере нагузашта баҳор фаро расид, дар долон яхи мӯзаҳои намадии бобо об шуданду ҳар ду пои мӯза аз ҳам даррехт.
- Рост будааст, - бо алам гуфт бобо, - вақти он омадааст, ки мӯзаҳо дар лонаи зоғ истироҳат бикунанд. Ва бо ғазаб як пойи мӯзаро аз баландии соҳил ба мобайни буттаҳои мушхор, ки ман дар он ҷойҳо саъба ва мурғакони дигарро медоштам, андохт.
- Чаро мӯза танҳо барои зоғҳо будааст? – пурсидам манн.- Њамаи парандагон баҳорон ба лонаҳояшон пашмчаеро, тибитак ва хасакеро
мекашонданд. Ман инро ба бобоям дар лаҳзае гуфтам, ки ӯ қасд дошт пойи дуюми мӯзаро ҳам ҳаво диҳад.
Бобо ҳарфи маро писандид. – Ба ҳар як паранда барои лонасозӣ пашм даркор. Ба ҳар навъ ҳайвончаҳо, ба мушҳо, ба санҷобҳо низ пашм чизи заруру фоидаовар аст, - гуфт ӯ.
Бобо баногоҳ шикорчии деҳаамонро ба ёд овард. Ин шикорчӣ борҳо ба бобо гуфта буд, ки мӯзаи намадиашро ба ӯ бидиҳад, то вай пашмҳои онро чун чағбут барои тири туфангаш истифода барад. Бобо пойи дуюми мӯзаро напартофт, онро ба ман доду фармуд, ки ба шикорчӣ бирасонам. Муддате нагузашта вақти омад- омади парандаҳо расид. Ба поён, ба соҳили дарё, ба мушхорзор ҳар гуна мурғакон омаданд, ба сараки мушхорҳо минқор заданд ва мӯзаи намадӣ диққати онҳоро ба худ кашид. Ҳамаи мурғакон мӯзаро диданд ва чун вақти лонасозӣ расид, аз субҳ то шом мӯзаи намадии боборо титу пора мекарданд. Як ҳафта ҳам нашуда парандаҳо пашмҳои мӯзаро пок кашида бурданд, барои сохтани лонаҳояшон истифода карданд, дар лонаҳо тухм гузоштанд, болои тухмҳо хобиданд. Парандаҳои нар нағмасаройӣ мекарданд. Дар лонаҳои гарми пашмӣ аз тухмҳо чӯҷаҳо баромаданд, калон шуданд. Вақте ки ҳаво сард гашт, парандаҳо села- села ба мулкҳои гарм парида рафтанд. Баҳорон онҳо боз бармегарданд, аксарашон дар сӯрохиҳои танаи дарахтон, дар лонаҳои куҳнаи худ боқимондаҳои мӯзаи намадии боборо пайдо мекунанд. Лонаҳое, ки дар рӯйи замин, дар шохи буттаҳо сохта шудаанд, низ нобуд намешаванд: ин лонаҳо аз буттаҳо ба замин мерезанд, мушҳо онҳоро ёфта, боқимондаҳои мӯзаи намадиро ба хонаҳои зеризаминии худ мебаранд.
Дар ҳаёти худ ман бешазорҳои бешумореро пушти сар гузоштаам . Ҳар гоҳе ки лонаи пашмпӯши парандаеро меёфтам, чун дар айёми кӯдакиам аз дилам мегузашт : «Дар ин дунё ҳама чиз даргузар аст, ҳама чиз аз миён меравад, танҳо мӯзаҳои намадии бобои мананд, ки умри ҷовидон доранд».
                                                 Аз русӣ тарҷумаи А. Сиёвуш.
Добавить комментарий