Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мактаби маҳорат

Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, бо тавсияи падарам ба ТММ дар вилояти Хатлон ба омӯхтани курси ронандагӣ машѓул шудам ва баъди омӯзиши касби ронандагӣ ман соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардидам. Баъд аз он бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ рафта, бо сари баланд онро адо намудам. Имрӯз шукри Худованд, ки аз рӯи ҳамин шаҳодатнома ва касби ронанадагӣ зиндагиамро пеша бурда истодаам,- мегӯяд Саидҷон Аҳмадов. Бояд гуфт, ки ба монади Саидҷон садҳо нафар ҷавонони диловар дар ин муассиcаи таълими ронандагӣ таҳсил намуда, имрӯз дар корхонаву ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ба боркашонӣ машѓуланд. Тавре ки Манучеҳр Тоҷов, муовини сардори Мактаби муттаҳидаи техникии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар вилояти Хатлон иброз медорад, Ташкилоти мазкур ба хотири тарбия ва омодасозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзиши маҳорати ронандагӣ, тирпаронӣ, нишонзанӣ ва дигар касбҳоро ба роҳ мондааст, ки сол аз сол шумораи хоҳишмандон барои таҳсил дар ин ҷо зиёд шуда истодааст.Ба гуфти ӯ дар Ташкилоти мададгори мудофиа якчанд мактабҳои таълимӣ амал менамоянд, ки дар ҳар кадоми онҳо теъдоди муайяни хоҳишмандон ба омӯзиши курсҳои ронандагӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин замина бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода «Дар бораи тайёр намудани мутахасисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон дар даъвати тирамоҳии соли 2022» дар Ташкилот ва зерсохторҳои он чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Тибқи қарори тасдиқшуда, дар давраи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2022 дар муассисаҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаи вилояти Хатлон ҷамъ 1250 нафар ҷавонон ба давраҳои омӯзиши ронандагӣ бояд ҷалб карда шаванд. Давраи омӯзишӣ дар курсҳои ронандагии ТММ дар вилояти Хатлон се моҳ идома ёфта, ин муддат устодону омӯзгорон ба хонандагон тариқи амалӣ ва таҷрибавӣ дарс мегузаранд. Ҳадафи асосии Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мамдадгори мудофиа дар вилояти Хатлон омода намудани даъватшавандаҳо барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар арзёбӣ мегардад. Дар ин замина дар ҳамкорӣ бо Раёсати агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо Ташкилоти мададгори мудофиа ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии касбҳои ошпазӣ, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ, сартарошӣ ва дигар ҳунарҳои дар бозори меҳнат муҳим ҷалб гардидаанд. Меҳроб Саидов, як тан аз ҷавонони вилояти Хатлон дар доираи ин гуна курсҳои касбомӯзии Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилоят ҳунари кафшергари барқиро омӯхта, айни ҳол дар бозори Ҳоҷӣ Шарифи шаҳри Бохтар ба сохтани дарвозаву дигар асбобу ашё аз оҳан машѓул аст. Тавре худ иқрор меояд, ҳунари омӯхтааш дар зиндагӣ барои ӯ роҳи васеъ кушодааст, ки имрӯз мустақилона соҳиби кору шуѓли сердаромад буда, рӯзгори оилаи худро пеш мебарад. Собирҷон Алихонов, мутахассиси Раёсати Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иброз медорад, ки дар доираи ин барнома мо аслан ҷавонои синни хизмати ҳарбиро, ки ягон касбу ҳунар наомӯхтаанд, ба касбомӯзӣ ҷалб менамоем. Яъне, онҳо баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ соҳиби диплом гардида, баъдан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон шомил мегардад. Тибқи нақша Раёсати Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилояти Хатлон бояд дар даъвати тирамоҳии соли 2022, ҳудуди 224 нафар ҷавононро ба шуѓлҳо фаро гирифта, давоми таҳсил ин касбомӯзонро моҳе 120 сомонӣ идрорпулӣ мепардозад. Раёсати агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони миёни аҳолӣ, бахусус, ҷавонон пайваста корҳои тарѓиботиро пеш бурда, онҳоро то ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданашон ба касбу ҳунарҳои гуногун фаро мегирад. Бинобар иттилои масъулони Раёсати агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар курсҳои касбомӯзии ниҳоди мазкур аз рӯи 14 намуди ихтисос 2 ҳазору 786 нафар шаҳрвандон ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Иловатан, ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ омодаанд, метавонанд то мавсими даъват ба хизмати Модар- Ватан дар курсҳои Агентии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ дар вилоят ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шаванд.
Хайрулло САЪДУЛЛОЕВ,
коромӯзи «Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад
Тоҷикистон ватанам