Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бобунаи шифобахш
Бобуна аз замонҳои ниҳоят қадим инҷониб яке аз гулҳои машҳури олам ба ҳисоб меравад. Он рамзи фарорасии баҳор аст. Гулҳои нозуки бобуна дар баъзе мавзеъҳо метавонанд дар давоми сол шукуфон бошанд. Аммо дар баҳорон онҳо таровати дигар доранд. Бобуна таърихи пайдоиши зиёда ва 4000 сола дорад.
Боқимондаҳои маҳсулоти кулолгарӣ, ки дар Миср ва Ховари Миёна дарёфт карда шудаанд, бо тасвири ин гул ороиш ёфтаанд. Ҳангоми кофтукобҳо дар қасри минойҳо дар ҷазираи Крит бошад бандакҳои тиллогин дар мӯйҳо пайдо карда шуданд, ки бо гули бобуна ороиш доштанд. Дар замонҳои қадим бобунаро «bellis» (аз лотинӣ – «bellus»- зебо) ном мебурданд. Шояд ин ном ба зебогии одӣ ва нозуки он алоқаманд бошад. Дар баробари ин мутахассисон тахмин мекунанд, ки номи ин гул аз номи Беллида- яке аз духтарони бераҳми шоҳи афсонавӣ Данай (онҳо бо фармони падарашон шавҳарони худро дар шаби авали никоҳ ба қатл мерасонанд) ва ҳатто аз калимаи лотини «bellum» - «ҷанг» пайдо шудааст. Ин мафҳумҳо аз рамзи пурқимматии бобуна дур мебошанд, вале он ба таъсири фармакологии бобуна, ки онро барои табобати ҷароҳатҳо истифода мекарданд, муталлиқ мебошад. Асрҳо бобунаро барои табобати захм, хунрезишҳо, кабутсулфа, диққи нафас, неврозҳо истифода мебурданд. Ривоят мекунанд, ки шоҳи Англия ва Ирландия Генрихи VIII таомҳоро дар асоси бобуна истеъмол мекардааст. Дар он даврҳо чунин мегуфтанд, ки бобуна қудрати табобати девонахӯиро дорад. Гарчанде, ки баргҳои бобунаи ҷавон талхмаззаанд, вале онро то кунун дар баъзе мавзеъҳои Италия ба таомҳо илова мекунанд.
Қариб 20 намуди гули бобуна маълум аст, ки аз байни онҳо бобунаи дорухонагӣ (ромашка аптечная) ба сифати ашёи табобатӣ ва косметологӣ истифода мешавад.
Бобунаи дорухонагӣ растании бисёрсола буда, дар соли аввали инкишофаш гул мекунад. Пояи рости сершоха бо баландии 20-40 см, баргҳои паршакл дорад. Тудагулҳои бобуна сабадчашакл бо қутри 4-20 мм буда, дар сабадчаҳои он бошад ду навъи гулҳо-дар гирдаи (диски) он гулҳои дуҷинсаи зард ва дар канораҳояш гулҳои забончашакли сафед инкишоф меёбанд. Мевааш – тухмаки се ё чорқирра мебошад. Намояндагони ин авлод дар Авруосиё, Америка, Африкаи Ҷанубӣ васеъ паҳн шудаанд.
Дар Тоҷикистон бобуна дар ҳамаи минтақаҳо ва бештар дар Кӯлоб, Бохтар, Зарафшон, Рашт, Дарвоз, Ҳисор дар алафзорҳои паст қад-қади роҳҳо, доманаи кӯҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди истиқоматгоҳҳо нашъунамо меёбад. Таркиби химиявии бобуна ниҳоят гуногунмодда буда, онҳо бештар дар гулҳояш ҷамъ мешаванд. Маводи таркиби гули бобуна метавонанд таъсири зиддибактериалӣ, арақронӣ, пастсозии ҳавоҷамъшавӣ, спазмолитикӣ, васеъкунандаи рагҳо, таскиндиҳанда, дардрафъкунанда, нумӯъдиҳандаи равандҳои ҳазмро доранд.
