Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Чаро ба истеҳсоли чойи ватанӣ таваҷҷуҳ кам аст?

Имрӯз ҳам талабот ба чойҳои хушбӯю босифат хеле зиёд аст. Чӣ тавре ки аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар бозору марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯши хӯрокворӣ навъҳои гуногуни чой бо нархҳои гарон ба мизоҷон пешниҳод мегардад. Бештари чойҳое, ки мо истеъмол мекунем, истеҳсоли Чину Ҳиндустон, Сейлону Индонезия, Таиланд ва дигар кишварҳои хориҷӣ мебошанд.Аммо як кг чойи воридотӣ аз ин кишварҳо 100–120 сомонӣ, ҳатто, аз ин ҳам баландтарро ташкил медиҳад. Албатта, барои истеҳсолу содироти чойи хуштаъму серхарид дар Тоҷикистон шароиту имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Хушбахтона, пас аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат, ноҳияи Ховалингу Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳин корхонаю коргоҳҳои истеҳсоли гиёҳҳои шифобахш бунёд гардиданд. Албатта бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш дар ноҳияи Муъминобод низ корхонаи истеҳсоли чойи «Шифочой» фаъолият дорад. Тавре дар суҳбат роҳбари корхона, гиёҳшиноси ботаҷрибаю шинохта Саидаҳтам Акрамзода иброз дошт, онҳо бо ҷалби 12 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба истеҳсоли 8 намуди чойҳои хуштаъму аълосифат машғул мебошанд. Барои истеҳсоли навъҳои гуногуни чой аз 22 намуди растанию гиёҳҳои шифобахш –бобуна, чойгиёҳ, кокутӣ, мармарак, розиёна, чойкаҳак, лимӯгиёҳ, Тфаранҷи мушк, бодраҷбуя, тиллосарак, зарпоша, қайсулӣ истифода бурда мешавад. Дар доманаи талу теппаҳо ва кӯҳҳои ноҳияи Муъминобод инчунин гулу гиёҳ ва буттаҳои доруиву шифобахши камол, пудинаи кӯҳӣ, ҷамилак, юған, зардчӯба, зира, гӯши бузак, ангат ва дигар растаниҳои шифоӣ месабзад. шифочой микроэлементҳои оҳан, фтор, калтсий ва руҳ мавҷуданд, ки барои пешгирии бемориҳои асаб, фишорбаландӣ, гурдаю меъда, илтиҳоби шуш, ҷигар, талхадон ва дигар бемориҳо муфид аст.Воқеан, маҳсулоти гуногуни истеҳсолнамудаи корхонаи «Шифочой» аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои саломатии мардум фоидаи калон дорад. Ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахши зарурӣ барои истеҳсоли чой дар шароити кӯҳистони Муъминобод асосан аз моҳи июн оғоз гардида, то сентябр идома меёбад. Бинобар ин дар фасли тобистон корхона боз 8 нафар кормандони мавсимиро ба кор ҷалб месозад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона соли гузашта то 40 000 қуттӣ расонида шуд. Бо зиёд шудани талабот ба маҳсулоти аълосифати корхона дар назар аст, ки истеҳсоли он боз ҳам зиёд карда шавад.
То соли 2015 растаниҳои ғизоӣ ва гиёҳҳои шифобахши ҷамъовардаи мардуми ноҳияи Муъминободро ширкатҳои дорусозии ҷумҳуриҳои Россия, Украина ва Белорусия бо нархҳои арзон харидорӣ карда, мебурданд. Баъди таъсиси корхонаи истеҳсолии «Шифочой» мо бозори истеъмолии худро бо чойи хушсифаттаъмин карда истодаем, аз таърихи таъсиси корхонаи «Шифочой» қисса мекунад гиёҳшиноси шинохта Саидаҳтам Акрамзода. Дар ҳақиқат растаниҳо ва гиёҳҳое, ки дар кӯҳистон мерӯянд, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, хосиятҳои зиёди табобатӣ доранд. Бинобар маълумотҳо дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 5 000 навъҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои гулдор нашъунамо меёбанд. Мавҷуд будани чунин захираю имкониятҳо барои истеҳсоли намудҳои гуногуни чойҳои хуштаъму баландсифат мусоидат менамояд. Маврид ба зикр аст, ки «Шифочой» албатта ҷои чойҳои хуштаъму хушбӯй, ки сифати баланд доранд ва ба кас ҳаловату таровати хос мебахшад, гирифта наметавонад, аммо шахсони гирифтори бемориҳои гуногун метавонанд онро ба ҷои чой истифода баранд. Бисёриҳо бар он назаранд, ки дар кишвари мо барои парвариш ва истеҳсоли растании чой иқлим ва шароити табиӣ чандон мусоид нест. Бигузор соҳибкорони ватании мо низ чойро ҳамчун маҳсулоти нимтайёр ба кишвар ворид намуда, истеҳсоли пурраи онро дар корхонаҳои навроҳандозӣ намоянд. Ин ҳам як падидаи нав дар рушди соҳаи саноат мегардад Дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026- ро Солҳои рушди саноат эълон намудаанд. Шояд бо дастгирию кумаки соҳибкорон ва ворид намудани технологияҳои наву замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ корхонаҳои ҷадиди саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои бастабандии чой бунёд гардида, даҳҳо нафар одамон соҳиби ҷойҳои нави корӣ шаванд.
Аъзам БОБОЕВ,
ноҳияи Муъминобод
Добавить комментарий
Ахбор
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД 13:19ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ 15:04ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД 14:48ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД 15:15ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД 11:33ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ 11:38ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ 11:25ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ" 10:51
Серхонандаҳо
НАМОИШГОҲИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ, САНОАТӢ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА ТАОМҲОИ МИЛЛИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЯК ВОЯИ GARDASIL САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОНРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАД
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бохтар. Бозсозии муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
РӮЗНОМАНИГОРИ БОХИРАДИ САДСОЛА
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
Иҷрои дурнамои ҷамъоварии пахта дар Леваканту Бохтар
КИТОБХОНАИ ОММАВИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАС АЗ БОЗСОЗӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ИСТИФОДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД