14 фев 09:59Сиёсат / Мақомот

ЗАНОН ВА РУШДИ ИЛМИ МУОСИР

    11 феврал бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм эълон гардидааст. Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар соҳаи илм рамзӣ буда, ҳадаф аз он эътирофи саҳми занон дар рушди илм ва корҳои илмии онҳо, ҷалби онҳо ба соҳаи илм, ҷалби тавваҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи занону духтарон, дастрасӣ ба илм, баробарҳуқуқии гендерӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар ин самт арзёбӣ мегардад.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Занон ва рушди илми муосир» баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиро Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, аз ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон ёдовар гардид. Мавсуф зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мақому манзалати занону бонувон боло рафт ва дар ин самт як қатор барномаҳо, стратегияҳо қабул гардиданд, ки ба боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуданд.

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён дар робита ба нақши занону бонувон дар ҷомеа, мақому манзалати эшон ибрози андеша намуд. Зикр гардид, ки занон чароғи хонадон, сафои рӯзгоранд. Дар баробари ин занону бонувон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ содиқона меҳнат мекашанд ва дар тарбияи фарзандон нақши муассир доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон тадбирҳои судманд меандешад.  

Дар кори конфронс Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ намуд.

- Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақому манзалати занон боло рафта, накши эшон дар пешрафту тараққиёти ҷомеаи навин бориз арзёбӣ мегардад. Ҳукумати кишвар барои ҷалби занону духтарон ба илму маориф тадбирҳои зарурӣ меандешад, ки таъсиси квотаҳои президентӣ, барои духтарон аз ҷумлаи онҳост,- иброз дошт Фирӯза Шарифӣ. 

Ҳамоиш дар панҷ бахш- филология ва рӯзноманигорӣ, технология иттилоотӣ, табиӣ ва тиббӣ, иқтисодӣ, педагогика ва методикаи таълим ва таъриху сиёсатшиносӣ ҷараён гирифта, олимаҳо аз ДДБ ба номи Носири Хусрав, ДД Данғара ва ДДК ба номи Адӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. 

Баъди баррасии маърӯзаҳо дар толори донишкада ҷаласаи ҷамъбастӣ доир гардид. Муаллифони беҳтарин маърӯзаҳо бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.


Л. МИРЗО
Добавить комментарий