Бо мақсади табобат қиём (обҷӯш), дамоба, шаклҳои тайёри доруворӣ, равғани эфирӣ, чой аз гули бобунаро истифода мебаранд. Бобуна дар чунин самтҳои асосӣ истифода мешавад:
- бемориҳои эпителия бо бартарии эпиологияи бактериалӣ ва илтиҳобӣ дошта, беморӣ ва вайроншавии вазифаи системаи талхаронӣ,
- бемориҳои системаи нафаскашӣ, бемориҳои меъда бо маҷрӯҳшавии илтиҳобӣ ва эрозиявии луобпардаи шадид ва музмин, илтиҳоби узвҳо ва роҳҳои системаи пешобронӣ
- бемориҳои алоқаманд бо гиперҳассосият ба ангезандаҳо (диққи нафас, экзема, аллергозҳо)
- пастсозии алоими дарднокӣ, аз он ҷумла, ҳангоми дарди дандон ва дарди нимсара, ноҷуриҳои хоб, ваҳмнокӣ, асабоният
- осеб, кашишхурии бофтаҳо ва дастгоҳи пайвасткунанда
Табобат бо бобунаи дорухонагӣ бо курсҳои то 3 моҳа гузаронида мешавад.
Истифодаи бобуна ва тарзи тайёр кардани он.
Обҷӯш. Барои тайёр кардани обҷӯш 4 қошуқи калон бобунаи хушкро бо 300 мл оби ҷӯшида муддати 30 диқиқа дар ҳаммоми обӣ гарм мекунанд. Пас аз хунукшавӣ онро полонда, обҷӯши тайёршударо дар яхдон барои нигоҳдорӣ ба муҳлати то 2 шабонарӯз мегузоранд. Тарзи истеъмоли обҷӯши бобуна: 100 мл 2-3 маротиба дар як рӯз баъди истеъмоли хӯрок.
Дамоба. Ба 200 мл оби ҷӯш 4 қошуқи калон гули хушки бобуна илова карда, муддати 3 соат дар термос дам медиҳем ва баъд онро меполонем. Тарзи қабул: то 50 мл 4 маротиба дар як шабонарӯз.
Бобунаи дорухонагӣ барои ҳаммом (ванна). Ҳамаи қисмҳои растаниро ба ғайр аз решааш барои ҳаммом (ванна) истифода бурдан мумкин аст. Тарзи тайёр кардани он: ба 500 г бобуна 2 л об рехта, онро меҷӯшонанд ва 10 дақиқа дар ҳолати ҷӯшидаистода нигоҳ медоранд. Баъди полондан ва фишурдан онро ба оби ванна мерезанд. Курси табобатӣ ду ҳафта, як рӯз пас, давомнокии муолиҷа – 30 дақиқа.
Равғани (крем) бобуна . Барои тайёр кардани он 50 г равғани маска (сливочное масло), 3 қошуқи калон равғани растаниро (офтобпараст, зайтун) омехта, онро дар ҳаммоми обӣ мегудозанд. Ба он 2 зардии тухми мурғ, 1 қошуқи калон глитсерин, 30 мл спирти камфор, 2 қошуқ асали табиӣ ва 50 мл дамобаи бобунаро илова мекунанд. Равғани ҳосилшударо дар зарфи шишагини сарпӯшаш маҳкамшаванда дар яхдон нигоҳ медоранд.
Ба хосиятҳои фоидаовари растаниҳои табобатӣ нигоҳ накарда, ҳангоми истеъмол як қатор таъсироту пасомадҳои манфӣ ба амал омаданашон мумкин аст. Аз он ҷумла:
- дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, баланшавии фишори шараёнӣ, хунравиҳои дарунӣ, реаксияҳои аллергикӣ ва ғайра.
Истифодаи берунаи он метавонад дар шаклҳои дамидаҳо, хориши пӯст, варамҳо пасомад оварад.
Ҳангоми ҳамагуна аломатҳои тоқатнопазирӣ истифодаи онро фавран қатъ кардан лозим аст.
Шоира АБРУЕВА, Ҳафиза Абдуллоева, омӯзгорони
кафедраи тиббӣ- биологии МД Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар.

Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД