Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кор дар маҳал
Санги калони омодагашта, аввал дар дастгоҳи бурандаи калон гузошта шуда, бо теғҳои калон ба шакли тахтасанг бурида мешавад, то бе мушкилӣ он тахтасангҳо ба дастгоҳи суфтакунӣ бурда шаванд. Сангро аз дастгоҳи суфтакунӣ гузаронида, ба таҷҳизоти ҳаҷмгиранда насб карда мешавад ва баъди ҳаҷми онро гирифтан, сангҳои ороишёфта дар бахши содирот ҷо ба ҷо карда мешавад.
Дар ин коргоҳ ҳаҷми сангҳои ороишӣ тибқи фармоиши муштариён омода карда мешавад. Ин мушоҳидаҳо аз рафти корҳои истеҳсолӣ дар ҶДММ “Элегант-Балҷувон”- и ноҳияи Балҷувон буд, ки барои ороиши саҳни биноҳои маъмурӣ, роҳраву ҳавлӣ, зинапояҳои идораҳои маъмурӣ, хонаҳои калону барҳаво ва дигар бинову бӯстонсароҳо маҳсулоти сангӣ истеҳсол мекунад. Ҳамин тавр, бо истифода аз таҷҳизоти муосир хорасангҳои ҳазорсолаҳо дар домани кӯҳу кӯҳпораҳо хобида ҳамчун маҳсулоти ороишии сохтмонӣ истифода мешавад.Шерафган Ҳафизов, коргари ҶДММ “Элегант Балҷувон” то солҳои 2019 -ум дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор дошт. Баъди ифтитоҳи ин корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ба ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуда, дигар аз муҳоҷирати меҳнатӣ ёд намекунад.
Сулаймон Сафарови 35 сола, ҳамкор ва ҳамдеҳаи Шерафган низ то ифтитоҳи корхонаи мазкур ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ мерафт. Ҳоло ин ҷавонон мутахассиси ихтисосманд шуда, “ними нон роҳати ҷон” гуфта, ду ҳазор сомонӣ музди моҳонаи худро аз ҳазорон доллари аз Россия ба даст овардааш авлотар медонад. Зеро бо фаъолияти хуб дар ин коргоҳ илова ба пешбурди рӯзгори хеш ҳамзамон нақши дастони худро дар бинову иншооти диёраш дида, шукргузорӣ аз он менамоянд, ки дар ободиву зебогардонии Ватани азиз саҳм мегузорад.
- Баъди солиёни муҳоҷирати меҳнатӣ дарёфти кору даромади кифояро дар Ватани худ хушбахтӣ мешуморем, ки дар муҳити фараҳбахши оилаем, ҳамзамон,фарзандонамон ҳам аз тарбияву меҳрубонии падар баҳравар мегарданд, -изҳори қаноатмандӣ дошт Сулаймон Сафаров.
Корхонаи ҶДММ “Элегант- Балҷувон” 7-уми августи соли 2019 зимни ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия ифтитоҳ гардида буд. Рӯзҳои аввали фаъолият дар корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ 12 нафар кор мекард. Айни замон корхона дар ду баст фаъолият дошта, имрӯз ашёи хоми он аз мавзеҳои кӯҳии Сари Хосори Балҷувон, ноҳияҳои Ховалинг ва Қубодиён оварда мешавад. Ҳамчунин, мутахассисон дар оянда тасмим доранд, ки аз минтақаҳои гуногуни ноҳияи Муъминобод низ ашёи хомро дастрас намоянд.
Дар ин коргоҳ аз ашёи хоми сангҳои сафеду сурх ва хокистаранги кӯҳсорон сангҳои ороишӣ истеҳсол карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо мурури беҳдошти сатҳи зиндагӣ сокинони ноҳияҳои кӯҳистон ҳам ба бунёди манзилҳои замонавӣ таваҷҷуҳ намуда, дар сохтмони хонаҳои худ аз сангҳои ороишии истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ истифода мебаранд, ки ин талаботро ба истеҳсоли ин навъ маҳсулот меафзояд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки айни замон тамоми намудҳои сангҳои ороишии дар ин коргоҳ истеҳсол шуда харидорони худро дорад ва талабот ба маҳсулоти корхона сол аз сол афзуда истодааст.
Ба гуфтаи коргарони ҶДММ “Элегант- Балҷувон” арзиши сангҳои ороишӣ, аз ҷумла, як метри квадратии санги сурхи ороишӣ 400 сомонӣ аст. Ҳамин ҳаҷми дигар намуд сангҳои ороишӣ бошад 200 сомонӣ арзиш дорад. Маҳсулоти корхона ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе содирот карда мешавад. Корхона дар пойтахти кишвар мағозаи сохтмонии ҳамном Элегант дорад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи худро пешкаши мизоҷон мегардонад.
Имрӯзҳо сангҳои ороишии корхона дар саҳни гулгашту майдонҳои расмии шаҳру ноҳияҳо, биноҳои маъмурии сохторҳои гуногун мушоҳида мешавад.
Бинобар гуфтаи Шариф Саидов, роҳбари ҶДММ “Элегант –Балҷувон” музди маоши кормандони корхона аз ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо вобастагӣ дорад, ки ин шарти ҳамкориҳо омили ҳавасмандии коргарон ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мегардад. Ин аст, ки коргарони корхона вобаста ба маҳсулоти истеҳсолкардаашон моҳе аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ музди маош мегиранд.
Сарпараст ва бунёдгузори корхона соҳибкор Абдулаҳад Муминов мебошад, ки ҳамзамон чунин як корхонаро дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд низ фаъол гардонидааст. Ин соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик боз як коргоҳи дигарро дар ин ноҳия фаъол намуда, ҳаҷми истеҳсоли ин навъ маҳсулотро афзоиш дода, дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ саҳми арзанда гузорад.
Билоли Шамс, ноҳияи Балҷувон
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР


