Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
НАХУСТИН ФЕСТИВАЛИ "ДОНИШ ВА НАВОВАРӢ БАРОИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ" ДАР ХАТЛОН
Имрӯз аввалин бор дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Бохтар фестивали "Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот" ба кори худ оғоз намуд.
Ин тадбир ба Рӯзи байналмилалии занони деҳот, ки ҳамасола дар ҷаҳон 25-уми октябр таҷлил карда мешавад, бахшида шудааст.
Нахуст, намоиши маҳсули дасти занон соҳибкор, муаррифии маҳсулоти қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзию сармоягузорӣ барпо гардид.
Фестивалро бо сухани ифтитоҳӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид оғози расмӣ нэбахшида, зикр дошт, ин ин чорабинии бошукӯҳ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар самтҳои мухталиф, хусусан соҳибкорӣ роҳандозӣ гардида, бори нахуст дар вилояти Хатлон баргузор гашта истодааст.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вазорату кумитаҳои дахлдор, шарикони рушд ва занону бонувони деҳот аз 25 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Зимни баромади худ раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз дастгириҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, дар фестивал ба ҷамъомадагон мужда дод, ки ҳаҷми умумии гранти раиси вилоят ба соҳибкорзанон аз соли 2024 якбаробар зиёд карда мешавад.
Дар идома роҳбари вилоят оид фаъолияти низоми бонкӣ сухан ронда, ҳаҷм ва фоизи қарзҳои пешбинишударо ба занон ғайриқаноатбахш номид.
Ӯ аз аз заҳмати занони деҳот дар соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан арсаи кишоварзӣ тавсиф намуда, таъкид дошт, ки бояд мо фаъолияти самаровари занонро қадр намоем ва онҳоро аз ҷиҳати иқтисодӣ ёрӣ расонем.
Ҳамчунин дар фестивали "Дониш ва навоварӣ барои занони деҳот" Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ, Кевин Дин, муовини роҳбари намояндагии USAID, Вулт Хенрик Горетский, директори Барномаи GIZ дар Тоҷикистон, Олег Гуҷгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Родора Консепсион, роҳбари шуъбаи идоракунии лоиҳа дар Тоҷикистон (ADB) ва занону кишоварзони фаъол ба сухан баромада, тадбири номбурдаро хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Фестивал идома дорад.
Амонҷон Маҳкамов
"САФО"
Аксҳо аз Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ
Добавить комментарий
Ахбор
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД 16:35АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД





