Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Назира
Саҳаргоҳон вақте ки аз кӯчаи марказии шаҳр ба мактаб мерафт, бонувонро, ки бо либосҳои зебои корӣ ба Неругоҳ ба кор мерафтанд, дида ҳавасаш меомад. Директори мактаб Абдулло Юсуфов гӯё аз нияти Назира огаҳӣ дошта, рӯзе ӯро ба ҳуҷраи кориаш даъват карда гуфт: - Духтарам, ту яке аз духтарони фаъоли мактабӣ.
Медонам, ки аз ҳамаи фанҳо дониши хубу аъло дорӣ. Бо волидонат маслиҳат кун, агар розӣ шаванд, ҳуҷҷатҳоятро ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон супор. - Майлаш устод, -гуфт Назира ва аз ҳуҷраи кории директор берун баромад. Маслиҳат кардагӣ барин падару модар ҳам интихоби духтарашонро пазируфтанд. Ҳамин тавр, Назира Мираҳмадзода баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Норак тибқи Квотаи президентӣ ба факултаи электромеханика, иқтисод ва сохтмони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дохил шуд. Воқеан ҳам ӯ дар интихоби касб хато накард, зеро дар шаҳр ду НБО-и бузург фаъолият доранду ба касби энергетик мисли «обу ҳаво» ҳамеша зарурат боқӣ мемонад. Падару модар бо сад умеду ҳавас ва орзуҳои нек духтарашонро барои идомаи таҳсил ба шаҳри Бохтар гусел намуданд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён) яке аз муассисаҳои олии навтаъсис ва ягона мактаби олиест, ки барои кишварамон мутахассисони соҳаи энергетикаро омода менамояд. Ҳанӯз аз оѓози таҳсил дар донишкада ӯ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ва пешсаф муаррифӣ намуда, бо дониши баланд ва ахлоқи ҳамида намунаи ибрати дигарон гардид. Дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятии донишкада фаъол ва ба қавле «гули сари сабад»-и маҷлисҳо буд. Бо иштироки фаъолонааш дар озмуну олимпиадаҳо байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро муаррифӣ мекард. Ҳамчун донишҷӯи фаъол ва навовару ташаббускор якчанд бор дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки бонувон аз уҳдаи касбҳои энергетик, муҳандис, механик, меъмор, сохтмончӣ ва корманди неругоҳҳои барқии обӣ баромада наметавонанд. Қаҳрамони матлаби мо Назира Мираҳмадзода бошад, мегӯяд, ки занону духтарон ҳам метавонанд бо дониши баланд, иродаю ҷасорат ва масъулиятшиносӣ аз уҳдаи иҷрои ҳамаи касбу ҳунарҳо бо сарбаландӣ бароянд. Солҳои таҳсил дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамроҳи Назира боз 24 нафар духтарон аз шаҳру навоҳии мамлакат дар факултаҳои гуногун таҳсили илм доштанд. Назира вазифаи раиси Шурои духтарони донишкадаро ба уҳда дошт. Тавассути гузаронидани корҳои тарбиявӣ, тарѓиботӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ духтарони донишкада таҳти сарварии Назира дар чандин озмунҳо байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ѓолиб омаданд. Назира аз устодону мутахассисони соҳа дониши хуби амалию назариявӣ гирифта, баъди хатми курсҳои сеюму чорум ба НБО Норак ва Бойѓозӣ барои таҷрибаомӯзӣ меомад. Соли 2018 донишкадаро бомуваффақият ва сарбаландона хатм намуда, бо роҳхати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба Неругоҳи овозадори барқии обии Норак ба кор омад. Дониши баланди назариявӣ, мушкилнописандӣ ва масъулиятшиносии хос, ки дошт, аввал ӯро ба ҳайси назоратчии дараҷаи сеюми коргоҳи гидротехникӣ ба кор қабул карданд. Ҳар субҳи босафо бо рӯҳбаландӣ ва дили гарм ҳамроҳи коргарон ба неругоҳ ба кор рафта, донишҳои омӯхтаашро ба амалия мепайваст. Аз муҳандисони дараҷаи якуми коргоҳи гидротехникии неругоҳ Беҳрӯз Набиев, Файзулло Саъкор карда истода, ҳамзамон, ба 10 нафар шогирдон касб меомӯзад.
Дар неругоҳи овозадори мо, -мегӯяд Назира, 163 нафар занону духтарон сарбаландона фаъолият доранд. Онҳо дар ҳамаи самтҳои кори неругоҳ баробари мардон пешсафу фаъоланд ва қувваи асосию пешбарандаи неругоҳ маҳсуб меёбанд. Дар пайи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳи мо ба рушди варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда коргарон баъди анҷоми кор ва рӯзҳои истироҳат ба варзиш машѓул мешаванд. Махсусан волейбол ва шоҳмот байни коргарон шуҳрати зиёд касб намудааст. Соли гузашта дастаи духтаронаи волейболбозони НБО Норак, ки Назира низ узви он аст, байни дастаҳои волейболбозони шаҳр ѓолиб омада, соҳиби ҷоизаи раиси шаҳр гардид. -Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст. Барои татбиқи ин пешниҳод мо коргарони неругоҳ саҳми арзандаи хешро мегузорем. Зеро барои рушди саноат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат яке аз омилҳои асосӣ ин ҳарчӣ зиёдтар истеҳсол намудани қувваи барқ аст, - мегӯяд Назира.
Имрӯзҳо дар НБО-и Норак корҳои азнавсозии таҷҳизоти корхона бомаром идома дорад. Инчунин коргарони неругоҳ соли равон 50- солагии ба истифода додани (агрегати) чархаи аввалини неругоҳро ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки чархаи нахустини НБО-и Норак 15-уми ноябри соли 1972 ба истифода дода шудааст. Коргарони неругоҳ барои истиқболи арзандаи ин ҷашни фархунда бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ бо рӯҳбаландии бепоён меҳнат карда истодаанд. Назира орзуҳои наву зиёде дошта, иброз медорад, ки ҳар фарди худогоҳ бояд барои расидан ба орзуҳои нек, барои фатҳи қуллаҳои мурод ва хизмати содиқона ба халқу Ватан пайваста заҳмат кашад. Ӯ ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизу биҳиштосо, ҳаёти хушу гуворо ва зиндагии шоистаи халқи куҳанбунёдамон назари нек дорад. Тоҷикистони азиз ва ҳар қатраи оби он ва пораи хоки онро азизу муқаддас медонад ва ба мисраъҳои шеърии устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ ҳамфикру ҳамнаво аст:
Адои қатраи обам, ки дарё шавад рӯзе,
Фидои зарраи хокам, ки дунё шавад рӯзе.
Аъзам БОБОЕВ, шаҳри Норак
Медонам, ки аз ҳамаи фанҳо дониши хубу аъло дорӣ. Бо волидонат маслиҳат кун, агар розӣ шаванд, ҳуҷҷатҳоятро ба Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон супор. - Майлаш устод, -гуфт Назира ва аз ҳуҷраи кории директор берун баромад. Маслиҳат кардагӣ барин падару модар ҳам интихоби духтарашонро пазируфтанд. Ҳамин тавр, Назира Мираҳмадзода баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Норак тибқи Квотаи президентӣ ба факултаи электромеханика, иқтисод ва сохтмони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дохил шуд. Воқеан ҳам ӯ дар интихоби касб хато накард, зеро дар шаҳр ду НБО-и бузург фаъолият доранду ба касби энергетик мисли «обу ҳаво» ҳамеша зарурат боқӣ мемонад. Падару модар бо сад умеду ҳавас ва орзуҳои нек духтарашонро барои идомаи таҳсил ба шаҳри Бохтар гусел намуданд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён) яке аз муассисаҳои олии навтаъсис ва ягона мактаби олиест, ки барои кишварамон мутахассисони соҳаи энергетикаро омода менамояд. Ҳанӯз аз оѓози таҳсил дар донишкада ӯ худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ва пешсаф муаррифӣ намуда, бо дониши баланд ва ахлоқи ҳамида намунаи ибрати дигарон гардид. Дар баргузории ҳама гуна чорабиниҳо ва корҳои ҷамъиятии донишкада фаъол ва ба қавле «гули сари сабад»-и маҷлисҳо буд. Бо иштироки фаъолонааш дар озмуну олимпиадаҳо байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро муаррифӣ мекард. Ҳамчун донишҷӯи фаъол ва навовару ташаббускор якчанд бор дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки бонувон аз уҳдаи касбҳои энергетик, муҳандис, механик, меъмор, сохтмончӣ ва корманди неругоҳҳои барқии обӣ баромада наметавонанд. Қаҳрамони матлаби мо Назира Мираҳмадзода бошад, мегӯяд, ки занону духтарон ҳам метавонанд бо дониши баланд, иродаю ҷасорат ва масъулиятшиносӣ аз уҳдаи иҷрои ҳамаи касбу ҳунарҳо бо сарбаландӣ бароянд. Солҳои таҳсил дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ҳамроҳи Назира боз 24 нафар духтарон аз шаҳру навоҳии мамлакат дар факултаҳои гуногун таҳсили илм доштанд. Назира вазифаи раиси Шурои духтарони донишкадаро ба уҳда дошт. Тавассути гузаронидани корҳои тарбиявӣ, тарѓиботӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ духтарони донишкада таҳти сарварии Назира дар чандин озмунҳо байни донишҷӯёни макотиби олии кишвар ѓолиб омаданд. Назира аз устодону мутахассисони соҳа дониши хуби амалию назариявӣ гирифта, баъди хатми курсҳои сеюму чорум ба НБО Норак ва Бойѓозӣ барои таҷрибаомӯзӣ меомад. Соли 2018 донишкадаро бомуваффақият ва сарбаландона хатм намуда, бо роҳхати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба Неругоҳи овозадори барқии обии Норак ба кор омад. Дониши баланди назариявӣ, мушкилнописандӣ ва масъулиятшиносии хос, ки дошт, аввал ӯро ба ҳайси назоратчии дараҷаи сеюми коргоҳи гидротехникӣ ба кор қабул карданд. Ҳар субҳи босафо бо рӯҳбаландӣ ва дили гарм ҳамроҳи коргарон ба неругоҳ ба кор рафта, донишҳои омӯхтаашро ба амалия мепайваст. Аз муҳандисони дараҷаи якуми коргоҳи гидротехникии неругоҳ Беҳрӯз Набиев, Файзулло Саъкор карда истода, ҳамзамон, ба 10 нафар шогирдон касб меомӯзад. Дар неругоҳи овозадори мо, -мегӯяд Назира, 163 нафар занону духтарон сарбаландона фаъолият доранд. Онҳо дар ҳамаи самтҳои кори неругоҳ баробари мардон пешсафу фаъоланд ва қувваи асосию пешбарандаи неругоҳ маҳсуб меёбанд. Дар пайи амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар неругоҳи мо ба рушди варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда коргарон баъди анҷоми кор ва рӯзҳои истироҳат ба варзиш машѓул мешаванд. Махсусан волейбол ва шоҳмот байни коргарон шуҳрати зиёд касб намудааст. Соли гузашта дастаи духтаронаи волейболбозони НБО Норак, ки Назира низ узви он аст, байни дастаҳои волейболбозони шаҳр ѓолиб омада, соҳиби ҷоизаи раиси шаҳр гардид. -Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022- 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст. Барои татбиқи ин пешниҳод мо коргарони неругоҳ саҳми арзандаи хешро мегузорем. Зеро барои рушди саноат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат яке аз омилҳои асосӣ ин ҳарчӣ зиёдтар истеҳсол намудани қувваи барқ аст, - мегӯяд Назира.
Имрӯзҳо дар НБО-и Норак корҳои азнавсозии таҷҳизоти корхона бомаром идома дорад. Инчунин коргарони неругоҳ соли равон 50- солагии ба истифода додани (агрегати) чархаи аввалини неругоҳро ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки чархаи нахустини НБО-и Норак 15-уми ноябри соли 1972 ба истифода дода шудааст. Коргарони неругоҳ барои истиқболи арзандаи ин ҷашни фархунда бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ бо рӯҳбаландии бепоён меҳнат карда истодаанд. Назира орзуҳои наву зиёде дошта, иброз медорад, ки ҳар фарди худогоҳ бояд барои расидан ба орзуҳои нек, барои фатҳи қуллаҳои мурод ва хизмати содиқона ба халқу Ватан пайваста заҳмат кашад. Ӯ ба ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони азизу биҳиштосо, ҳаёти хушу гуворо ва зиндагии шоистаи халқи куҳанбунёдамон назари нек дорад. Тоҷикистони азиз ва ҳар қатраи оби он ва пораи хоки онро азизу муқаддас медонад ва ба мисраъҳои шеърии устоди зиндаёд Гулназар Келдӣ ҳамфикру ҳамнаво аст:
Адои қатраи обам, ки дарё шавад рӯзе,
Фидои зарраи хокам, ки дунё шавад рӯзе.
Аъзам БОБОЕВ, шаҳри Норак
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


