Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Солимӣ Дарунравӣ ва роҳҳои табобати он.
Бо фарорасии фасли гармо бемориҳои мавсимӣ низ авҷ мегиранд. Яке аз ин бемориҳо сирояти шадиди меъдаю рӯда дар байни калонсолон ва кӯдакон мебошад, ки барангезандаҳои дарунравӣ бактерия ва вирусҳое ҳастанд, ки ба меъдаю рӯдаи инсон ба воситаи дастҳои ифлос дохил мешаванд.Аммо бештари волидайн ба ҳолати кӯдак аҳмияти ҷидди надода, онро ба дандонбарории кӯдак рабт медиҳанд, ки оқибати ногувор дорад. Фавти кӯдакон аз ин гуна бемориҳо дар ҷои аввал меистад. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ҳангоми мушоҳидаи аввалин ҳолати шикамравии кӯдак сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд.
Нишонаҳои бемории дарунрави кадомҳоянд?
- Наҷосати обакии чандкарата дар муддати кӯтоҳ.
- Наҷосати хунин.
- Дилбеҳузур шудани кӯдак ва пай дар пай партофтан
- Баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак
- Кӯдак аз хӯрок хурдан даст кашад.
Дарунрави бадани кӯдакро дар муддати кӯтоҳ камоб мегардонад.
Ба кӯдакон ҳангоми дарунрави чи бояд диҳем?
Ба кӯдакони синнашон то 6 моҳа:
Тез – тез шабу рӯз шири сина макондан;
Оби ҷӯшонидаи ширгарм додан;
Маҳлули регидрататсионии даҳонии ( регидрон) диҳед:
Нигоҳубини кӯдакони бемор диққати ҷиддиро талаб мекунад. Ба кӯдакони синнашон аз шашмоҳа боло аз ҳар вақта бештар шири сина макондан лозим аст. Инчунин маҳлули регидрон диҳед. Истеъмоли ҷурғот низ аз манфиат холи нест. Ҳангоми дарунрави ба кӯдакон дар як рӯз на камтар аз 6 маротиба миқдори кофии хӯроки ҳархела додан лозим аст, то ин ки моддаҳои ғизодиҳандандаро дар ҷисми кӯдак ва вазни ӯро нигоҳ дорад.
Бе тавсияи кормандони тиб ба кӯдаки бемор ягон гуна дору ғайр аз ОРС надиҳед.
Тарзи тайёр кардани маҳлули регидрататсионии даҳони ( регидрон).
Як халтача ОРС – ро кушода, хокаи онро ба банкаи 1 л андозед ва 1 л оби ҷӯшонидашудаи ширгармро илова кунед. Онро то ҳал шудани хока омехта кунед. Маҳлули тайёршударо фақат то 24 соат истифода баред. ОРС - ро ба кӯдак то қатъ шудани дарунрави додан лозим аст.
ОРС – ро ба кӯдак тавр додан лозим аст?
ОРС- и тайёршударо ҳар 2 дақиқа бо қошуқча ба кӯдак диҳед. Барои кӯдакони то синни 24 моҳа 50- 100 мл ( чоряк ё ним пиёла )
Ба кӯдаки синнаш аз 2 сола боло:
Аз 1 то 2 пиёла ( 100 – 200 мл ) баъд аз ҳар дарунрави нӯшонед. Агар баъд аз истеъмоли ОРС кӯдак қай кард, то 10 дақиқа сабр кунед, баъд аз он оҳиста- оҳиста боз бинӯшонед.
Чи тавр пеши роҳи дарунравиро гирифтан мумкин аст?
Шаш моҳи аввал ба кӯдак фақат хӯроки навтайёркардашуда ва оби тозаи ҷӯшонидашуда диҳед;
Ҳангоми тайёр кардани ғизо ва додани таом ба кўдак аз зарфҳо, пиёлаҳо ва қошуқчаҳои тоза истифода баред;
Дастҳоятонро пеш аз тайёр кардан ва хӯрдани хӯрок ва пас аз қазои ҳоҷат бо собун бишӯед ( ҳама аъзоёни оила );
Тавре дар боло қайд намудем волидонро мебояд, ки гигенаи шахсии кӯдаконро ҳатман риоя намоянд, тарзи дурусти ҳаёти солимро пеш баранд кӯшиш намоянд, ки ба кӯдакони худ хӯрокҳои серғизо диҳанд ва онҳоро пайваста ба варзиши бадан талқин намоянд.
Балхиё Ҳақназарзода, Директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН


