ПИРЯХҲО - ИНДИКАТОРИ ТАБИАТ

  
Пиряхҳо ҳамчун унсури муҳими табиат манбаи асосии оби ошомиданӣ маҳсуб меёбанд.  Ҳаҷми оби пиряхҳо 30 миллион км3 –ро ташкил медиҳад, ки ин баробари аз 2/3 ҳиссаи оби нӯшокӣ дар сайёраи замин аст. 
Донишманди рус В.В. Колесник соли 1939 ќабати барфу яхро хионосфера номида буд.  Мувофиқи маълумоти академик В.М. Котяков пиряхҳо метавонанд то 700 соли дигар дарёҳои оламро бо об таъмин намоянд.  
Майдони умумии пиряхҳои ҷазон ба 16 млн км2 мерасад. Бо ибораи дигар пиряхњо 11 фоизи сатҳи хушкиро ташкил медињад. Бо дарназардошти шароити иқлимӣ ва орографӣ пиряхҳо дар сатҳи хушкӣ нобаробар ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, 98 дарсади пиряхҳо дар минтақаҳои қутбӣ ва наздиқутбӣ воқеанд.
   Вобаста ба ин масоҳати пиряхҳои материкӣ ва ҷазиравӣ нисбат ба пиряхҳои кӯҳӣ бештаранд. Яхбандии кӯҳӣ ҳамагӣ 1,5 фоизи майдони пиряхҳои ҷаҳонро ташкил медиҳад.
   Бояд гуфт, ки пиряхҳо дар давраҳои гузаштаи геологт низ мавҷуд буданд.  Яхбандиҳои аз ҳама  қадимтарин дар таърихи геологии сайёраи Замин 2 миллиард сол пеш (дар даҳри протерозой) ба амал омадаанд. Чунин яхбандињо дар давраҳои палеозой ва мезозой ҳам ба қайд гирифта шудааст. Дар таърихи геологии Замин яхбандии аз ҳама бузургтарин дар давраи чорумин (даҳри кайнозой) ба амал омадааст, ки бо номи яхбандии бузурги чорумин маълум аст. Майдони яхбандии бузург 45 миллион км2 (30 фоизи сатҳи хушкӣ) ташкил медод ва асосан Нимкураи Шимолии сатҳи Заминро фаро гирифта буд. Чунин яхбандии бузургро таърихи геологии замин то ҳанӯз ёд надорад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои бузурги яхбандии љањон ба ҳисоб меравад. Аз рӯйи маълумоти пиряхшиносон дар қаламрави  ҷумҳурӣ 8492 пирях мавҷуд буда,  майдони онҳо ба 8,5 ҳазор км2  мерасад.
 Ҳаҷми оби пиряхҳо  475 км3 –ро ташкил медиҳад. Қисми зиёди онҳоро пиряхҳои миёна ва хурд дар бар мегиранд. Пиряхҳои калон 18-тоанд. Пиряхҳо аз баландињои 3800 то 5200м паҳн шудаанд. Аз ҷиҳати морфологӣ пиряхҳоро ба чор навъ тақсим мекунанд: водигӣ, карагӣ, овезон ва нишебии кӯҳҳо.
   Қаламрави Тоҷикистон ба се ноҳияи яхбандӣ ҷудо карда мешаванд. Ноҳия якуми яхбандӣ қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо,  Пётри якум, Ванљ ва Дарвозро дар бар мегирад. Ба  ноњияи дуюми яхбандӣ қаторкӯҳҳои Паси Олой ва Зулумарт тааллуқ доранд. Ноҳияи сеюми яхбандӣ минтақаи Зарафшонро (қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон ва Олой) фаро мегиранд. Пиряхњо дар ҳавзаи дарёҳои Қаратоғ, Панҷ,  Кофарниҳон, Сурхоб, Обихингоб, Муқсу, Ванљ, Язғулом, Бартанг, Мурғоб, Ғунд,  Қизилсу ва Зарафшон ҷойгир шудаанд. Аз ҷиҳати теъдоди пиряхҳо ҳавзаи Дарёи Ғунд (1349) дар ҷойи якум, дарёи Муқсу (1004) ҷойи  дуюм ва дарёи Мурғоб (879) адад дар ҷойи сеюм қарор дорад. 
   Мавриди зикр аст, ки таҳқиқотҳои глятсиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 70 – ум ва 80-уми асри ХХ рост меоянд. Дар омўзиши пиряхњои Тоҷикистон олимони зерини рус нақши муҳим доранд- Вернакова Г.М., Забиров Р.Д., Канаев Л.А., Квачев В.И., Кузнетсов Н.А., Насиров М.А., Осипова Г.Б., Станюкович К.В., Шетинников А.С. ва амсоли онҳо. 
  Омӯзиши ҳаматарафаи пиряхҳои Тоҷикистон маҳз дар солҳои Истиқлолият амалӣ гардид. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши пиряхҳо» (соли 2018) таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро донишманди тоҷик, профессор Абдулҳамид Қаюмов ба уҳда дорад. Кормандони ин Марказ экспедитсияњои илмӣ ташкил намуда, ҳолати пиряхҳоро доимо мушоҳида менамоянд. Онҳо тавассути аксҳои кайҳонӣ ва насб кардани таҷҳизоти навин дар пиряхҳо вазъи пиряхҳоро таҳқиқ мекунанд. 
   Маълумоти палеогеографӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар қаламрави Тоҷикистон дар марҳилаи яхбандии қадима (тибқи ҳисоби А.К. Трофимов) ба қайд гирифта шудааст. Марҳилаи якуми яхбандӣ Тупчак  ва марҳилаи дуюм Лахш номгузорӣ шудаанд, ки онҳо дар давраи чорумини поёнӣ ва миёна ба амал омадаанд.
  Аз рўи ҳисобу китоби муҳаққиқон- К.Ф. Станюкович ва В.М. Рейман майдони яхбандии қадимаи Тупчак ба 29570 км2  ва Лахш ба 24860 км2 мерасидааст. Яъне, масоњати яхбандии қадима аз ҳозира 3 маротиба беш будааст. Чи тавре, ки муҳаққиқон қайд мекунанд, пиряхҳои он давраҳо ниҳоят бузург будааст. Масалан, дарозии пиряхи Федченко ва Зарафшони имрӯза мутаносибан 171 км ва 104 км дарозӣ доштанд. 
  Майдони яхбандии имрӯзаи Тоҷикистон осори ками яхбандии қадима ба ҳисоб меравад. Дар тӯли даҳҳо ҳазор сол масоҳати яхҳо кам гардиданд. Ба ин таҳнишастҳои пиряхӣ (моренаҳо) шаҳодат медиҳанд. 
Пиряхҳо – индикатори табиат буда, тағйирёбии иқлимро муайян мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба тамоми унсурҳои табиат таъсир мерасонад. Обшавии пиряхҳо гувоҳи ин гуфтаҳост. Гармшавии иқлим бештар дар ноҳияҳои қутбӣ ва назди қутбӣ эҳсос мешаванд. Аз љумла, деградатсияи яхҳои Арктика идома доранд ва онњо бошиддат об шуда истодаанд.
 Таҳқиқоти олимон ва коршиносон гувоҳӣ дедиҳанд, ки майдони яхҳо дар кӯҳҳои Алп, Тиёншон, Қафқоз, Тибет, Ҳимолой ва ғайраҳо коҳиш ёфта истодаанд. Чунин ҳолат дар ҷумҳурии мо низ ба мушоҳида  мерасад. Оид ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ иброз дошта буданд, ки дар садсолаи охир дар кишвар беш аз 1000 пиряхҳои хурд нобуд гардидаанд. 
  Пиряхи бузургтарини Тоҷикистон – Федченко аз солҳои 70 – уми  асри  ХХ то ҳоло 1-1,5 км2 об шудааст. Пиряхи Гармо аз соли 1932 то 2005 то 7 км кутоҳ шудааст. Чунин њодисаи деглятсионӣ дар дигар пиряхҳои кишвар ба назар мерасад. 
  Дараҷаи коҳишёбии пиряхҳо вобаста ба баландии сарҳади барфӣ, иқлим, ва мавқеи географӣ гуногун аст. Масалан, аблятсияи (обшавии) пиряхҳои минтақаи Зарафшон нисбат ба Помири Шарқи бештар аст, чунки пиряхҳои Зарафшон нисбат ба Помир пасттар (3800- 4500м)  воќеъ аст ва бодњои ѓарбї аввалин шуда ба ин мавзеъ омада мерасанд. Дар Помири Шарқӣ пиряхҳо баландтар (4000-5500м) љойгир шуда, аз атроф бо кӯҳҳои баланд иҳота гардиданд, ки дохилшавии ҷараёнњои ҷаворо нигоҳ медоранд. 
  Тибқи пешгўйии иқлимшиносон то соли 2050 ҳарорати миёнаи солона то 1, 8 - 2, 90 С баланд мегардад.  Вобаста ба ин, аз байн рафтани пиряхҳое, ки то 1 км2   масоҳат доранд, аз эҳтимол дур нест. Солҳои охир камшавии майдони пиряхҳо ва обшавии босуръати онҳо оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ доранд.
  Норасоии оби ошомиданӣ, пастшавии маҳсулоти кишоварзӣ, авҷгирии фақр, доман паҳн кардани бемориҳои сирояткунанда ва ғайраҳо номгўйи нопурраи паёмадҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва коҳишёбии босуръати пиряхҳо ба ҳисоб меравад. 
  Оқибатҳои экологии он низ ташвишовар аст,  аз ҷумла ба амал омадани селҳо ва обхезиҳои шиддатнок мисоли ин гуфтаҳост. Бояд гуфт, ки 80 фоизи дарёҳои Тоҷикистон аз пиряхҳо сарчашма мегиранд.  Камшавии майдони пиряхҳо метавонад ба сарчашмаҳои обии тамоми Осиёи Миёна таъсири манфии худро расонад. 
  Дар натиҷаи деградатсияи пиряхҳои кишвар кўлҳо ва релефи пиряхӣ ба амал омадаанд. Алалхусус, кўлҳое, ки дар натиҷаи кори геологии пиряхҳо пайдо мешаванд барои маҳалҳои аҳолинишин хатароваранд.  Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ин ҳифзи пиряхҳо маҳсуб меёбад. 
Баҳри ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои зеринро бояд роҳандозӣ кард:
1.Кам кардани партови газҳои гулхонаӣ (парникӣ) ба атмосфера.
   Оид ба ин масъала даҳҳо ҳамоишҳои илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардиданд ва то ҳанўз натиҷае надодаанд. Маълум аст, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар партоби ин газҳо ба ҳаво ниҳоят ночиз аст, аммо табиат сарҳад надорад. Ҷараёнҳои ҳаво ба масофаи ҳазорҳо километр ин гуна газҳоро бурда метавонанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар Тоҷикистон «иқтисодиёти сабз» ва «энергияи сабз» роҳандозӣ мегардад. 
Афзоиш додани майдони ҷангалзорҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо, истифодаи оқилонаи обҳои ҷорӣ,  роҳандозӣ намудани «иқтисодиёти сабз» ва «энергияи сабз», ҷорӣ намудани обдиҳии қатрагӣ дар соҳаи кишоварзӣ,  баланд бардоштани фарҳанги истифодабарии об, таъсис додани мамнуъгоҳҳои глятсиологӣ (пиряхӣ).
  
 Ҷумахон БАРОТОВ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  
  

Похожие новости:
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Хуросон ва ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий