Бойгонӣ

ЗАМИНДОР

Сокини деҳаи 1-уми майи Ҷамоати деҳоти «50 – солагии Тоҷикистон» - и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Бобоҷон Ғоибов аслан заминдор асту «забони замин»-ро хуб медонад. 35 нафар саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Ғоибназар» аз натиҷаи ниҳоии кори хеш бо роҳбарии ҷавонмарди дилсӯзу ватандор Бобоҷон Ғоибов қаноатманданд.
Ин хоҷагӣ аслан серсоҳа буда, 18 гектар замини корами обиро дар ихтиёр доранд. Ҳар сол дар 10 гектар пахта, 2 гектар гандум, 4 гектар беда ва дар қитъаҳои алоҳида бошад картошка, сабзӣ, карам, полезӣ, маккаи дон, лӯбиё кишт карда, ҳосили баланди зироати зикргардидаро ҷамъоварӣ менамоянд. Барои рӯзгор захира намуда, зиёдатиашро ба бозори истеъмолӣ мебароранд.  
  Имрӯз замон тақозо дорад, ки дар риштаи кишоварзӣ бо олимон ҳамкорӣ карда, аз навъҳои серҳосили ба минтақа мутобиқ кишти ин ё он зироатро анҷом бахшида, парвариши онро аз рӯи дастуру тавсияҳои олимон бояд ба роҳ монд. Дар ин сурат хоҷагидорӣ рушд намуда, даромади хуби иқтисодӣ низ ба даст меояд,- андешаронӣ менамояд соҳибватани мо Бобоҷон Ғоибов. 
   Асоси пешравии кори хоҷагидориро Бобоҷон Ғоибов дар киштгардон, ҳамкории самарабахш бо  мутахассисон, истифодаи навъҳои озмудашуда ва минтақабоб, самараноку оқилона истифода бурдани замин ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ арзёбӣ дошт. 
  Падари Бобоҷон Ғоибов зиндаёд бобои Назар худ деҳқони асил, чорводор ва духтури байтор буда, солҳои зиёд дар хоҷагиҳои чорводории ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва хоҷагии «Зағертӣ» - и имрӯза шаҳри Левакант ифои вазифа намудааст. Ин аст, ки имрӯз фарзандонаш бо замин сару кор доранду дар ин баробар чорводориро низ рушд мебахшанд.
  Модари Бобоҷон Ғоибов шодравон Уғулой зани меҳнатӣ ва кадбонуи ҳунарманд буда, 11 фарзандро ба камол расонидааст. Мутаассифона, ҳангоми чаронидани рама дар дараи Ромит дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ қотилон 32 нафар даҳмардаро ваҳшиёна кушта, беш аз 10 ҳазор молро ба яғмо бурданд, ки миёни даҳмардаҳо бародарони Бобоҷон Алиёр ва Холиёр низ буданд. 
Доғи фарзандон модарамро ранҷур, хастаю нотавон кард. Ҳар рӯз ашк мерехту оҳу нолааш ба фалак мепечид. Ба ҷангу ҷангҷӯён, ҷоҳталабон лаънат мехонду пайваста таъкид медошт. «Худоё, дигар ягон модар номи шуми ҷангро нашунавад ва мисли мо дар ғами фарзанд ашк нарезад»,- ҳар рӯз ин суханонро модари зиндаёдам ба хотир оварда, моро таскин медод. Барои мо бародарон ҳам осон набуд, фарзандони падарро аз даст додан. Вале дарк кардем, ки модар ин қадар дили бузург доштааст, ки дар чунин ҳолат боз ғами дигар фарзандонашро мехӯрдааст,- аз он рӯзҳои шум ва вазъи модару бародарон ёдовар шуд Бобоҷон Ғоибов. Фарзандони ин хонадон Бобоҷон,  Шарифҷон, Мирзоёр, Раҷабалӣ, Файзиддин, Ғиёсиддин, Алиёр ва Холиёри зиндаёд, Низорамоҳ, Санавбар ва Малоҳат баъди соҳиби маълумоти олӣ шудан, яке иқтисодчиву дувумӣ ҳуқуқшинос, сеюм зоотехник, муаллиму духтур шуда, имрӯз содиқона ифои вазифа доранд. Бобоҷон Ғоибов зодаи ҳамин деҳа ва дастпарвари МТМУ № 12 – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Соли 1984 Бобоҷон дабистони ба номи Садриддин Айниро хатм карда, баъди таҳсил дар гурӯҳи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ пайваста хизмати ҳарбиро адо намуд. Шукргузорем, ки дар як ватани биҳиштӣ, дар як ватане, ки дар саргаҳи обҳои поку мусаффо мақом дорад, дар як ватане, ки бо шарофати истиқлолият ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як гулистони ҳақиқӣ табдил ёфтааст, кору зиндагӣ дорем. Пас ба қадри ин Ватан ҳамчун фарзанди ҷоннисор бояд расид,- иброз медорад Бобоҷон Ғоибов. 
  Ӯ инсони сахиву ободкор буда, дар ободонии маҳал, мактаби азизаш ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳиссагузор аст. Мардум, бахусус, омӯзгорон дар симои ин марди шариф инсони бунёдкору накукорро мебинанд, ки ҳама ин фазилатҳои неки инсонӣ аз падар ва устодон дар дили ӯ маъво гирифта. Бобоҷон Ғоибов чанд муддат дар Ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистон ба сифати  корманди масъул ва раиси ҷамоати деҳоти зикргардида низ содиқона ифои вазифа намудааст. Миёни мардуми ҷамоат маҳбубияти хоса пайдо карда, имрӯз ҳам дар ободонии он ҳиссагузор мебошад. Ману Бобоҷон Ғоибов аз хурдӣ якҷоя калон шудем. Хондем, аз устодон сабақ гирифтем дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо кардем. Падари ӯ Назар Ғоибов дар баробари мутахассиси хуби соҳаи чорводорӣ ва деҳқони асил будан сарварии бригадаи пахтакориро низ ба уҳда доштанд. Падари ман Аълочии маорифи халқи СССР, директори собиқи ҳамин дабистон, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Исмат Неъматов буданду дар якҷоягӣ падарҳоямон ин маконро обод карданд. Бобоҷон бошад ҷавонмарди накукор, инсони шариф ва дорои беҳтарин  фазилатҳои неки инсонӣ мебошад,- бо арзи эҳтиром иброз намуд корманди масъули Ҷамоати деҳоти 50 – солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафаргул Неъматова. 
  Аз зиндагии 33 сола бо модари меҳрубон, кадбонуи хонадон Муслима Қурбонова соҳиби чор фарзанд- як духтару се писар гардидаанд. Фарзандони хонадон Шуҳратҷон, Нуриддин, Соҳибҷамол ва Акобир имрӯз дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузоранд. Шуҳратҷон ҳамчун байтор дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба сифати мудири бахши ташхиси амнияти озуқаворӣ, Нуриддин заминсоз шуда, кори худро содиқона иҷро мекунанд. Акобир донишҷӯи соли дуюми Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон буда, хонда дандонпизишк хоҳад шуд. Соҳиби шаш набераю зиндагии тинҷу  осудаанд ва асоси пойдории оиларо зану шавҳар дар ҳурмату эҳтироми ҳамдигар, тарбияи дурусти фарзандон, медонанд. Дар ҳақиқат, ҳама хушиҳои оиладорӣ дар ин хонадон аз файзу баракати замин, тинҷию оромии сарзамин, тарбияи дурусти фарзандон, камолёбии онҳо дар роҳи ватандорӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ сарчашма мегирад. Бинобар ин, ба қадри оила, зиндагӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол расидан инсонро пирӯзу сарбаланд  мегардонад, - мегӯяд  Бобоҷон Ғоибов.
 Саидзода ШЕРАЛӢ,
н. Абдураҳмони Ҷомӣ 
Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019