Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
27 янв 10:46Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз!

Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати хирадмандонаю фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр идҳои қадимаю миллии халқамон, аз ҷумла ҷашни Сада аз нав эҳё гардид.
Доир ба таъриху пайдоиш ва ҷашнгирии ин иди қадимаи аҷдодиамон суҳбате оростем бо чанд нафар зиёиён, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони маҷалла менамоем.

Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла. дар фарҳанги “Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад”. Ин бешак ишора ба ҷашни Сада аст.
Бино ба маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз “Зайн-ул-ахбор”), ки сабаби Сада ном ниҳодани ҷашнро, “миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне 50 рӯзу 50 шаб”.
Дар фарҳанги “Сироҷ-ул-луғат”-и Сироҷиддин Алихон Орзӯ омадааст: “Сада даҳуми рӯзи баҳман: чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда”.
Ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар достони “Ҳушанг” боби махсусеро бо унвони “Бунёд ниҳодани ҷашни Сада” эҷод кардааст ва ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанг нисбат медиҳад.
Боре Ҳушанг бо чанд тан навкарони хеш аз наздики кӯҳе гузар мекарданд, ки баногоҳ бо аждаҳои азиме дучор омаданд. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба аждаҳо ҳуҷум мекунад. Ҳарчанд аз зарбаи ӯ аждаҳо кушта намешавад, вале аз бархӯрдани санг ба санги дигар оташак падид меояд. Ҳушанг ба хотири алангаи пайдогардида ҷашни Садаро таҷлил менамояд.
Мувофиқи нигориши Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” шоҳ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳаким Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин тасвир намудааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи “Шаби сурӣ” оташи калоне фурӯзон карда мешуд, ва он ҷашни Садаро хотирнишон мекард. Ҷашни Сада дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои роҳи Абрешим паҳн мегардад.
Дар аҳди қадим ҷашни Сада барои кишоварзон аз оғози кишту кор пайғом медод ва ба хотири тағйирёбии ҳолатҳои табиат ва ба муносибати наздик омадани ҷашни Наврӯз доир мегардид.
Ҷашни Сада дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон бо номи “Иди сари сол” низ ёд мешавад. Аз ин рӯ, мардум баъди ҷашн гирифтани иди Сада кӯшиш менамуданд, ки тамоми шароиту имкониятҳоро барои пурфайзу бобаракат гардонидани кишти зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини ҳосили фаровони зироатҳо фароҳам оваранд.
Дар асрҳои миёна, махсусан дар замони Сомониён ҷашни Сада хеле бошукўҳ ва ботантана таҷлил мегардид. Ҳангоми гузаронидани ин ҷашнҳо амирони Сомонӣ дар қасрҳои хеш базмҳо меоростанд ва беҳтарин шоирон дар васфи Сада, Наврӯз ва Меҳргону Тиргон қасидаҳо месуруданд.

Ҳаким Фирдавсии бузург низ дар “Шоҳнома”-и безаволаш дар бораи давлати қадимаи Бохтар ва пайдоиши идҳои миллии Наврӯз, Меҳргон, Садаву Тиргон маълумоти муфассал додааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҷашнгирии идҳои таърихӣ бо ивазшавии фаслҳои сол дар замин ва гардиши сайёраҳо дар коинот иртиботи қавии илмӣ доранд. Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, таърихи пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ мерасад.
Бо пайдо гардидани оташ ва муқаддас донистани он мардум иди Садаро ҷашн гирифтанд. Ҷашни Сада ифодагари рамзи ҷовидонагии хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад ва ба зиндагии инсону робитаи ӯ бо табиат иртиботи қавӣ дорад. Оташ ва рӯшноӣ дар оини зардуштӣ ҳам ҷойгоҳи хоса дошт. Чуноне ки Фирдавсӣ дар ин маврид дар “Шоҳнома” овардааст:
Мапиндор, ки оташпарастон буданд,
Парастандаи Яздони пок буданд.
Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ ҷашни Сада дар замони ҳукмронии Ғазнавиён низ бо шукўҳу шаҳомати баланд баргузор мешудааст. Аз ҷумла, оид ба ин мавзӯъ Манучеҳри Домғонӣ дар бораи ҷашни Сада овардааст:
Омад, эй Сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Ҷашни Сада баробари дигар идҳои миллӣ яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёинажод ба шумор меравад. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ин мероси маънавии аҷдодӣ аз нав эҳё гардида, бо тамоми расму оини ниёгон таҷлил мегардад. Боиси ифтихор аст, ки гузаштагони соҳибтамаддунамон ин гуна идҳои зебою мондагорро ба мо мерос гузоштаанд.
Омодасоз: Аъзам Бобоев
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад