ТАШАББУСЕ, КИ ҚОБИЛИ ДАСТГИРИСТ
Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми масоили соҳаҳои халқи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Бахусус, ба рушди соҳаи маориф, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, дарёфту ҷустуҷӯи роҳу усулҳои навину шавқовари таълим, тарбияи мутахассисони варзида, ташаккули фарҳанги мутолиаи насли наврас, бо роҳ мондани озмунҳои гуногуне, ки дар қадрдонию ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷӯёни таълимгоҳҳо нақши муассир мебозанд, аз ҷониби Пешвои миллат дахл карда шуда, мулоҳизаву пешниҳодҳои судманд баён гардидаанд.
Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд, зеро пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи имрӯза дигаргуниҳои назаррасро ба вуҷуд оварда, аз муассисаҳои таълимӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати омӯзиши ин фанҳо талоши бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин амр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф ва густариш пайдо кардани усулҳои нави таълим дар макотиби олии мамлакат як падидаи тоза дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор меравад, ки алҳол дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар афзалиятҳои бештареро дар ин соҳа касб кардааст.
Мавриди қайд аст, ки дар марҳилаи ҳозира яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ба ин восита омода намудани мутахассисони ҷавони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.
Дар соли таҳсили 2018-2019 аксар факултетҳои донишгоҳ, бахусус факултетҳои физика, математика-информатика бо кабинету озмоишгоҳҳои нав ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳхазонида шуданд.
Дар самти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.
Соли 2019 бисту ҳашт нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд, ки дар байни онҳо шаш нафарашон вобаста ба илмҳои дақиқ ва риёзӣ мебошанд. Ин нишондод нисбат ба соли 2018 се маротиба зиёд мебошад. Боиси қаноатмандист, ки дар соли 2019 як нафар устоди факултаи математика-информатика- Шамсуддинов Ф. рисолаи докториро дар самти илмҳои дақиқ дифоъ намуд.
Дар соли сипаригашта корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯи 40 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 60 мавзӯъро дарбар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 765 номгӯйи кор, аз ҷумла 63 номгӯйи рисола, дастур, васоити таълимӣ ва барномаҳо, 300 номгӯйи мақолаҳо ҷамъбаст карданд ва дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 465 гузориш намуданд. Аз ҷумла, дар конференсияҳои байналмилалию маҷаллаҳои илмии хориҷи кишвар зиёда аз 50 гузоришу мақола нашр намудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки таваҷчуҳи довталабони зинаи магистратура ва докторантураи РhD ба ихтисосҳои равияи фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ бештар гардидааст, ки ин аз беҳтар гардидани вазъи таълими фанҳои дақиқ ва беҳтар гардидани базаи моддӣ-техникӣ, таъсиси кабинету озмоишгоҳҳои замонавии тахассусӣ дарак медиҳад.
Яке аз самтҳои асосии кори маҳфилҳои илмӣ ин иштироки донишҷӯён дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ мебошад. Моҳи марти соли 2019 озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин озмун аз донишгоҳи мо 8 донишҷӯ аз рӯи 12 ихтисос ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ғолибони озмуни мазкур ва роҳбарони онҳо бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2019» донишҷӯёни донишгоҳи мо 13 кор пешниҳод намуда, мақомҳои ифтихориро касб намуданд.
Далелҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки тамоюли иштирок дар озмунҳои гуногуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳ ривоҷу равнақи тоза касб намуда, характери устувори болоравиро дорад. Бо боварии том метавон гуфт, ки олимони ҷавон ва донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд ҳам дар озмунҳою чорабиниҳои илмии гуногун фаъолона ширкат варзида, сазовори дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав мегарданд.
Ҷ. ШАРИФОВ, профессори