ДӮСТИИ ОДАМ ВА МУШ
- Оҳ, дузди лаънатӣ! -гуфт Рӯзибою аз ҷо парида хеста, камонғулакашро, ки дар мехи сутуни айвони хона овезон буд, гирифта назди онҳо омад. Ҳозир ман ҷони ин дуздро бо ҳамин сангча ба ҷаҳаннам мефиристам.
Падарарӯсаш чолокона аз ҷояш хеста, дасти домодашро дошту хоҳиш намуд, ки андаке истад.
- Писарам, барои як тухм шуда махлуқеро беҷон кардан гуноҳ аст, - гуфт ӯ. Ҳозир ман ба шумо дӯстии мушро бо одамӣ нақл мекунам, баъд худат медонӣ, ки каламушро мекушӣ ё не.
Муш болои хавозаи ангур бозистода, гӯё ба суҳбати онҳо гӯш медод.
- Ман як вақтҳо, ки ҳатто оилаи ту, - ба Рӯзибой ишора карда гуфт падарарӯсаш, - ба дунё наомада буд, ба шароб дода шуда будам. Музди меҳнати якмоҳаамро дар се - чор рӯз бо ҳамқадаҳҳо сарфи ин зормонда мекардам. Баъд омада дар хона шӯри қиёматро мебардоштам. Падару модарам аз ин рафтори ман хаста шуда, дар шафати мағозаи сохтмонӣ бароям хонае хариданд, то азоби зиндагиро дида, ҳушам ба ҷояш ояд. Лекин каҷро гӯр рост мекунад гуфтагӣ барин аз одати бадам намондам.
Хулоса, модарарӯсат аз ҷангу ҷанҷолҳои ман монда шуда, бо се кӯдаки хурд ба хонаи волидонаш рафт. Рӯзе мастомаст омада, худро болои кӯрпача партофтам. Ҳар гоҳ ки бедор мешудам, ба ҷои об андак шароб нӯшида, пораи нони хушкеро ба даҳон мебурдам. Дар ин лаҳза хуморолуд дидам, ки мушаке аз нонҳои хушки дар наздам буда пораеро гирифта, ба сӯрохи хонааш бурд. Дар дил гуфтам, ки ҳама дӯсту рафиқ ва хешу ақрабо аз ман рӯй тофтанд. Шояд бо ҳамин мушак дӯстӣ пайдо карда, аз танҳоӣ раҳо ёбам?
Қандалотеро, ки дар ҷайбам барои газак нигоҳ медоштам, аз киса бароварда, сӯи мушак ҳаво додам. Аввал вай гурехта худро ба сӯрох ҷо намуду баъди чанде омада боэҳтиёт қандалотро бо дандонҳои тезаш газида, гирифта бурд. Муддате пас дар даҳонаш як даҳсӯмаи сурхи ҳамонвақтаи сурати Лениндорро кашолакунон оварда, лаби дастархон гузошт. Ҳамин тариқ, «додугирифт»- и мо оғоз гардид. Рафта - рафта бо ҳам унс гирифтем. Ҳар гоҳе ки ба ӯ донаи шоколаде тақдим мекардам, дар ивазаш бароям даҳсӯмаи шараққосӣ меовард.
Ба хотири дӯстии худ бо мушак аз одати бади шаробнӯшӣ халос шудам. Ҳамсару фарзандонам аз нав ба хона баргаштанд. Дар ҷои кор маро бригадири сохтмончиён таъйин намуда, маошамро баланд бардоштанд. Дар набудани ҳамсару фарзандонам, ки ба аёдати модару момои беморашон рафта буданд, рӯзе Сафаралии мудири мағозаи сохтмонӣ ба хонаам омад. Дастархонро оро дода, узр пурсидаю паи коре берун баромадам. Баъди баргаштан Сафаралиро дар остонаи дар дидам, ки рост меистод.
- Ман душмани туро, яъне дузди хонаатро ба қатл расонидам, - гуфт ҳавобаландона вай.
Мушаки рисқрасон, сабабгори аз майзадагӣ раҳо шуданамро дар пойгоҳи хона хуншор хобида дида, шах шуда мондам. Ба наздаш рафта, гӯё наздиктарин шахсамро кушта бошанд, дод зада гиря кардам. Мушакро болои дастам бардошта, ба рӯям мемолидаму ҳунгос мезадам. Сафаралии нобакор дар ин лаҳза аз хона пай канда буд, вагарна ҷазояшро медодам.
Бо навҳа мушакро ба қуттичаи оҳанине ҷо карда, бурда дар поёни ҳаётаи ҳавлӣ гӯр кардам. Ин воқеаро баъди аз аёдати модару бибияшон баргаштани завҷаю фарзандонам ба онҳо бо алам нақл кардам. Ба сари гӯри мушак рафта, ашк рехтанд, зеро бо ҳам сахт унс гирифта буданду ҷонвар аз онҳо намерамид. Ҳатто ба назди кӯдакон омада, мисли ҳайвонотҳои сирк ғел мезаду бо нағмаҳои аҷоиби худ онҳоро шод мегардонд. Албатта, дар ин лаҳзаҳо бемукофот намемонд. Бачаҳо ба вай ҳаргуна шириниҳою пораи панир медоданд, ки мушҳо одатан онро нағз мебинанд.
Сафаралии мудири мағозаи сохтмониро барои камомад ба ҳабс гирифтанд. Нобакор дар даст тасбеҳ гардонад ҳам, аз даҳ нӯҳро зада, ба яки мардум шарик мешуд. Мағозаро, ки ҳамшафати хонаи мо буд, бо аъзоёни бригадаам таъмир кардем. Чун фаршҳои биноро кандем, чи чизҳоеро, ки надидем, - сӯи домодаш маънидорона нигоҳ кард пирамард. Аз зери фарши ба хонаи мо наздикбудаи мағоза пули зиёде пайдо гардид. Аҷибаш ин буд, ки онҳо бо рангу шакл ва навъҳо аз ҳамдигар ҷудо - ҷудо тал чида шуда буданд. Доногию пулшиносии муши зирак асрореро мемонд, ки дар кушодани ин муаммо ақли кас намерасид. Шояд мушаки доно қасдан пулҳои мағозаро, ки Сафаралӣ бо фиребу найранг аз мардум мегирифт, чун товон дуздида бошад, то нобакор ба ҷазо гирифтор шавад. Охир, чашми тезбини вай аз тарқиш ҳама чизро медид - ку?
- Ё тавба, - гӯён Гадойбой аз ҳаяҷон сари зону бархост. Ҳамин тавр ҳам мешудааст - а ?
- Ана, ҳамин буд, бародарон, қиссаи дӯстии ман бо мушак, - даст болои китфи домодаш гузошт мӯйсафед.
Аз шунидани нақли ширини бобо ба куҷо ғайб задани каламуши балои хавозаи токро ҷонзоде пайхас накард. Камонғулак аз дасти Рӯзибой беихтиёр ба замин афтод…
Абдумалик ҲАКИМОВ